«МЕҲРИ ДИЛ» БОҒЧА БУНЁД КАРД

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Адолат»-и шаҳри Когон муассисаи нави таълими томактабии давлатии рақами 12 ба истифода супурда шуд.

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Адолат»-и шаҳри Когон муассисаи нави таълими томактабии давлатии рақами 12 ба истифода супурда шуд.
Ин бинои замонавӣ, ки дорои воситаҳои таълиму тарбияи муосир асту 280 нафар наврасро дар бар гирифта метавонад, аз ҷониби бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Меҳри дил» бунёд гардид. Барои ин 4 миллиарду 285 миллион сӯм маблағ харҷ шуд. Шабакаи санитарию гигиенӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаҳо мувофиқи синну сол, толори мусиқӣ, ошхона, зали хӯроки умумӣ, айвончаҳои тобистона, майдончаҳои бозӣ барин қулаиҳо бобати истироҳат ва сабақомӯзии табъи дили бачагон мусоидат мекунад. Дар маросими тантанавӣ ҳокими шаҳри Когон Ҳаёт Давлатов алоқамандону ҷамъомадагонро муборакбод намуд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: