Суханони як шиносам, ки солҳои зиёд дар риштаи таълими олӣ фаъолият бурда, баъд ба соҳаи савдо гузаштааст, ба ман сахт таъсир гузошт.
Номзади илм, ҳамоне, ки худро ҳанӯз зиёӣ меҳисобад, асное вохӯрдем, гуфт: «Умуман рӯзнома нахонда мондаам, сари худ банд карда чӣ кор мекунам?»
Бовар кардан душвор, аммо ӯ ҳақиқатан ҳамин тавр гуфт.
Ҷои корамон матбуот буданашро дониста, «хонда истодаем, чизҳои хуб ҳам чоп мешаванд» гуфтанаш ҳам мумкин буд. Ба ҷои дурӯғ рости гапро гуфтан маъқул...
Суханони вай ҳанӯз дар паси гӯшҳоям садо медиҳанд. Мо барои кӣ кор мекунем? Шомро ба субҳ пайваста, заҳматҳое, ки мекашем, барои кӣ? Зиёӣ, ки ҳаёти худро бе рӯзнома, бе матбуот тасаввур мекунад, аз дигарҳо чиро интизор шудан мумкин?
Ин саволро ба ходими собиқадори соҳаи матбуот додам. Ҳам бо ин пурсиш ба ҷавононе рӯй овардам, ки ба олами журналистика нав қадам мегузоранд. Ва, ниҳоят, чунин пурсуҷӯро ба виҷдони худ низ нигарондам.
«Аз ин ҳол ҳайрон нашавед, ҳар кас ба таъби худ нигариста кор мекунад».
«Аз ин мебарояд, ҳусни таваҷҷӯҳи он гуна зиёиҳоро ба худ намекашем».
«Вақтҳои охир танқид кам шуд. Одамҳо ба маводи танқидӣ таваҷҷӯҳ менигаронанд».
«Зиёӣ низ намояндаи маънавият, пӯсидани савияи ӯро бояд фош намуд».
Мисле ҷаҳонбинии пурсидашудагон ҳархела, ҷавобҳо низ гуна-гуна буданд. Аммо фикри муштарак ҳамин, ки бобати баланд бардоштани ҷозибанокии нашрҳои давриамон норасоиҳо хеле зиёд.
Хӯш, рӯзномахони имрӯзаро чӣ бештар ҷалб месозад?
Рӯзномаҳои хусусии кӯчагӣ барои ба ин савол ҷавоб пайдо кардан ҳаракат доранд. Нафақат дар саҳифаҳои дарун, балки дар муқова ба сарлавҳаҳои ҷолиб дучор меоем. «Кӯдаки дар қабристон ёфтшуда», «Фалон ҳунарпешаро чаро кӯфтанд?», «Қотили модар», «Фоҷиа дар зиёфат» барин навиштаҳо рӯзномахонро ба худ ҷалб мекунанд. Гирифта хонед, мефаҳмед, ки ягон воқеаи фавқулодда рӯй надодааст.
Масалан, актёрро кӣ калтак кардааст гӯед, маълум мешавад, ки вай аснои иҷрои нақш барои кино ба ин ҳолат афтода будааст.
Ҳаёти инсон на ҳамеша аз воқеаҳои сурурбахш ва дилкушо иборат.
Вай дар ҷодаи пурпечутоби зиндагӣ заҳмат мекашад, чӣ қадар ағбаҳоро гузашта, вазифаҳои муҳим ва масъулиятнокро ба иҷро мерасонад. Қувваҳои эҷодӣ низ дар ин бобат фидокорӣ нишон дода, вазифаҳои нек ва шарафнокашонро сидқидилона ба иҷро мерасонанд.
Журналистикаи моро аксар маврид бо қафомонӣ аз матбуоти Ғарб айбдор мекунанд. Аз рӯи моҳият, фикр мекунам, ин чандон дуруст нест. «Гил»-и мо ва онҳоро аз дигар-дигар ҷойҳо сириштаанд.
Масалан, дар давраи иттиҳод жанри «фелетон» мавриди истифода буд. Шахсе, ки дар фелетон танқид шудааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешуд.
Бисёр нафароне, ки дар матбуоти даврӣ дучори танқид шудаанд, паси панҷара нишастаанд. Дар ҷамъияти демократии адолатнок бошад, ҳар як инсон баъде мурофиаи судӣ айбашро исбот намуд, ба ҷазо кашида мешавад. Ӯро пешакӣ ҷинояткор гуфтан нафақат ба қонунгузории ҷории мо, балки ба қонунияти аксарияти давлатҳои дунё зид аст.
Аз табиати халқи худамон ҳам баромада омада, матбуоти моро ба тарозуи дигарон чен кардан ё баҳо додан аз рӯи адолат нест. Андеша, меҳру оқибат барин фазилатҳо ба назари зумрае чун норасоӣ расиданаш мумкин.
Баъзеҳо мафтуни матбуоти Аврупо.
Ҳол он ки нашрҳои даврии он тарафҳоро хонед, гӯё аз пагоҳ-фардо охирзамон мерасида бошад. Кас, бидуни ихтиёр, ба воҳима меафтад.
Баъзе ҳафтаномаҳои бисёрадади мо низ ба эълон кардани хабару мақолаҳои ҳангомапараст одат кардаанд. Дар баъзе суҳбат бо шахсиятҳои маъруф аз коста шудани меҳру оқибат, хира сӯхтани чароғи маънавият, дар лаби варта қарор доштани инсоният сухан меравад. Як лаҳза истед, ҳамкасб! Вазифаи матбуот аҳли ҷомеаро ба накӯкорию бунёдгарӣ раҳнамун сохтан ё ӯро ба тарсу воҳима андохтан?
Дар муносибат ба танқид низ нуқтаи назари худро дорем. Муаллифе, ки теғи танқид ба даст дорад, аввало, набояд фарзанд ва шаҳрванди кадом мамлакат будани худро фаромӯш созад.
Дар вақти бонг задан оиди норасоӣ дар ҷойҳо мувозинати паллаҳои тарозуро набояд аз назар дур намуд.
Суханоне, ки фошофош гуфта шудааст, аз ҷониби шунаванда дуруст қабул мешавад. Баръакс, гаперо, ки якбора гуфта шудааст, ба тарошаи аз бом афтода монанд мекунанд.
Пиндошт ва нуқтаи назари баъзе ҳамкасбҳоямон, ки худро ҷасур ва демократ меҳисобанд, на ҳамеша ба табиати мо созгоранд. Онҳо зери ниқоби «ошкороӣ» аз доғдор кардани шаъни инсонҳое, ки ба ҳурмати умум сазоворанд, рӯй намегардонанд.
Ин гуна ҳаракатҳо дар мо ба рӯй тохтан, берӯӣ, беандешагӣ номида мешавад.
Саҳифаи матбуот минбари ба худ хоси мулоқот бо омма аст. Дар минбар бошад, гапи ба даҳон омадаро гуфтан, дар навбати аввал,обрӯи нотиқро мерезонад. Дар байни санъаткорон мафҳуме роиҷ бо унвони «саҳна – ҷои муқаддас». Минбари матбуот низ маконест мадди назари халқ.
Дар он суханоне баён мешаванд, ки ба тафаккуру шуури ҳазорон рӯзномахонон равона мегарданд. Дар ҳамин хусус фикр намоем, дар зиммаамон вогузор будани чӣ қадар масъулияти бузургро ҳис мекунем.
Шӯҳрат ҶАББОРОВ,
Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон.