Ҷашнвораи байналхалқии зардӯзӣ, заргарӣ, кашидадӯзӣ дар Бухоро анҷом ёфт
Бо ташаббуси сарвари давлат 29 апрели соли 2021 дар бораи дар шаҳри Бухоро ташкил намудани фестивали байналхалқии зардӯзию заргарӣ қарор қабул гардида буд. Бо мақсади намунавӣ созмон додани ин тадбир дар шаҳри бостонӣ тайёрии ҳаматарафа дида шуд. Чорабинӣ, ки 21-25 майи соли ҷорӣ дар Бухорои шариф бо рӯҳбаландии ба худ хос баргузор гардид, дар ҳаёти шаҳри кӯҳна ҳамчун воқеаи таърихӣ нақш гузошт.
Ин фестивал, ки ба маънои томаш ба иди ҳақиқии дӯстию ҳунармандӣ, якдилию меҳру оқибат табдил ёфт, баҳри пос доштани анъанаҳои қадимии ниёгон, рушд додани ҳунарҳои асили қадимии мардум, инкишоф додани робитаҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани мақоми ҳунарманд дар ҷомеа, тарғиби ҳунаромӯзӣ ба наврасон ва садоқат ба ҳунарҳои нодири аҷдодӣ аҳамияти нотакрор дорад. Маълум аст, ки ин ҷашнвора дар Бухоро бори аввал ба вуқӯъ омада, дар ҳар ду сол як бор баргузоршавии он дар ин ҷо минбаъд ранги одатро мегирад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар арафаи фестивал ба Бухоро президенти Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон Саъд-ал Каддумӣ ташриф овард. Дар тадбир бештар аз 50 мамлакати ҷаҳон 150 нафар ҳунармандон иштирок карданд.
Ҳарчанд ки номусоидии обуҳаво ба фестивал халал расонд, ҷараёни фестивал мувофиқи барномаи пешакӣ таҳияёфта идома ёфт. Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон ба шаҳри Бухоро дода шудани мақоми «Шаҳри ҳунармандии ҷаҳон» маълум карда шуд. То ҳол дар олам 30-то шаҳр, аз ҷумла дар соли 2019 шаҳри Қӯқанд сазовори чунин ном гаштааст.
Фестивал бо паради ҳунармандони маҳаллию хориҷӣ аз маҷмӯи Лаби ҳавз то қалъаи Арк ба тарзи тантанавӣ оғоз ёфт. Бояд таъкид намуд, ки дар ду тарафи роҳ аз қалъаи Арк то маҷмӯи Пои Калон қатораи дуконҳои савдои ҳунармандони вилоятҳои ҷумҳурию мамлакатҳои хориҷӣ ҷойгузин шуда, дар онҳо ҷараёни савдои маҳсули дастони эшон ҷӯш мезад. Мо дӯконҳои қаторро аз назар гузаронида, ба навиштаҷоти болои онҳо мароқ зоҳир кардем: ба ғайр аз шаҳри Тошканд Ҷумҳурии Қароқалпоқистону вилоятҳои ҷумҳурӣ, дар қатори поён дуконҳои мамлакатҳои хориҷӣ Бразилия, Австралия, Эрон, Фаластин, Фаронса, Гурҷистон, Ҳиндустон, Испания, Туркманистон, Туркия, Қазоқистон, Алҷазоир, Лаос, Лубнон, Малайзия, Малӣ, Марокаш, Намибия, Индонезия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Қирғизистон, Кувайт, Русия, Шветсия, Тунис, Тайланд, Тоҷикистон ва ғайра диққатамонро сӯйи худ кашид. Ҳунарманди бразилиягӣ Фабиана Арантес чанд сол муқаддам ба фестивали Қӯқанд низ омада будааст.
Суҳбати мо бо меҳмон аз вилояти Суғди Тоҷикистон, ҳунарманд, тарроҳ, журналист Салимабону Каримова қӯр гирифт. Вай бо маҳсули дастонаш борҳо ин ҷо омадааст. Лавҳаи зардӯзии вай – мулоқоти ду президент: Э.Раҳмон ва Ш.Мирзиёев беихтиёр диққати ҳар як бинандаро сӯйи худ мекашид.
– Шукри роҳбарони оқилу доно, ки риштаи дӯстии моро боз ба ҳам пайвастанд, – гуфт вай ва ин шеъри падари худ Абдулмаҷиди Хуҷандиро илова намуд:
Дӯстон, моён саломи
тоҷикон овардаем,
Меҳру лутфу эҳтироми
тоҷикон овардаем.
Тӯшаи аҳли сафо аз баҳри
одам дӯстист,
Дӯстиро ҳам зи номи
тоҷикон овардаем.
Дар шаҳри кӯҳнаи Бухоро тадбирҳои гуногун дар доираи барномаи фестивал ба амал меомаданд. Намоиши ҳунарҳои лӯхтаку дорбозӣ, барномаҳои консертии дастаҳои фолкорӣ ва садоратҳои вилоятҳо, озмуни ош, дарсҳои маҳорати ҳунармандони маҳаллию хориҷӣ, тақдимоти китобҳои «Санъати заргарию зардӯзии Ӯзбекистон», «Санъати зардӯзӣ», саёҳат ба устохонаҳои зардӯз ва заргарони машҳури шаҳри Бухоро, озмун байни ҳунармандони маҳаллию хориҷӣ оид ба 12 номинатсия, конференсияи илмию амалии «Пешомадҳои рушди санъати зардӯзӣ, заргарӣ ва кашидадӯзии анъанавӣ», сайрҳои халқӣ, ҳафтаи мӯди «Bukhara Fachion days», маросими кушодашавии «Маркази зардӯзӣ ва ҳунармандии Малика Султон», «Фестивали ҷумҳуриявии иҷрокунандагони ҷавони «Шашмақом» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо буданд. Имрӯз дар Бухоро ҳунармандию ҳунаромӯзӣ вусъат меёбад. Ҳоло дар шаҳр 800 нафар усто фаъолият дошта, онҳо ба 500 нафар шогирдон бо услуби «устою шогирд» асрори ҳунар меомӯзанд.
Дар ҷараёни фестивал ба масъалаи харҷи молиявии тадбир дахолат карда, гуфтанд, ки барои он қариб 14 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардида, нисфи он аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва нисфи дигараш аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад. Ҳунармандон ба фестивал барои фурӯш 10 килограмм маҳсулоти тиллоӣ ва 22 килограмм ашёи нуқрагин овардаанд. Ба ғолибони фестивали байналхалқӣ ба андозаи 45 ҳазор доллари ИМА мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.
Суратгир: Т.ИСТАДОВ (ӮзА).