МЕҲРИ ВАТАН

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам. Ҳабиб ЮСУФӢ

Дар халқ «Одами беватан – булбули бечаман» мегӯянд. Дар ин зарбулмасали халқӣ қадру қимат ва азизу муқаддас будани Ватан арзёбӣ гардидааст. Касе, ки Ватан дорад, одами хушбахт аст. Онҳое, ки Ватанро гузошта ба ғарибиву мусофират мераванд, эҳсос менамоянд, ки хору хаси Ватан азиз аст. Ишқи Ватан онҳоро як лаҳза ором намегузорад.
Нависандаи доғистонӣ Расул Ғамзатов дар «Доғистони ман» меоварад, ки доғистониҳо зимни аз Ватан берун рафтан ҳатто пойафзорашонро меафшонанд, то ки гарду чанги Ватани хешро бо худ набаранд. Дар ин ҷо аз як тараф камзаминии Доғистон нишон дода шуда бошад, аз тарафи дигар азизии хоки Ватан талқин карда мешавад. Яъне, хоки Ватанро берун набурдан, қимати баланд доштани ҳар зарраи он мадди назар аст, аз ин рӯ, чун гавҳараки чашм ҳифз намудани Ватан тарғиб мегардад, ғояи асосӣ маҳсуб ёфтааст. 
Нависандаи ватандӯст натанҳо камзаминии Доғистонро дар назар дорад, балки аз нигоҳи ӯ ҳар зарраи хоки Ватан арҷ дорад. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ бошад, дар оғӯши Ватани маҳбуб буданро ба навозиши гарми модар монанд мекунад:
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтёр.
Суруди машҳури «Дилам меҳод ба Исфаҳон багардад» дар репертуари овозхони эронӣ Муин ҷойгоҳи алоҳида дорад. Муин баробари ҳазорҳо тан ҳамватанони худ дар ёди ёру диёр нола мекунад. Ҳаҷру фироқ ва дурии Ватан дар ин суруд хеле мутаассир тараннум карда мешавад. Овозхон ҳамчун каси аз Ватан дурафтода ба ёди Ватани кӯчак – Исфаҳон мегиряд:
Дилам меҳод ба Исфаҳон баргардад,
Боз ҳам ба он нисфи ҷаҳон баргардад.
Бо ин суруди дилангез ҳазорҳо ҳамватанонашро ба Ватани бумӣ баргардондан мехоҳад:
Бирам он ҷо нишинам дар канори Зояндарӯд,
Бихонам аз таҳи дил таронаву шеъру суруд.
Солҳое, ки дар ҷумҳурии ҳамсоя кашмакашҳо анҷом ёфта, вазъият ба эътидол омад, ҳазорҳо нафар фирориёнро аз хоки афғон баргардондан лозим буд. Дар радио барномаи «Хоки Ватан» ташкил гардид. Дар ин барнома меҳри Ватану ватандорӣ тарғиб карда мешуд. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо дари имкониятҳои васеъ боз шуд. Сарвари давлат онҳоеро, ки аз кори худ сахт пушаймон шуда тавба кардаанд, афв кард. Аз гуноҳашон гузашта ба Ватан даъват намуд. Қисми зиёди онҳо аз кардаи худ пушаймон шуда, ба Ватан бармегарданд. Бале, Ватан ҳамеша паноҳгоҳи шаҳрвандон аст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: