МИҚДОРИ ДЕПОЗИТҲО 9,4 ФОИЗ АФЗУДААСТ

Бонки тиҷоративу саҳҳомии «Туронбанк» 34 сол инҷониб дар бозори молияи Ӯзбекистон бо 20 маркази хидматӣ ва зиёда аз 60 офиси худ дар саросари ҷумҳурӣ ба шахсони ҳуқуқиву ҷисмонӣ хидмати босифат мерасонад.

Дар нишасти матбуотие, ки ходимони бонк дар маркази матбуоти миллӣ баргузор намуд, корҳои дар соли ҷорӣ амалишуда таҳлил гардиданд.

– То ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ ҷамъи сармояи бонк 1 триллиону 917 миллиард сӯмро ташкил намуд, – маълумот дод муовини раиси иҷроияи бонк Зоҳидҷон Обидов. – Аз аввали сол миқдори депозитҳое, ки ба он аз шахсони ҳуқуқиву ҷисмонӣ ҷалб шудааст, ба 5 триллиону 97 миллиард сӯм расид. Ин миқдор нисбати соли гузашта 9,4 фоиз зиёд мебошад.

Аз маълумотҳо бармеояд, ки давоми соли 2024 аз ҷониби бонк ба 543 нафар шахсони ҷисмонӣ барои кредити ипотекӣ, ба 8 ҳазору 515 нафар барои бо ҷойи кор бандшавӣ, ба 2780 нафар микроқарз, ба 510 нафар барои кредити автомобил, ба 2141 донишҷӯй барои пардохти таълим ва ба 5658 нафар аз тариқи онлайн ҷамъ ба миқдори 476,6 миллиард сӯм маблағ ҷудо кардаанд.

Инчунин амонатҳои «Премиум», «Келажак пойдевори», «Устувор», «Имконият плюс», «Максимум онлайн» дар хидмати мизоҷон мебошанд. То ҳолати 1 ноябр боқимондаи амонати шахсони ҷисмонӣ 1 триллиону 577 миллиард сӯмро ташкил карда, он нисбати соли гузашта 26 фоиз афзудааст.

Имрӯзҳо аз ҷониби «Туронбанк» дар ҷумҳурӣ барои нақд кардани пули кортҳои пластикӣ 143 банкомат дар самти «UzCard», 133-то «Humo» ва 62-тоаш барои ивазкунии пули хориҷӣ гузошта шудааст.

Бонки мазкур ба мизоҷоне, ки ба хонаву ҷой эҳтиёҷ доранд, кредити ипотекӣ тақдим менамояд. Мувофиқи он барои шахсоне, ки аз бозори «аввал» ва ё «дуюмӣ» хона хариданӣ бошанд, ба муддати аз 10 то 20 сол (фоизи солонааш 17,5) ба миқдори 420 миллион сӯм кредити ипотека ҷудо мекунад.

Г. КАБИРОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: