МЕҲРГОН – ИДИ ФАРОВОНИЮ НИШОТ

Ба туфайли сиёсати оқилона ва халқпарваронаи Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон солҳои охир равобити дӯстонаи байни халқҳоямон хеле мустаҳкам гардиданд.

Ташрифҳои давлатии сарони ду давлат имкониятҳои дар дараҷаи баланд идома додани ин муносибатҳоро васеъ гардонд.
Моҳи марти соли ҷорӣ байни давлатҳоямон нуқтаҳои сарҳадии убур кушода шуданд, ки барои ду халқи аз азал қудову анда, ҳамсояи наздик воқеаи деринтизор ва хушнудкунанда гардид.
Ин имкониятҳо ба рушди алоқаҳои байниминтақавӣ низ мусоидат мекунанд. Дар айни ҳол вилоятҳои Самарқанд ва Суғд ҳамкории ба эътимоди тарафайн асосёфтаро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ вусъат медиҳанд. Моҳи апрели соли равон дар Самарқанд Рӯзҳои вилояти Суғд, аввали моҳи сентябр дар Суғд Рӯзҳои Самарқанд гузаронда шуданд. Дар рафти чорабинӣ бо иштироки соҳибкорон анҷуманҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ баргузор гардиданд. Устодони санъат ва арбобони маданияти ду вилоят барномаҳои консертӣ намоиш доданд. Иди умумии халқҳоямон – Наврӯз якҷоя ҷашн гирифта шуд. 
Ин дафъа маъмурияти вилояти Суғд гурӯҳи журналистони ӯзбекистониро ба ҷашни анъанавии Меҳргон даъват кард.
Дар ин рӯзҳо, ки тирамоҳи заррин бо саховату зебогиаш намоён мегардад, дар Шарқ, хусусан мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷашни ҳосил ба таври анъанавӣ гузаронида мешавад. Чорабинии «Меҳргон»-и халқи тоҷик ҷашни ба худ хоси ҳосилест, ки маҳз дар ин фасли пуршукӯҳ ба вуқӯъ мепайвандад. 
Дар маҷмӯи «Қасри арбоб»-и шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои асосии ҷашн – ҷашнвораи оши палав, намоишгоҳи «Ҷашни асал ва харбуза», «Шириниҳои миллӣ», «Атласу адраси Суғд» гузаронда шуданд.
Дар майдоне, ки барои тамоми ноҳияву шаҳрҳои вилоят ҷудо шудааст, деҳқонон, боғпарварон, чорводорони суғдӣ маҳсулоти кишоварзии худро намоиш доданд.
Дар чорабиниҳои идона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард. Вай ба намоишгоҳ ташриф оварда, бо деҳқонон, боғбонон, ҳунармандон, ошпазҳо, собиқадорони меҳнат ва зиёиёни эҷодкори Суғд суҳбат орост. 
Бино бар маълумотҳо дар вилояти Суғд 67 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ дар беш аз 227 ҳазор гектар меваву сабзавот, маҳсулоти полизӣ ва дигар мерӯёнанд. Айни замон дар  72 ҳазор гектар боғ ва 11 ҳазор гектар токзор мавҷуд аст. Мувофиқи «Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» соли ҷорӣ дар беш аз 20 гектар боғҳои нави интенсивӣ бунёд карда шуданд. 
– Ноҳияи Спитамени мо дар тамоми самтҳои кишоварзӣ фаъолият нишон медиҳад, – мегӯяд деҳқони соҳибтаҷриба Раҳимҷон Раҷабов. – Боғ  ва майдонҳои токзор дорем, инчунин зироати обчакорӣ ва сабзавот мерӯёнем. Чун дар Ӯзбекистон ҳосилҳои фаровони харбузаву тарбуз ба даст меорем, зардолу, ангур, себ, нок ва дигар меваро ба содирот мебарорем. «Меҳргон»  ҷашнест, ки натиҷаҳои меҳнати солонаро сарҳисоб намуда, маҳсули меҳнати солонаамонро  нишон медиҳад. Мо аз он хушҳол ҳастем, ки дар ҷашнвораи имсола меҳмонони мамлакатҳои ҳамсоя ва хориҷи дур иштирок менамоянд. 
Кормандони соҳаи кишоварзии вилоят баробари ба бозори дохилии истеъмолӣ маҳсулоти хушсифат расонда додан, меваву сабзавоти шаҳду шакарборро ба хориҷ содир намуда, ба таҳкими иқтисодиёти мамлакат ҳиссаи худро ҳамроҳ менамоянд. Бино бар маълумотҳо соли ҷорӣ деҳқонони суғдӣ қариб 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро содир намуданд.
Дар ҷашнвора корхонаҳои саноати хӯроквории вилоят маҳсулоти нонӣ, қариб 30 намуди шириниҳои миллиро намоиш доданд. Дар намоишгоҳи маҳсулоти нонӣ эътибори аксариятро нонҳои Самарқанд, ки аз ҷониби нонвойҳои хӯҷандӣ пухта шудааст, ҷалб намуд. 
Ҷашнвораи «Оши палав» яке аз чорабиниҳои асосии ҷашн ба ҳисоб меравад. Ошпазҳои беҳтарини тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят 30 намуди оши палавро тайёр намуданд. Аз ҷумла, барои меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни оши палави миллӣ, ба монанди «Оши палав бо биринҷи девзираи Панҷакент», «Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо гӯшти кабк», «Бедона палав», «Оши палав бо кабки кӯҳӣ», «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона» ва «Оши палав бо тухми мурғи марҷон» омода карда шуд. 
Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ озмуну мусобиқаҳо бо шарту шароитҳои шавқовар гузаронда шуданд.
Яке аз чорабиниҳои муҳими ҷашни «Меҳргон» – ҷашнвораи «Атласу адраси Суғд-2018» дар толори консертии «Қасри арбоб» доир гардид.
Дар назди Қасри муҳташами бо атласу адрас оро додашуда намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд. Шахсоне, ки дар шароити хона бо истеҳсол ва фурӯши молҳои истеъмоли халқӣ  шуғл меварзанд, аз 1 январи соли 2018 аз пардохти тамоми намудҳои андоз озод карда шудаанд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар соли 2018, ки дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунармандии миллӣ эълон шудааст, чунин чорабиниҳо ва ҷашнвораҳои миллӣ дар миқёси васеъ баргузор мегарданд. Барои васеъ тарғиб намудан ва ба ҷомеаи байналхалқӣ расондани чорабинӣ бо воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳамкории наздик ба роҳ монда шудааст. Чорабиниҳоро дар доираи ҷашни Меҳргон баробари воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон журналистони Ӯзбекистон, Русия, Қирғизистон ба воситаи каналҳои телевизиону радио, нашрҳои интернету чопӣ васеъ равшан намуданд. 
Чорабиниҳои ҷашни Меҳргони вилояти Суғд бо намоиш додани муштаракоти фарҳанг, анъана, арзишҳои халқҳои тоҷику ӯзбек дар мо таассуроти фаромушнопазир боқӣ гузошт. 

Ғолиб ҲАСАНОВ, 
мухбири ӮзА.

Самарқанд - Хӯҷанд - Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: