“МИКРОКРЕДИТБОНК” – ДАР ХИДМАТИ АҲОЛӢ

Дирӯз дар Маркази матбуоти миллии пойтахт дар мавзӯи “Корҳое, ки аз ҷониби «Микрокредитбонк» дар тӯли соли 2021 анҷом дода шудаанд ва нақшаҳои ояндаи он» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Директори департаменти бонк Алишер Мустафоев гуфт, ки ҳоло 71 шуъбаи бонк, 90 маркази хизмати бонкӣ, 24 бонки хурд, 120 офиси худхизматгузорӣ, 150 кассаи махсус ба наздик 250 ҳазор шахси ҳуқуқӣ ва беш аз 1250 ҳазор шахси ҷисмонӣ хидмат мекунад. Соли гузашта аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ ҷамъ ба миқдори 5,2 трлн. сӯм кредит ҷудо карда шуд, ки дар натиҷаи ин қариб 95 ҳазор нафар ҷойи кори доимӣ пайдо карданд. 
– Хусусан, – таъкид намуд ӯ, – бино ба барномаи рушди соҳибкории оилавӣ ба 72 715 нафар аҳолӣ ва субъекти соҳибкорӣ ба миқдори зиёда аз 2 миллиард сӯм кредит ҷудо карда шуд. Ин амалиёт имкон дод, ки беш аз 81 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шавад. 
Дар Муроҷиатномаи Президент оиди ба соҳибкорӣ ҷалб кардани ҷавонон ва бо кор таъмин кардани онҳо дар назди бонкҳо вазифаҳои муайян гузошта шудаанд. Ба мақсади иҷрои ин вазифа аз ҷониби бонк дар доираи барномаҳои иҷтимоӣ барои ташкили тиҷорати худ ба ҷавонон беш аз 1 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карда шуд. Дар натиҷа наздик ба 45 ҳазор ҷавонон тиҷорати худро ташкил доданд ва қариб 49 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Наздик ба 28 ҳазор нафаре, ки дар минтақаҳо ба “Дафтари оҳанин”, “Дафтари ҷавонон” ва “Дафтари занон” дохил шудаанд, ба миқдори 633 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карда шуд. Ин ҳама имкон дод, ки қишри ниёзманди аҳолӣ дар зиндагӣ роҳи худро пайдо кунад. 
Дар бонк аз хизмати онлайн низ истифода бурда мешавад. Кору фаъолияти бонк барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум нигаронда шудааст. 
Бонк дар соли ҷорӣ хеле корҳоро анҷом доданист. Дар давоми чорабинӣ ходимони масъул ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: