МЕҲР ВА НАКӮКОРӢ БАХШИДА...

Ҳангоми супоридани аробачаи ногироӣ дар чашми зане, ки дар тӯли солҳо бистарӣ буд, ашкҳои шодӣ на аз туҳфа, балки аз меҳру эътибор ва муносибати самимӣ ҳалқа заданд.

Ҳоло дар мамлакатамон ба дастгирии ҳаматарафаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ ва имконияти ҷисмониашон маҳдуд эътибори алоҳида дода мешавад. Аз тарафи Кумитаи бонувони Ӯзбекистон барои кӯмак расондан ба пиразанҳои дилшикаста, танҳо, соҳибхоназанҳо корҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Дар ҷамъомаде, ки баъди ташрифи Президентамон ба ноҳияи Учтепа 10 майи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, яке аз вазифаи муҳим будан ва боз ҳам пурзӯр гардондани эътибор ба бонувон таъкид гардид. 
Ба мақсади таъмини иҷрои чунин вазифаҳо аз ҳисоби маблағи Бунёди ҷамъиятии дастгирии оила ва  занону духтарони назди Кумитаи бонувони Ӯзбекистон реабилитатсияи иҷтимоии бонувони ногиро ва шароити зиндагиашон душвор ва ба онҳо фароҳам овардани шароити мусоид эътибори алоҳида дода мешавад. Ба ин мақсад ба пиразанҳои дилшикаста 17-то аробачаи ногироӣ, 19-то таҷҳизоти шунавоӣ, 8-то асо, 2-то асобағал, 2-то асои нобиноӣ ва дигар анҷомҳои роҳгардӣ супорида шуд. Дар чорабинии хайрия наздик ба 60 нафар занон воситаҳои реабилитатсионӣ туҳфа карда шуд.
Дар чорабинӣ мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Кумитаи бонувони ҷумҳурӣ Э. Боситхонова иштирок кард.

Н. УСМОНОВА,
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: