МЕҲРИ ВАРЗИШ

Роҳи бисёр паймуд Виктор оҳиста, сабурона ва андешамандона.

Роҳи бисёр паймуд Виктор оҳиста, сабурона ва андешамандона. Охир, роҳи зиндагӣ нишебу фароз, пасту баландиҳо дорад.
Барои он ки ба қуллаи мақсуд расад, давид, обутоб ёфт, пухт. Ҳарчанд роҳҳо пасту баланд буданд, рост рафт, андешаманду солор рафт.
Чун ҳама пешаву ҳунарҳо варзиш ҳам талош, суботу тоқат мехоҳад. Донаи меҳри варзишро ба дили Виктор устодони варзиш, шодравонон Ашӯралӣ Аюбов, Боботулло Максимов кошта буданд. Ҷонфидоиву дӯст доштани ин пеша ба ӯ аз Раҳимҷон Қозиев, Азимҷон Олбобоев, Аминҷон Болтабоев барин собиқадорон, ки ба қавле варзишгарони универсаланд, мерос монда, зеро онҳо ин пешаро на барои худнамоӣ пеш гирифтаанд, балки баҳри нашъунамои ҷавонону наврасон самимӣ ва рушду камоли онҳо ҷон мекоҳонанд. 
Бе ҳеҷ як ибо, холис аз панду андарзҳояшон баҳра мебарад, насиҳаташонро ба замин намемонад. 
Гӯё дирӯзакак буд, аллакай ба фаъолияти меҳнатии Виктор, ки худ зодаи деҳаи Ровони Сӯх аст, соли равон бисту шаш сол сипарӣ шудааст.
Дар ин байн беш аз 13 ҳазор нафар ниҳолони боғи варзиш аз дасти ӯ нашъунамо ёфтанд, бору самар оварданд. 
Ҳудуди рафту омади Виктор дуру дароз аст, шогирдонаш дона-дона ҳар куҷои Сӯх месабзанд. 
– Шогирдон бояд, – мегӯяд мураббии бахши каратэ Виктор Муқаддасов, – пеш аз ҳама ба зебоии ботинию зоҳирӣ, тартибу интизом, иффатҳои одамию эҳтироми дигарон эътибор диҳанд. Ва дигар, риояи қатъӣ ба низоми каратэ, то онҳо дарк кунанд, каратэ ҳам чун ҳама намудҳои варзиш ба солимии ҷисмонию рӯҳӣ, ҳисси Ватандӯстию одампарварӣ равона карда мешавад. 
Алҳол мураббӣ Муқаддасов дар мактаби варзишии бачагону наврасон фаъолият дорад. 
– Хоксору ботаҳаммул аст Виктор, – арзи ифтихор мекунанд ҳамкоронаш, – ба кору вазифааш содиқу ҷонфидо.
Аллакай ниҳолони Виктор бор додаанд. Иштироки варзишгарони наврас дар мусобиқоти вилоятию ҷумҳуриявӣ, турнирҳои байналхалқӣ босамар буда, дар худи ду соли охир беш аз 300 нафар дар сафи ҷоизадорон қарор гирифтанд. 
Меҳнати Виктор бесамар намеравад. Соли 2017 барои ҳиссаи сазовораш дар рушду нумӯъи каратэ дар ҷумҳурӣ, баромади каратэистони ҷавон дар арсаҳои ҷаҳонӣ ва фаъолияти амалиаш аз тарафи президенти Федератсияи миллии каратэи Ӯзбекистон А. Муллоев бо «Ташаккурнома», ҳамчунин «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилӣ қадр шудааст. «Ифтихорнома»-ҳои бешумори вилоятиву ноҳиявӣ далели самараи фаъолияти мураббӣ Виктор Муқаддасов мебошад.

Аваз НАЗАРҚУЛОВ,
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: