Миқёси бо манзил таъмин намудани аҳолӣ боз ҳам васеъ мешавад

  • Миқёси бо манзил таъмин намудани аҳолӣ боз ҳам васеъ мешавад
  • Миқёси бо манзил таъмин намудани аҳолӣ боз ҳам васеъ мешавад
  • Миқёси бо манзил таъмин намудани аҳолӣ боз ҳам васеъ мешавад
  • Миқёси бо манзил таъмин намудани аҳолӣ боз ҳам васеъ мешавад
  • Миқёси бо манзил таъмин намудани аҳолӣ боз ҳам васеъ мешавад
  • Миқёси бо манзил таъмин намудани аҳолӣ боз ҳам васеъ мешавад

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 5 апрел оид ба масъалаҳои сохтмони манзили нав ва афзалиятҳои барномаи ипотекӣ барои соли 2023 ҷамъомадаи видеоселекторӣ баргузор гардид.

Дар давоми шаш соли охир аҳолии мамлакати мо 5,5 миллион нафар афзуда, аз 36 миллион нафар гузашт. Барои ба одамон муҳайё кардани шароити муътадили зисту зиндагонӣ сохтмони васеъмиқёси манзил cap шуд.

Аз ҷумла, аз соли 2017 то инҷониб 326 ҳазор хонаи нав ба истифода дода шуд. Таъминоти манзил ба ҳар cap аҳолӣ 18 фоиз афзуд.

Барои ин дар се соли охир бонкҳо ба 210 ҳазор оила 33 триллион сӯм қарзи ипотекӣ ҷудо кардаанд. 73 ҳазор оилаи камтаъмин ба маблағи 1,3 триллион сӯм барои пардохти қисми аввал ва фоизҳои кредит кӯмакпулӣ гирифтанд.

Дар натиҷаи ба соҳа ҷорӣ намудани принсипҳои бозаргонӣ садҳо корхонаҳои хусусӣ ба вуҷуд омаданд. Барои сохтани биноҳои серошёна бо истифода аз конструксияҳои васлшавандаи оҳану бетонӣ 11 кластерҳои калон ташкил карда шуданд. Бо фароҳам овардани шароит барои соҳибкорон истеҳсолот афзоиш ёфта, арзиши маводе, аз қабили семент, газоблок, череписа, плитаҳои кафелӣ, керамогранит арзон гардид.

Ин кор соли гузашта, ки вақте манзилҳои бисёрошёнаи 60 ҳазор ҳуҷрадор сохта шуданд, пай дар пай давом дода шуд. Барномаи сохтмони 31 массиви «Янги Ӯзбекистон» оғоз ёфт.

Дар ҷамъомад рафти иҷрои барнома аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромада шуд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи интихоби дурусти қитъаҳои замин ва фароҳам овардани инфрасохтор дар шаҳрҳои Андиҷону Хоразм корҳои намунавӣ ба роҳ монда шуда, дар дигар минтақаҳо сохтмони мавзеъҳо ба таъхир афтодааст. Ба ҳамин муносибат нисбати муовинони ҳокимони оид ба сохтмони вилоятҳои  Бухоро, Қашқадарё, Навоӣ, Намангон, Самарқанд, Сурхондарё, Сирдарё, Фарғона ва Тошканд ҷаъзои интизомӣ эълон карда шуд.  Ба масъулин супориш дода шуд, ки масъалаҳои марбут ба инфрасохтор, сохтмон ва фурӯши манзилҳоро ҳал кунанд.

Умуман, имсол бо сохтани 90 ҳазор воҳид манзил 1,5 баробар зиёд кардани ҳаҷми сохтмони манзилгоҳ пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат таъкид кард, ки ин ба афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодии ҳар як минтақа такони бузург медиҳад. Аз ин ру, барои аҳолӣ ва бинокорон дар чор самт имкониятҳои нав муайян карда шудаанд.

Якум, бо мақсади васеъ намудани фарогирии ипотека имкони гирифтани қарз барои шахсони даромади расмиашон нокифоя фароҳам оварда мешавад. Ҳангоми муайян кардани қобилияти пардохтии онҳо муомилот дар кортҳои бонкии онҳо, маблағи барои иҷорапулӣ, хизмати коммуналӣ ва дигар хароҷот пардохташуда низ ба назар гирифта мешавад.

Шаҳрвандоне, ки бадали аввалияро бештар пардохт кардаанд, метавонанд аз бонк қарзи арзонтар гиранд. Бо мақсади тезонданн истифодаи маблағҳое, ки барои дотатсия ҷудо карда мешаванд, муҳлати додани дотатсия аз 12 моҳ ба 4 моҳ кам карда мешавад. Дар баробари ин ба шаҳрвандоне, ки дар давоми ин моҳҳо шаҳодатномаи худро истифода накардаанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дубора барои гирифтани кӯмакпулӣ муроҷиат намоянд.

Ба вазорати иқтисодиёт ва молия оид ба маблағгузории қарзҳои ипотекӣ ва сусидҳо супориш дода шуд.

Лоиҳаи дигаре, ки ба таъмини аҳолӣ бо манзили арзон нигаронида шудааст, барномаи “Аввалин хонаи ман” мебошад. Барои ин дар назди Вазорати сохтмон ширкати махсуси манзил ташкил карда мешавад. Дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд 36 гектар замин ҷудо карда мешавад, ки дар он бунёди 58 бинои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ ва марказҳои фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳисоби ба соҳибкорон фурухтани майдонҳои савдо ва тиҷоратӣ арзиши аслии квартираҳоро арзон кардан мумкин аст.

Ба масъулин супориш дода шуд, ки таҳияи нақшаи генералии мавзеъро ба анҷом расонанд, онро мавриди баррасӣ ва экспертизаи ҷамъиятӣ қарор диҳанд.

Дуюм, бо мақсади коҳиш додани арзиши сохтмон дар давраи то соли 2025 боҷи гумрукӣ барои воридоти чӯб, фанер, қолаби чӯбӣ ва оина бекор карда мешавад. Имтиёзи боҷи гумрукӣ барои сементи навъи олӣ то як соли дигар дароз карда мешавад. Бинобар ин 5 фоиз кам шудани арзиши сохтмони манзил пешбинӣ карда шудааст.

Ба ташкилотҳои пудратӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки ҳар як ошёнаи хонаи сохташавандаро ба сифати гарав истифода баранд, инчунин барои ҳар як ошёна қарз гиранд. Ташкилотҳои бинокорӣ на барои тамоми массив, балки барои як бинои алоҳидаи истиқоматӣ ҷубронпулӣ ва замонат гирифта метавонанд.

Таҷрибаи аз тарафи давлат аз нав маблағгузорӣ кардани қарзҳои банк давом дода мешавад.

 Сеюм, мавҷуд будани коммуникатсия масъалаи асосии сари вақт ба истифода додан ва фуруши манзил мебошад. Дар робита ба ин, ба Вазорати иқтисодиёт ва молия супориш дода шуд, ки барои бунёди инфрасохтор маблағҳои зарурӣ ҷудо кунанд ва ба ҳокимони вилоятҳо супориш дода шуд, ки сохтмони роҳҳои дохилиро дар қитъаҳои нав таъмин намоянд.

Дар шаҳрҳое, ки миқдори зиёди манзили фарсуда доранд, талабот ба барномаи реноватсия меафзояд. Сарвари давлатамон таъкид кард, ки барои ин бояд заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта бошад ва пешниҳод кард, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи реноватсия” таҳия карда шавад.

Мушкилоти дигар ин мувофиқат накардани миқёси сохтмон дар баъзе минтақаҳо ва имкониятҳои инфрасохтори онҳо мебошад. Масалан, ахолии Тошканд ҳар сол 100 ҳазор нафар меафзояд, дар як сол 20 ҳазор хонаи нав талаб карда мешавад. Иншоотҳои обтозакунии шаҳр бо сарбори зиёдатӣ кор мекунанд.

Ба ин муносибат гуфта шуд, ки аз ин ба баъд сармоягузорон-девелоперҳоро метавон ба васеъ намудани шабакаҳои обтаъминкуниву канализатсия, шабакаҳои барқу газопровод ва беҳбуди инфрасохтори роҳҳо ҷалб кард.

Чорум, мақсади барои соли ҷорӣ гузошташуда сохтани 90 ҳазор хонаи истиқоматӣ барои корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ бозори калон ба вучуд меоварад. Дар баробари ин нишон дода мешавад, ки аз 3000 корхонаи истеҳсоли оҳану бетон нисфаш лабораторияи худро надорад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки маҳз ин маҳсулот омили асосие мебошад, ки  ба сифати хонаҳо таъсир мерасонад ва талаб кард, ки озмоишгоҳҳои замонавӣ дар ҳамаи чунин корхонаҳо созмон дода шаванд.

Моҳҳои охир чӣ дар ҷаҳон ва чӣ дар минтақаи мо фаъолии сейсмикӣ мушоҳида мешавад. Дар робита ба ин қарор қабул карда шуд, ки аз 1 май тартибе ҷорӣ карда шавад, ки тибқи он то оғози сохтмон қитъаи сохтмон аз ташхиси ҳатмии муҳандисию геологӣ гузаронида шуда ва биноҳое, ки ба онҳо талаботи баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ татбиқ мешаванд, танҳо аз ҷониби корхонаҳои дорои рейтинги баланд сохта мешаванд.

Сарвари давлат ҳамчунин ба мушкилиҳое, ки дар шабакаҳои обпартои шаҳрҳо ба миён меоянд, дахл намуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо супориш дод.

— Ипотека масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва рағбати бузурги афзоиши иктисодиёти мо мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳои сохтмонӣ тезонда, онҳо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом дода шаванд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомад Сарвазир ва муовинони ӯ, вазирон ва ҳокимон оид ба масъалаҳои баррасишуда маълумот доданд.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: