МЕҲНАТИ МАҶБУРӢ БА ҶУЗ ҒУЛОМӢ ЧИЗИ ДИГАР НЕСТ

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон бахшида ба нақши институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ бобати мубориза алайҳи савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ семинар баргузор шуд.

Дар чорабиние, ки бо ҳамкории Маркази миллӣ доир ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон созмон дода шудааст, шӯроҳои соҳаи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, ходимони иттиҳодияҳои ҳудудии созмонҳои иттифоқҳои касаба, намояндагони ваколатхонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар мамлакатамон ва журналистон ширкат ҷустанд.
Директори Маркази миллӣ доир ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Саидов таъкид намуд, ки савдои одам ва ҷалби ӯ ба меҳнати маҷбурӣ аз мушкилоти глобалӣ буда, дар ҳалли он бояд ҳамаи мамлакатҳо як хел иштирок намоянд. Дар Ӯзбекистон доир ба мубориза алайҳи ин ҳолатҳо асосҳои қонунӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Ба ин мақсад муоҳидаҳои байналхалқии СММ ва Созмони байналхалқии меҳнат тасдиқ гардиданд. Бино бар он, ба қонунгузории мамлакат дигаргуниҳо ворид карда шуданд.
Ба тасвиб расидани фармони Президентамон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани низоми мубориза алайҳи савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ», аз 30 июли соли 2019, дар ин ҷода яке аз иқдомҳои муҳим буд.
Ҳоли ҳозир тибқи ҳуҷҷати мазкур дар сартосари ҷумҳуриамон оиди ба пешгирии савдои одам ва истифода аз меҳнати маҷбурӣ корҳои густурда ба амал татбиқ мегарданд. Дар он институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ низ ширкат меҷӯянд. Дар байни онҳо созмонҳои гуногуни иттифоқҳои касаба ҷойгоҳи худро доранд. Ба ҷуз ин, ба онҳое, ки аз савдои одам азият кашидаву ба Ватан баргаштаанд, кӯмак расонда мешавад. Ба мақсади кӯмак ба ситамдидагони ин мушкилӣ Маркази реабилитатсияи ҷумҳуриявӣ созмон дода шуд. Аз он ҳар ситамдида метавонад кӯмаки  рӯҳӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ гирад. Бино ба изҳороти мушовири сартехники лоиҳаи «Аз ҷониби сеюм мониторинг кардани меҳнати бачаҳо ва маҷбурӣ дар Ӯзбекистон» - и Созмони байналхалқии меҳнат Й. Аструп, дар ҳоли ҳозир аҳли ҷомеаи ҷаҳон ба дигаргуниҳое, ки дар мамлакатамон рӯй медиҳанд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Баъди чанд вақт мавсими пахтачинӣ оғоз меёбад ва ин ҷараёнро созмонҳои байналхалқӣ оиди ба ҳуқуқи инсон таҳти назорат мегиранд. Ҳар коргаре, ки ба пахтачинӣ ҷалб карда мешавад, бояд ҳуқуқи худро донад ва дар бораи қонуншиканиҳо маълумот пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, дар доираи семинар муаррифии маҷмӯаи «Барномаи амалкарди ҳуқуқи инсон дар ҷараёни ба мамлакати худ баргардондани ситамдидагони савдои одам» (ба забони ӯзбекӣ), ки бо кӯмаки техники САҲА рӯйи чопро дидааст, баргузор шуд. Ҳафт тамоюли асосии дар қисми аввали китоб омада аз меъёрҳои байналхалқие бармеоянд, ки дар макони САҲА мавриди корбурданд. Ҳар як тамоюл мухтасару пургунҷоиш баён гардида, омилҳои асосӣ ва тавсияҳоро барои созмонҳои давлатӣ ва ҷамъияти шаҳрвандӣ дар бар мегирад. Дар қисми дуюми маҷмӯа дар бораи меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки барои ин тамоюлҳои барномавӣ асос гардидаанд, маълумоти муфассал дода шудааст. Дастуруламали нав барои беҳбуди хидматрасонӣ ба ситамдидагони савдои одам хидмат мекунад. Аз ин рӯ, маҷмӯаи мазкур барои созмонҳои давлатӣ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ манбаи муҳим маҳсуб меёбад. Маҷмӯа, ҳамчунин, ба онҳое, ки қонунҳоро оид ба масъалаи ба Ватан баргардондани ситамдидагони савдои одам омода мекунанд, айни муддаост.
Дар анҷоми семинар аз ҷониби иштирокдорон мақсаду вазифаҳое муайян карда шуданд, ки дар оянда бояд амалӣ гарданд.    

Роман БОНДАРЧУК,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: