Дар зиндагӣ ҳар як инсон орзу мекунад, ки соҳиби кори доимӣ гардида, дар шароити муносиб меҳнат кунад ва даромади хуб ба даст орад.
Агар инсон ҷойи кори доимӣ дошта бошад, дар зиндагӣ бо мақсадҳои бузург умр ба сар мебарад, дар оилааш осоиштагӣ ҳукм ронда, кораш барор мегирад.
Аз ин рӯ, дар маркази ислоҳоте, ки солҳои охир дар кишварамон татбиқ мегарданд, пеш аз ҳама, ғояи неке, ки ба гиромидошти инсон нигаронда шудааст, муҷассам аст. Зеро, дар он ҷое, ки мардум қаноатманданд, баракат, ободӣ, пешравӣ мешавад. Дар ин бобат дар қонунҳое, ки аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ қабул мешаванд, низ манфиати халқ ифода меёбад, ки сазовори эътибор аст.
Агар бигӯем, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои меъёрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба коҳиш додани ҳиссаи шуғли ғайрирасмӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави ташаккули мувозинати захираҳои меҳнатӣ дар асоси муносибатҳои замонавӣ нигаронда шудааст», яке аз ҳуҷҷатҳои халқпарвар гардид, муболиға нахоҳад шуд.
Сабаб он аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси пешниҳоду андешаҳои сокинон дар рафти пурсишҳо бо шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё, водӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, таҳия шудааст.
Бо ин ҳуҷҷат ба моддаи 408-уми Кодекси андоз дар таҳрири нав тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, миқдори андози иҷтимоӣ барои шахсони воқеӣ, яъне кормандони онҳо, ки ба ғайр аз соҳибкорони инфиродӣ, ки дар маҷмааҳои савдо ва бозорҳо фаъолият нишон медиҳанд, бо дигар соҳибкорони инфиродӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, аз 50 фоизи андозаи ҳисоби базавии ҳармоҳа соле ба миқдори як баробари андозаи ҳисоби базавӣ кам карда мешавад. Инчунин аз қисми дуюми моддаи 11-уми Қонун «Дар бораи хоҷагии наздиҳавлӣ» пешниҳод карда мешавад, ки талабот нисбат ба майдони қитъаи замини соҳиби мулк ё саршумори чорвои калони шохдор ва паррандае, ки дар онҳо нигоҳ дошта мешаванд, хориҷ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз 8458 нафар кормандони кироя дар соҳаи соҳибкории инфиродӣ расман кор мекунанд ва сол аз сол кам шудани шумораи онҳо дар назар аст. Аз ҷумла, дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 501 нафар кам шудааст. Аз ин шумор 2962 нафар дар маҷмааҳои савдо ва бозорҳо ва 5496 нафар дар дигар соҳаҳо кор мекунанд.
Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар натиҷаи қабули лоиҳаи қонун дар соли 2023 аз ҳисоби меъёри сабуккунандаи андози иҷтимоӣ дар ихтиёри андозсупорандагон боқӣ монондани 8,2 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
Инчунин, агар камаш 10фоизи 714 ҳазор нафар коргарони кироя, ки дар соҳибкорони инфиродӣ ғайрирасмӣ кор мекунанд, бар ивази сабукие, ки ба коргарони кироя дода мешавад, бо кори расмӣ таъмин карда шаванд, ба буҷа 21,4 миллиард сӯм маблағи иловагӣ дохил мешавад. Дар ин бобат таваҷҷуҳи асосӣ на ба воридоти андоз ба буҷа, балки бар он нигаронда мешавад, ки шаҳрвандони ғайрирасмӣ бо шуғли расмӣ таъмин карда, соҳиби собиқаи корӣ гардида, ҳангоми расидан ба синни нафақа нафақаи барояшон мақбулро гиранд. Яъне, ба иҷтимоиёт нигаронда шудани лоиҳа низ муҳим мебошад.
Хурсандиовараш он аст, ки бо ба 9 адад зиёд кардани намудҳои шуғл дар заминҳои наздиҳавлӣ, агар дар як сол як шаҳрванд дар як маҳалла дар 9 самт андози иҷтимоӣ пардозад, дар 9406 маҳалла 84,6 ҳазор шаҳрванд аз намуди фаъолияти ғайрирасмӣ ба намуди фаъолияти расмӣ гузаронда мешавад.
Умуман қабули лоиҳаи қонун ба кам кардани бекорӣ дар маҳаллаҳо ва коҳиш додани ҳисси шуғли ғайрирасмӣ ва зиёд кардани ҳиссаи шуғли сектори расмӣ хидмат мекунад.
Мухторҷон ҲОҶИМАТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.