Қисме аз осори гаронмояи адиби номвари ӯзбек Ғафур Ғуломро тарҷумаҳо аз адабиёти тоҷик ташкил менамоянд.
Қисме аз осори гаронмояи адиби номвари ӯзбек Ғафур Ғуломро тарҷумаҳо аз адабиёти тоҷик ташкил менамоянд. Тарҷумаҳои хушсифат ва ба асл наздик. Сабаб он ки зикршуда забони форсӣ-тоҷикиро хуб балад буд, ба забон ва адабиёти мо меҳри беандоза дошт, фарзандонашро низ талқин мекард ин забонро омӯзанд, аз дурдонаҳои бебаҳои адабиёти тоҷик, ки аз қадимтарин ва пешқадамтарин адабиётҳои дунёст, бебаҳра намонанд.
Ҳануз бачаи хурдсол буду вақте ба дуконҳои китобфурӯшӣ рафт, дар баробари китобҳое, ки туркӣ-ӯзбекӣ таълиф ёфтаанд, адабиётҳо бо форсӣ-тоҷикиро харид менамуд. Дукондор дар тааҷҷуб: ту форсӣ-тоҷикиро мефаҳмӣ? Охир муллоҳои калон ин забонро омӯхта натавониста, ҷонашон ҳалок. Дар тафсири луғатҳо, ки асосан бо форсианду арабӣ, душворӣ кашида, аз кӣ кӯмак пурсиданро намедонанд. Бачем, онҳоро гӯям, ба назди ту раванд. Хонаатон дар куҷо? Ту бачаи кӣ?
Падари Ғафур Ғулом инсони маърифатнок, аз зиёиҳои пешқадами давр ба шумор рафта, Мирзо Ғулом ном дошт. Бобояш Мирзо Ориф баробари мингбошӣ будан маънавиятро тарғиб месохт. Бибияш (модари падараш) Хайринисо, айни замон, аз занҳои босавод буда, мактабдорӣ ҳам, ки мекард, “бибӣ отин” меномиданд.Умуман, ҳафт пушти Ғафур Ғулом фидоиёни илм, равшангарони олами хирад будаанд.
Ғафур Ғулом дар маҳаллаи Қӯрғонтегии мавзеи Қаратош ба дунё омад. Кӯдаки гаҳвора буду баробари алла аз модараш Тошхонбибӣ ғазалҳои Ҳофизу Бедилро шунида, аз қироати дилангез, савтиёти ноби ашъори классикӣ лаззат мебурд ва ба хоби ширин мерафт.
Вай ҳануз дар хурдсолӣ пай бурд дар хонадоне, ки ба дунё омадааст, китоб баробари нон арзиш дорад.
...Писарак бачаи кӣ будану дар куҷо истиқомат карданашонро гуфт. Дукондор лабханд намуд: “Э, падаратро хуб мешиносам. Писари Ғулом Мирзои шоирам гӯй? Ғазалҳояшонро хондаам. Бо китоб, ҳамин тавр, дӯст монӣ, ту ҳам рӯзе шоир мешавӣ. Баракат ёб, бачем!”
Ғафур Ғулом рӯзе ба ҳамон дӯкон ҳамроҳи чанд нафар муллобачаҳои мадраса даромад. Муллобачаҳо ба як китоб часпиданд, ман мехарам гӯён талош карданд. Дӯкондор гуфт: “Ба касе, ки аз ду тарафаш як хел хондамешудагӣ калима ёфт, ба ҳамон мефурӯшам”. Бачаҳо ин гуфтанд, он гуфтанд, дӯкондор қабул накард. Ғафур Ғулом, ки ҳамагӣ ҳафт-ҳашт сол дошт, ҷавоб дод: “Нодон”. Офарин, таҳсин кард дӯкондор ва он китобро, ғазалиёти Навоӣ буд, ба вай туҳфа намуд.
Рӯзе Ғафур Ғулом дар эҷодхонааш гарми мутолиа буд, ки духтараш ворид гашт. Дар донишгоҳ мехонд Алмос. Вай низ китобхониро дӯст медошт.
– Чиро мехонед, падар?
– Бедилро, – гуфт Ғафур Ғулом. – Лекин ту, сад афсӯс, арабию тоҷикӣ-форсиро намедонӣ.
Алмос гуфт:
– Дар факултаи журналистика, ки мо мехонем, забонҳои дигарро меомӯзонанд,арабию форсиро не.
– Кори хуб намекунанд, – андешаманд даҳон кушод Ғафур Ғулом ва илова намуд:
– Касе, ки тоҷикӣ-форсиро намедонад, аз дурдонаҳои бебаҳо – неъматҳои маънавии адабиёти классикӣ бебаҳра мемонад. Сухан дар бораи ғазали ҳоло хондаистодаам бошад, чӣ тавр фаҳмонам... Бедил – як шоири файласуф!
– Тарҷумаи ӯзбекиаш нест? – пурсид Алмос.
– Алҳол не. Лекин тарҷума – тарҷума-дия. Дар асл хондан дигархелтар.
Алмос медонист, ки аз ғазалиёти Ҳофиз фол мекушоянд. Модоме Бедил низ як шоири бузург...
– Додо, ба ман як фол намекушоед? – табассумомез лаб кушод.
– Саҳифаи хостагиатро кушо, ба ҷое, ки хостӣ, ангушт гузор.
Алмос гуфтаи падарро кард ва ба роҳатӣ, рӯбарӯйи падар, нишаст.
Ғафур Ғулом ба хондани ғазал шурӯъ намуд. Вақте форсӣ-тоҷикӣ мехонд, талаффузаш ҷозибадор мегашт, ки инро духтараш баръало пай мебурд.
Алмос дар китоби ёддоштиаш навиштааст: “Ба қироати ғазал он қадар дода шуданд, ки гумоне куҷо будани худро фаромӯш карданд. Ҳар ҳарф, ҳар сухани падар тавре ифоданок, ҳар садояшон он дараҷа муъҷизаомез ба гӯшам медаромад, ки ба баён кардан оҷизам. Нигарам, ба чашмҳояшон ашк тохт. Тарсидам: “Наход ояндаи ман ногувор?”
Падарам байти аввалро тарҷума карданд ва гуфтанд: “Аз кулли неъматҳои дунё баҳраманд мешудаӣ, бачем”.
“Пас чаро ба чашм об гирифтед?” – пурсидам. Гуфтанд: “Ҳоло ту аз пайи корат шав. Ҳолати маро баъд фаҳмида мегирӣ...”
Алмосхонум ба назокату латофати лафзи ноби форсӣ-тоҷикӣ дигарбора тан дод, чӣ қадар таъсирнокии шеъри форсӣ-тоҷикиро амиқ идрок намуд.
Дар бораи дастархондориву меҳмондӯстии Ғафур Ғулом бисёр навиштаанд. Намояндагони миллатҳои гуногун аз меҳру саховат, хайрхоҳиву одамияташ баҳра бурдаанд. Дари хонааш ба рӯи меҳмонҳои дуру наздик ҳамеша кушода буд. Хусусан, тоҷиконро самимонатар истиқбол мекард.
Устод Айнӣ, вақте Тошканд омад, ҳатман ба хонаи ӯ мерафт. Алмос, ки он вақтҳо хурдакак буд, “бобоҷон” гӯён пешвоз мебаромад. Савғотиҳо мебурд устод – ширинӣ ва хӯрокиҳое, ки бо дасти худаш тайёр кардааст.
Назар ба таъкиди Алмос, вақте устод хонаашон омад, ӯву падараш бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд. Ман ба баъзе суханони онҳо сарфаҳм мерафтам, мегӯяд ӯ,боре дар бораи романи “Дохунда” сухан ба миён омад, дар барномаи таълимии мактабӣ аз адабиёт барои ин асар соатҳои алоҳида ҷудо карда шуда буд. “Баъзе бобҳои роман дар китоби дарсиамон ҷой дошт ва ман онҳоро хонда будам”, идома медиҳад Алмос.
Мирзо Турсунзода низ аз қарибони Ғафур Ғулом ба шумор мерафт. Соли 1948 Ғафур Ғулом бо аҳли оилааш ба Маскав сафар намуд. Турсунзода, ки ба мукофоти давлатӣ сазовор шуда буд, барои гирифтани ҷоиза ба он ҷо рафт ва онҳо дар меҳмонхонаи “Маскав” ҷой гирифтаанд.Тӯли як ҳафта ба сари як дастархон нишастанд. Гуфтугӯ аз шеър буду адабиёт, аз оқибату меҳр, дӯстии адабиётҳо.
Соли 1957. Мирзо Турсунзода ва Алексей Сурков дар анҷумани байналхалқии сулҳ, ки дар Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок карданд. Баъди анҷоми чорабинӣ самолёти онҳо ба Тошканд парвоз кард. Ғафур Ғулом танҳо не, бо аҳли оилааш пешвоз баромад. А. Сурков ба Маскав роҳ пеш гирифт, Турсунзодаро бошад, Ғафур Ғулом рост ба хонааш бурд. Чӣ қадар оқибат доштанд адибони бузурги мо!
Ғафур Ғулом айни замон бо Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил ва дигар адибони тоҷик наздикӣ дошт. Гуфтугӯҳо асосан тоҷикӣ сурат мегирифтанд.
Солҳое, ки донишҷӯи донишкадаи Хуҷанд будем, як гурӯҳ адибони ӯзбек аз Тошканд омаданд. Адиб Шуҳрат чиҳо гуфт , нағз дар хотирам: “Сафари мо ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии Ғафур Ғулом тарафҳои хуб ва бад дошт. Хубаш он ки бо ин инсони бузург, ки қалби наҷиб дошт, ҳеҷ вақт зиқ намешудем. Бадаш он ки ӯву адибони тоҷик фақат бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва мо чизе нафаҳмида, хомӯш менишастем”.
Соҳибқаламони ӯзбек, ки тоҷикиро донанд, шояд зиёданд, вале Ғ. Ғулом донандаи оддии ин забон набуд. Форсиро мукаммал медонист ва дар анҷуманҳои байналхалқии кишварҳои Шарқ бо форсӣ баромад мекард.
Чанде пеш нусхаи як номаи ба адиби ҳинд Гурбахш Синг ирсолкардаи ӯ ба дастамон афтид, ки бо ҳуруфи арабиасос ва забони форсӣ навишта шудааст.
Ҳамаи тоҷикон ва тоҷикидонҳоро форсидон гуфтан ҷоиз нест, вале пайдост Ғафур Ғуломи тоҷикидон ба маънои воқеӣ форсидон низ будааст.
Ҳикоят мекунанд, шарқшинос ва мутарҷими номӣ Шоислом Шомуҳамедов дар тарҷумаи “Гулистон”-и Саъдӣ душворӣ мекашид. Чӣ қадар масъулиятталабии баргардониши ин асари оламшумул, сесаду шасту шаш паҳлӯи ҳарфҳои пандомези Саъдии бузургвор ба касе сир нест.
Ғафур Ғулом нафақат ба фарзандони худ, балки ба олимону адибон, ба кулли алоқамандони адабиёт ва ҳунар маслиҳат медод форсиро омӯзед, ин забонро надониста амиқ фарогирии классикҳо ва тарҷумаи осори онҳо имконнопазир.
Ба “ана ҳамин ҷояшро нафаҳмидам, муқобили ҳамин ифодаро наёфтам” гуфтани Ш. Шомуҳамедов Ғ. Ғулом сахттар карда гуфт: “Ӯзбек бошӣ, фаҳм. Ёб!”
Хусусан ба Мирзо Бедил, тавре ишора рафт, ихлоси калон дошт Ғафур Ғулом. Баъзе ифодаҳое, ки Бедил кор фармуда, бевосита ба асарҳои Ғ. Ғулом кӯчидаанд. Масалан, ибораи “хонаи хуршед”, ки ӯ бо маънои дунёи равшан омадааст.
Зимнан, чанд рубоии Мирзо Бедил, ҳамчунин “Шикоят аз пирӣ”-и устод Рӯдакӣ, қисми шеърии “Гулистон”-и Саъдӣ, ғазалиёти Ҷомиро Ғафур Ғулом устодона ба ӯзбекӣ баргардондааст. Баргардонишаш аз Мирзо Турсунзода низ қобили таваҷҷӯҳ.
Ба забон ва адабиёти тоҷик, ки меҳри ҷудогона дошт, тарҷумаҳои ӯ аз форсӣ-тоҷикӣ ба ӯзбекӣ табиӣ, равону оҳангнок, ба оригинал наздик баромадаанд.
М. ШОДИЕВ.