МЕҲНАТИ ШИФОКОРОН ҚАДР ЁФТ

Имрӯз, ки аҳли оламро маризии корона азият медиҳад ва хушбахтона бо сабаби андак коҳиш ёфтани он ҳамдиёронамон нафаси сабук мекашанд, ҳама ба диловариҳои шифокорони ҳозиқ аҳсант мехонанд.

Имрӯз, ки аҳли оламро маризии корона азият медиҳад ва хушбахтона бо сабаби андак коҳиш ёфтани он ҳамдиёронамон нафаси сабук мекашанд, ҳама ба диловариҳои шифокорони ҳозиқ аҳсант мехонанд. 
Зеро маҳз ба туфайли шабзиндадориву кӯшиши онҳо басо одамони гирифтори ин беморӣ ба по хестанд. Инак, бо супориши Сарвари давлат дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гӯруҳе аз шифокорон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. 
Аз вилояти Ҷиззах ҳам панҷ нафар шифокор бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Чунончи , шифокори Маркази эпидемиологӣ-осоиштагии вилоят Миннигул Муҳиддинова бо ордени дараҷаи якуми «Саломатлик», лаборанти ҳамин марказ Шаҳноза Деҳқонова бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуда бошанд, роҳбари шифохонаи бисёрсоҳавии бачагонаи вилоят Раҳбар Каримова, ки умре дар ин маскани шифо заҳмат мекашад, бо ордени дараҷаи дуюми «Соғлом авлод учун» мукофотонида шуд. Меҳнати шифокорон ба таври муносиб қадр меёбад.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: