МЕҲРУБОНӢ КУН БА ҶАШНИ МЕҲРГОНУ РӮЗИ МЕҲР...

Чорабинии адабию фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки бо иштироки фаъоли хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯка дар доираи моҳонаи фаннии синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид, хотирмон буд.

Чорабинии адабию фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки бо иштироки фаъоли хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯка дар доираи моҳонаи фаннии синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид, хотирмон буд. Дар саҳни мактаб маҳсулоти меваву сабзавот, ки аз ҳосили фаровони деҳқонони деҳа дарак медиҳад, гузошта шуда буд, ба ҷашн ҳусни дучанд бахшид. Дар чорабинии ҷашни  Меҳргон  аз ҷониби шогирдони омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактаб аз қабили Восеъ Рабиев, Тоҷиддин Шодиев, Инобат Мирова, Муҳаммадзамон Абдуллоев, Абдуфаттоҳ Маллаев, Комрон Валиев, Ҳасан Содиқов, Зайнура Абдуллоева ва дигарон  шеърҳо дар васфи Ватан, дӯстӣ, илму дониш, китоб, ҳосил, рақсу мусиқӣ ва саҳнаҳои бадеӣ қироат ва намоиш дода шуданд, ки ба иштирокдорони чорабинӣ рӯҳи болида бахшид. 
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби роҳбари методии синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарияти мактаб ба хонандагони фаъол ифтихорномаҳо супурда шуданд.
 
Суратгир: 
М. ҚОДИРЗОДА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: