МИННАТДОРӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН

Сарвари ҶМЧ ба Президенти Ӯзбекистон барои ҳамдардӣ ва кӯмак ба халқи Чин сипосгузорӣ кард

Дар номаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта мешавад:
«Муҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо барои ҳамдардиатон вобаста ба муборизаи Чин бар зидди хурӯҷи коронавирус самимона миннатдорӣ баён мекунам.
Тавре ки мегӯянд, чун дар ягон ҷо мусибате рух медиҳад, аз ҳама ҷониб кӯмак мерасад. Ҷомеаи байналхалқӣ, аз ҷумла, Ӯзбекистон, ба ҳукумат ва халқи Чин бо воситаҳои гуногун ҳамдардиву кӯмак мекунанд, ки ин куллан муносибати дӯстонаро нисбати мо намоиш дод.
Ҷониби Чин муътақид аст, ки дар пешгирӣ ва аз байн бурдани эпидемия ғолиб меояд ва тайёр аст дар роҳи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ дар тамоми ҷаҳон саҳми худро гузорад.
Ман ба пешбурди муносибатҳои чиниву ӯзбекистонӣ эътибори зиёд медиҳам ва омодаам қаробати наздикро бо Шумо дастгирӣ кунам.
Ба Шумо саломатии мустаҳкам ва дар корҳоятон комёбиҳо, ба Ӯзбекистони  бародар шукуфоиву некӯҳолӣ орзу мекунам.
Си СЗИНПИН, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин».

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: