МИНБАЪД ТАЛОШҲОИ ҲУҚУҚӢ НА БА ФОИДАИ ДАВЛАТ, БАЛКИ ИНСОН ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕШАВАНД

Тӯли солҳои охир Ӯзбекистон дар соҳаҳои эътидоли иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, адолат, озодии сухан ва эътиқод, ҳифзи иҷтимоӣ ба комёбиҳо ноил гардид.

Аз ҷумла бисёр маҳдудиятҳо дар тарзи ҳаёти ҳамарӯзаи шаҳрвандон, ҳаллу фасли масъалаҳои молиявӣ ва вомӣ аз байн бардошта шуданд.
Чунончӣ, дар гузашта маҳкум шудани нафаре аз оила ҳуқуқи аъзои дигари хонаводаро низ дар ҷомеа маҳдуд мекард. Чунин муносибат вобаста ба ислоҳот бобати таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз байн бардошта шуд. Муқаррар гардид, ки танҳо маҳкумшуда барои хатоиҳое, ки дониста ё надониста содир кардааст, ҷавобгар мебошад. 
Вале бояд ҳифзи конститутсионии чунин тағйиротро таъмин кард. Барои он ки аз чунин ҳуқуқ ва озодиҳо нафақат насли имрӯз, балки ояндагон низ озодона истифода баранд, зарур аст, ки онҳо дар Сарқонун сабт ёбанд. 
Ҳамин тариқ, дар доираи Ислоҳоти конститутсионӣ ба он як қатор тағйирот ва иловаҳое, ки ғоя ва қоидаҳои зеринро инъикос мекунанд, ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, моддаи 20-уми Сарқонуни нав тамоми зиддиятҳо ва номафҳумиҳоро дар қонунгузорӣ, ки ҳангоми муносибатҳои тарафайни инсон бо мақомоти давлатӣ ба амал меоянд, ба манфиати инсон талқин мекунад. 
Бешубҳа, дар ин маврид метавонад саволи асоснок дар бораи он ба миён ояд, ки ин меъёр ба шаҳрвандон чӣ гуна имкониятҳо медиҳад? Дар ҷомеа инсоне нест, ки тӯли ҳаёти худ бинобар ин ё он масъала ба мақомоти давлатӣ муроҷиат накунад. Ҳаллу фасли онҳо вазифаи асосии мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Танзими муносибатҳои  байни одамон ва мақомоти давлатӣ аз тариқи қонунгузорӣ раванди қонунист. 
Қонунгузорӣ ва меъёрҳое, ки дар он муайян шудаанд, на ҳама вақт мукаммал мебошанд. Бигирем, тартиби ҷазодиҳӣ, ки нисбати ягон соҳибкор истифода мешавад, метавонад бинобар зиддиятҳои қонунгузории мо ё худ қарорҳои ҳукумат мухталиф бошад. Минбаъд дар чунин вазъият соҳибкор барои он ки худро сафед кунад, роҳҳои ҳаллу фасли онро намеҷӯяд, зеро дар меъёре, ки ба Конститутсия ворид карда мешавад, қатъиян сабт меёбад, ки чунин зиддият на ба фоидаи давлат, балки  манфиати инсон ҳаллу фасл хоҳад шуд. 
Сабти раванди мазкур дар сатҳи Сарқонун ба татбиқ гардидани раванди «инсон – ҷомеа – давлат», ки яке аз ғояҳои асосии сохтмони Ӯзбекистон Нав ба шумор меравад, хидмат хоҳад кард. 
Баробари ин, дар моддаи 27-ум сабт меёбад, ки ягон кас набояд ба маҳкумшавӣ, боздошт, маҳкумии таҳти назорат, нигаҳдории таҳти назорат ё худ дигар навъи маҳдуд кардани озодӣ таъқиб карда шавад, ин ҳолат танҳо дар асоси қонун ва фақат мувофиқи қарори суд амалӣ мегардад. 
Ин маънои дар пояи Қонуни асосӣ қатъиян сабт ёфтани яке аз идораҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон аз тариқи ҳуҷҷати суд – Ҳайати Хабеас аст. Ин ҷараёни муваффақ шудан ба адолатро ба сатҳи нав мебардорад.       
Баробари ин дар Сарқонуни нав як қатор меъёрҳое сабт меёбанд, ки ба ҷорӣ намудани идоракунии самарабахш, зудамал ва халқии давлат, мустаҳкам кардани парлумон, вусъат додани ҳуқуқ ва имкониятҳои ҷавонон барои донишомӯзӣ нигаронида шудаанд.
Таҷассуми амалии ин меъёрҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи мо аз фаъолнокиамон дар раъйпурсӣ, ки 30 апрел баргузор мегардад, вобаста аст. Бинобар ҳамин ҳам, ман ҳамчун намояндаи халқ тамоми ҳамватанонро ба иштироки фаъол дар раъйпурсӣ даъват менамоям.

Олтиной МАМИРОВА, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: