МЕҲНАТИ ФИДОКОРОНАИ КИРМАКПАРВАРОН

Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки бо ташаббуси роҳбари давлат дар кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаи кирмакпарварӣ татбиқ гардидааст, натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.

Имсол кирмакпарварони вилояти Сирдарё 11655 қуттӣ кирмак парвариш карданд ва он ба беш аз 1100 хоҷагии фермерӣ ё ки қариб 2200 нафар звенои оилавӣ тақсим гардид. Баъди чорабиниҳои зарурӣ ва меҳнати фидокоронаи кирмакпарварон ниҳоят ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардид.
Кирмакпарварони вилоят дар қатори дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ 664,7 тонна пилла рӯёнданд ва нақшаро барзиёд иҷро намуданд.
Ба ин комёбиҳои кирмакпарварони  ноҳияҳои Сайҳунобод, Сардоба, Боёвут, Оқолтин, Мирзообод, Хавос ва ғайра саҳми арзанда гузоштанд. Ашёи хоми гаронбаҳо, ки дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи кирмакпарварони вилоят ба даст омадааст, ба 31-умин солгарди истиқлолияти Ватанамон туҳфаи сазовор гардид.
Алҳол мутасаддиёни ҳокимияти вилоят бо занону духтарони хонакоре, ки ба парвариши тухми пилла ва ғайра машғул мебошанд, мулоқот ороста, барои рағбатноксозии онҳо чораҳо меандешанд. Фароҳам овардани шароити зарурӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани кирмакпарварон омили муҳими ҳосили босифат ва ҷамъоварии саривақтии он мегардад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: