МЕҲНАТ – САРЧАШМАИ КОМЁБИҲО

Ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ ин дафъа Асадулло аз пойтахти мамлакат бо нишони сарисинагии «Илғор фермер» баргашт. Дӯстону наздикон ӯро бо ин комёбии меҳнатиаш муборакбод гуфтанд.

Вай субҳи бармаҳал бо табъи болида сӯи саҳро раҳсипор гардид. Қитъаҳои аз оби чилла шодобгардидаро дида хотираш ҷамъ шуд. Охир ҳама кор вақту мавсим дорад. Аз майдоне, ки аз оби чилла сер нашудааст, умед кардани ҳосили дилхоҳ хатост. Ҳама ҳам меҳнат мекунад, муҳимаш ҳар кор бояд дар мавридаш сурат гирад. Заминҳое, ки чиллаоб хӯрдаанд аз шӯрӣ халос шуда намашон то фаро расидани мавсими киштукор пойдор мемонад. Инро деҳқонон дар фаъолияти худ борҳо санҷидаанд. Сардори хоҷагии фермерӣ болои роши ғаллазор рост истода ба дуриҳо менигарист. Нашъунамои пуравҷи майсаҳои гандум ба дилаш фараҳ меовард. Асадулло оҳиста қадам мегузошту аз лаппиши об ва мавҷҳои рӯи он чашм намеканд. Мавҷи хотираҳои ширин вайро ба оғӯш мегирифтанд.
Дар шаҳраки Вобканд Ҳасан Мирзоев ва Робия Нурмуродова ҳафт фарзандро тарбия карда ба воя расонданд. Асадулло панҷумини онҳо буд. Хонадони пурфайзи падару модар, солҳои сабақомӯзӣ дар мактаби миёнаи ба номи С. Киров, таҳсил дар техникуми план-иқтисодиёти Бухоро, хидмати дусолаи ҳарбӣ дар Свердловск, идомаи таҳсил аз рӯи ихтисоси ҳисобчӣ-иқтисодчигӣ ин ҳама чун зинаҳои рӯзгор барояш пурқиматанд.
Фаъолияти меҳнатии А.Мирзоев соли 1986 дар пункти пахтақабулкунии Вобканд ҳамчун иқтисодчӣ оғоз ёфтааст. Баъди даҳ сол ӯро ҳамчун сармуҳосиб ба автокорхонаи №1 ба кор гирифтанд. Дере нагузашта Асадулло бо соҳибкорӣ машғул шуд. Вай аввал дӯкон кушода бо тиҷорат корашро пеш бурд, баъд сехи дӯзандагӣ кушода ба истеҳсол намудани сару либос, ҷилди кӯрпа, дастпӯшак ва ғайра пардохт.
Соли 2006 ӯро ба хоҷагии фермерӣ ба кор даъват намуданд. Асадулло розӣ шуд ва ҷараёни бухгалтериро ба зимма гирифт. Ин ҳама барои вай гӯё чун пайраҳа сӯи шоҳроҳи зиндагӣ хидмат карданд. Соли 2011 ба А.Мирзоев лозим омад, ки ҳамчун роҳбари хоҷагии фермерии «Наҷим-Тошобод» фаъолияти меҳнатиашро давом диҳад. Ин хоҷагӣ, ки ба истеҳсоли зироатҳои пахтаю ғалла ихтисосонида шуда буд, 76 гектар (44 гектар пахтазор, 32 гектар ғаллазор) майдон дошт. Ҳамон сол ба хоҷагии фермерӣ 56 гектар майдони нав илова гардид. Дар натиҷа дар хоҷагӣ соҳаҳои нав: чорвопарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ низ ба роҳ монда шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки хоҷагии фермерӣ нақшаҳои шартномавии худро ҳар сол иҷро мекунад ва ин имконият медиҳад, ки сол то сол шароити моддию техникии он низ беҳтар гардад.
– Меҳнатдӯстон ҳафт соли охир соҳиби техникаи пуриқтидори хориҷии «Орион», «Пума», «Класс», «Лимкен», «Пума 60-70» ва таҷҳизоти кишткунии франсавӣ, сихмолаи ғилдиракноки итолиёвӣ (дар вилоят ягона) гардиданд.
Соли 2018 киштзорҳои хоҷагии фермерӣ ба 292 гектар расид. Ҳимматбаландон дар 113 гектар майдон ғалла рӯёнида ба давлат ба ҷои 486 тоннаи план 489 тонна гандум супориданд. Ҳосилнокии қитъаҳо ба 42 сентнерӣ рост омад. Онҳо дар 137 гектар майдон пахта корида ба ҷои 507 тоннаи нақшаи шартномавӣ 523 тонна «тиллои сафед» инъом карданд. Ҳосилнокӣ 38,2 сентнериро ташкил кард.
Ҳоло дар молхонаи хоҷагии фермерӣ говҳои зотдору сершири «Голштейн» ва чорвои зотдори «Сментал» бо мақсади истеҳсоли гӯшт  парвариш меёбад. Фасли баҳори соли гузашта чорвопарварони хоҷагӣ 1200 сар гӯсфанд гирифта ба соҳаи қарокӯлпарварӣ низ иқдом гузоштанд. Бояд таъкид намуд, ки чорводорони «Наҷим-Тошобод» бо баробари саҳми арзандаашон бобати истеҳсоли гӯшт барои бемористону муассисаҳои тарбияи томактабии гирду атроф ва сехи коркарди шири Ғиҷдувон моҳе 3100 литр шир расонда медиҳанд.
Дар ин ҷо 70 оила занбӯри асал мепарваранд. Мутасаддии соҳа Исмоил Шарофов буда, соли гузашта вай 1050 килограмм ҳосил гирифт.
Хоҷагии фермерӣ 65 нафар аъзо дорад. Чорвопарварон Ғайбулло Кароматов, Шуҳрат Муродов, деҳқонон Муртазо Фармонов, Алишер Файзиев, Баҳодур Файзиев, Сафар Тӯрақулов, Шоиста Шукурова, Зебуннисо Гадоева, механизаторон Ҷамил Авезов, Ҷамшед Авезов, Ғайбулло Нарзиев, Нодир Эсанов, пиллапарвар Шарифа Сафарова (ҳамсари раиси хоҷагии фермерӣ) кайҳост, ки ба пушту паноҳи хоҷагии фермерӣ табдил ёфтаанд. Музди кори якмоҳаи онҳо ба 1-1,2 миллион сӯм мерасад. Аҷибаш дар он, ки дар хоҷагӣ ҳар як кор нарх дорад. Масалан, шудгори як гектар майдони пахта 40000 сӯм... Ошкор будани меъёрҳои нархи кор ба аъзоён писанд аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки солҳои охир ғамхории давлат ба соҳаи хоҷагии қишлоқ низ афзудааст. Дар ҳудудҳо шаклу усулҳои самарабахши хоҷагидорӣ озмуда мешавад. То ки маҳсулоти фаровони дилхоҳи бозоргир ба даст ояду деҳқон сарватманд ва мамлакат обод гардад.
Соли гузашта афзудани нархи хариди давлатии маҳсулот, ташкил ёфтани отрядҳои махсуси пахтачинӣ, аз пардохти андози музди пахтачинӣ озод карда шудани хоҷагиҳои фермерӣ барин омилҳо дар ин бора кӯмак мерасонад. Бори аввал ба фермерон имкон пайдо шуд, ки ба маблағҳои худ ихтиёрдорӣ кунанд.
Чи хеле ки сарвари давлат борҳо таъкид кард, вақт моро интизор намешавад, вай бо шиддат пеш меравад ва вазифаҳои нав ба нав пеш мегузорад. Аз ин рӯ рафтори оқилонаи қатъӣ ва масъулиятшиносона мебояд. Ҳар як шаҳрванд ва фарди ватандӯст бояд ба имрӯзу фардои мамлакат, тараққиёти он бетараф набошад ва баҳри пешравии рӯзгор, болоравии сатҳи зиндагӣ саҳм гузорад.
Асадуллоро номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ ва Муроҷиатномаи вай ба Олий Маҷлис ба андеша водор намуд. Ӯ ниҳоят бо назардошти имкониятҳои дохилӣ ва «кам кардани заминҳои каммаҳсул барои кишти пахта ва ғалладона» инчунин «истифодаи эҳтиёткорона ва сарфакоронаи сарвати аз ҳама муҳими мо – захираҳои об ва замин», фароҳам овардани ҷои нави корӣ бобати ташкил намудани соҳаҳои боғдорию моҳипарварӣ ва яххона дар хоҷагии фермерӣ ба қарори қатъӣ омад. Охир, имрӯз ба роҳ мондани хоҷагиҳои бисёрсоҳаи фермерӣ талаби замон аст. Вақт гувоҳ аст, ҳар коре, ки бо ташаббуси Асадулло ҷомаи амал пӯшидааст, вай барои хоҷагӣ манфиат овардааст. Аз ин рӯ қарордоди навбатии ӯ, бешубҳа, боиси имкониятҳои нав мегардад.
Асадуллои 55-сола бо ҳамсари меҳрубонаш чор писарро табъи дил ба воя расонда ҳамаи онҳоро соҳиби оила ва дару хона гардондаанд. Фарзанди калонӣ Азизбек – хатмкунандаи Донишкадаи молия, роҳбари хоҷагии фермерии «Робия замини», Фаррух тадбиркор дар шаҳри Тошканд, Шерзод – талабаи мактаби олии менеҷерӣ дар Чин, Фармон – соҳибкор дар пойтахт. Дувоздаҳ набера – шогирдони мактаби миёна ва муассисаҳои тарбияи томактабӣ. 
— Хулоса, ин ҳама комёбӣ аз пушти меҳнат, – андешаҳояшро ҷамъбаст намуд фермер.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: