МЕҲР ДАР ЧАШМ

Хабар расид, ки дар автовокзали «Тошканд»-и пойтахт маросими ифтитоҳи хатсайри байналмилалии автобус байни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вурудгоҳи автовокзали Тошканд идона оро дода шуда буд. Дар пештоқи он овезае бо навиштаҷоти тоҷикӣ: «Хуш омадед, ба шаҳри Тошканд» ба назар мерасид. Дар чашми гирдиҳамомадагон барқи шодӣ медурахшид.
Баъди як муддат садо додани карнаю сурнай, ҷонишини роҳбари Агентии нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шоолим Шоваҳобов изҳор дошт, ки имрӯз бо ибтикороти Президенти мамлакатамон Ш. Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон нахустин хатсайри автобуси «Тошканд – Хуҷанд – Тошканд» кушода мешавад.
Минбаъд рӯзе се дафъа: субҳ, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ рафтуои автобусҳо роҳандозӣ мегардад. Нархи чипта 50 ҳазор сӯм ё 50 сомонӣ муайян гардид.  
– 13 апрели соли 2018 дар Тошканд гирдиҳамоии якуми мақомоти салоҳиятдори ӯзбекистонию тоҷикистонӣ доир ба масъалаҳои ҳамлу нақли автомобилӣ, ки аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) бармеояд, баргузор шуда буд, – гуфт роҳбари ҶММ «MANZARA TOURISM» Луиза Шомансурова. – Дар доираи татбиқи қарор агентии «Ӯзавтотранс» якҷо бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагирӣ ба кушоиши хатсайри автобуси «Тошканд – Хуҷанд – Тошканд»-ро ба сомон расонданд. 
Автобуси хатсайри мазкур 174, 0 км масофаро дар тӯли 4 соату 35 дақиқа пушти сар хоҳад гузошт. 
Халқҳои мо «Меҳр дар чашм» мегӯянд. Воқеан, дидорбинӣ ва мулоқот дӯстиву қаробатро таҳким мебахшанд, ки ин ба рафту омади беш аз пеши шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. 
Оре, имрӯз ҳар як ӯзбеку тоҷик дар он фикру ақида аст, ки ин ду халқи ҳамтақдирро аз ҳам наметавон ҷудо кард. Мо гарчи як муддат аз ҳам дур афтода будем, аммо ҳисси қаробатҷуйӣ дар дили халқҳои мо зинда буд.  
Баъди маросими кушоиш, мусофирони нахустин хатсайри «Тошканд – Хуҷанд – Тошканд» ба автобус баромаданд ва он ба самти гузаргоҳи Ойбек, воқеъ дар ноҳияи сарҳадии Бекобод, ба ҳаракат даромад. Дар гузаргоҳ ҳуҷҷатҳоро зуд расмӣ кунониданд. 
– Факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро соли 1983 хатм карда будам, – мегӯяд яке аз мусофирони хатсайри нахустин Шамшимат Эрматов. – Шунидам, ки имрӯз симои Хуҷанди бостонӣ низ хеле дигаргун шудааст. Барои ман дидан кардан аз шаҳре, ки чанд соли ҷавониам он ҷо пайсипар гардидааст, мароқангез аст.  
– Хешу ақрабои дурафтодаро ба дидори якдигар расондан кори савоб аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд директори мактаби рақами 13-уми шаҳри Чирчиқ Мавҷуда Мирзоева. – Камина зодаи деҳаи Шайдони ноҳияи Ашти ҷумҳурии ҳамсоя мебошам. Бо тақозои тақдир ҳоло дар шаҳри Чирчиқ буду бош дорам. Мо солҳои зиёд интизори ин рӯзҳои нек будем. Ба сарвари ҳар ду мамлакат ҳазор ташаккур! Чунин ҳиссу шодмонӣ ва сипосгузорӣ дар чеҳраи ҳамаи мусофирон ҳувайдо буд. 
Моро дар ҳамсоягузаргоҳи Ойбек аҳолии наздисарҳадии Тоҷикистон бо нону ширинӣ ва савту суруд пешвоз гирифтанд. Дар ҳавои мусиқӣ ва сурудҳои дилнишин як муддат рақсидем. 
– Шумо пайки шодӣ, орзую умедҳои чандсолаи халқи оддиро овардед. Бо нафаси гарми қаробату дӯстӣ яхҳои ҳиҷрону дурӣ об мешаванд, – гуфт муовини раиси ноҳияи Мастчоҳи кишвари ҳамсоя Умарзода Зайнура Васлӣ. – Мо дигар дар канори ҳам хоҳем буд. Ин рафтуомадҳо натанҳо суди моддӣ, балки суди маънавӣ низ дар пай доранд. Қофиласолори шеъри форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барҳақ фармуда будааст: 
Ҳеч шодӣ нест андар  
ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори 
рӯйи дӯстон.
Дар идомаи роҳ то шаҳри Хуҷанд чанде аз меҳмонон моро ҳамроҳӣ карданд. Суҳбати мо бо котиби масъули рӯзномаи расмии вилояти Суғд: «Суғд ҳақиқати» – Облоқул Мусоев, ба қавле, қӯр гирифт. Дар рӯзномаи расмии вилоятӣ, ки ба забони ӯзбекӣ чоп мешавад, бино ба гуфти ӯ 25 нафар масруфи кор будаанд.
– Дар шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон сексияи адабиёти ӯзбек кору фаъолият дорад, – гуфт ӯ. – Ба ҷуз ин, дар ҳар ноҳияю шаҳраки вилоят саҳифа ё рӯзномаҳои алоҳида бо забони ӯзбекӣ рӯйи чопро мебинанд. Маҷаллае бо номи «Шарқнома» ва рӯзномаи «Қадрият» – нашрияи ҷамъияти ӯзбекон хонандагони худро доранд. Фарзандони ӯзбек дар мактабҳои миёна бо забони модарӣ мехонанд. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба гурӯҳу факултетҳои ӯзбекӣ ҳар сол донишҷӯёни зиёд қабул карда мешаванд. Ғамхориҳои ҳукумати Тоҷикистон ба дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек мусоидат менамояд...
Соати 12.30 дақиқа мо ба автовокзали «Роҳи абрешим»-и Хуҷанд расидем. Моро дар он ҷо низ бо нону шириниҳо пешвоз гирифтанд. Сипас маросими кушоиши хатсайр ба вуқӯъ пайваст.
Меҳмонони ӯзбекистониро ҷонишини раиси вилояти Суғд Мирзо Рустамзода хайрамақдам гуфт.
Изҳор дошт, ки робитаҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо ибтикороти сарвари ду мамлакат дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла нақлиёти мусофиркашон густариш меёбанд.
Роҳбари гурӯҳи Ӯзбекистон Аброр Исоев  аз номи мусофирони нахустини хатсайр барои пазироии гарм арзи сипос намуд. Гуфт, ки ба роҳ монда шудани хатсайри автобусҳо далели он аст, ки созишномаҳои бо ташаббуси сарони ду давлат ба имзорасида ба амал татбиқ мегарданд. Рафтуомад ба боз ҳам наздиктар шудани халқҳои ба ҳам дӯсту бародар замина мегузорад.
Баъди хӯроки нисфирӯзӣ моро мизбонон ба Қасри Арбоби Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бурданд. Он рӯзгоре бо саъю эҳтимоми ду карат Қаҳрамони меҳнат Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев бунёд гардида будааст.
Роҳбалади қаср изҳор дошт, ки Қасри Арбоб барои ҳамаи тоҷикистониён қасри таърихӣ ва азиз маҳсуб меёбад. 
Зеро дар ин ҷо сессияи XVI таърихӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима дод, баргузор шуда буд...
Дар бунёди Қасри Арбоб ҳунари қадимии кандакорӣ ва гулкории тоҷик ба кор бурда шудааст. Ҳар як сутуну равоқи мунаққаши он худ як асари санъатро ба хотир меорад.
Автобус дар кӯчаҳои фарохи шаҳр пеш мерафту манзараҳои зебову дилнишини он,  биноҳои замонавӣ, ошхонаю тарабхона, муассисаҳои таълими олию миёна аз пеши чашми мо рад мешуданд.
Хуҷандиён моро бо умеди дидорбиниҳои оянда гусел намуданд. Автобуси мо соати 9-и бегоҳ вориди автовокзали Тошканд гардид... Роҳбари ҶММ «MANZARA TOURISM» Луиза Шомансурова изҳор дошт, ки фардо бояд дар навбати худ дӯстони тоҷикистониро дар ҳамин ҷо пешвоз гирем. Бигузор, дӯстони тоҷикистонӣ низ аз пазироии мо мамнун гарданд.
Рӯзи дигар соати 12.30 дар автовокзали бо байрақҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ороишӣ орододаи «Тошканд» маросими қабули дӯстону бародарони тоҷикистонӣ (Хуҷандӣ) сурат гирифт. Дар пештоқи автобуси меҳмонон бо ҳарфҳои калон навиштаҷоти «Хуҷанд – Тошканд – Хуҷанд» ба назар мерасид.
Меҳмононро дар автовокзали «Тошканд» намояндагони ҶММ «MANZARA TOURISM», марказҳои миллию фарҳангӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ бо нону ширинӣ ва дилу чеҳраи кушода пешвоз гирифтанд.
Онҳоро роҳбари Иттиҳодияи «Автотеххизмат» ва раиси маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳуриявӣ Шарофат Эрматова хайрамақдам гуфтанд.
Баъди хӯроки нисфирӯзӣ меҳмонон ва иштирокдорон ба автобуси ҶММ «MANZARA TOURISM» роҳи ҷойҳои сазовори  тамошои Тошкандро пеш гирифтанд. Бегоҳ дар автовокзали «Тошканд» маросими гусели меҳмонони азиз ба вуқӯъ пайваст. Аз чеҳраи онҳо хондан мумкин буд, ки пазироии гарм ва саёҳати сермазмун барояшон таассуроти нек боқӣ гузоштааст.
Бале, ҳар сӯ, ки дил кашад пой меравад. Дилҳои мо мехост, ки бо дӯстону бародарон ва ҳамсоягони девордармиёни худ дар тамос бошем. Аммо имкон набуд. Ҳоло бо ибтикороти ду сарвари хайрхоҳ деворҳои сунъӣ аз байн бардошта шуданд, хоҳишу орзуи халқҳоямон пиёда мегардад. Ба қавли сарвари мамлакатамон ҳеҷ гоҳ дари ба рӯйи якдигар бози дили халқҳоямон пӯшида нашавад.

Абдулло СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТОШКАНД – ХУҶАНД – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: