МИРҶАЛОЛ АКНУН ДАР ХОРИҶА МЕХОНАД

Хурсандиовар аст, ки дар мамлакатамон сафи ҷавонони боиқтидору илмдӯст ва эҷодкор торафт зиёд мегардад.

Яке аз чунин ҷавонони боиқтидор Мирҷалол Акрамови 17-солаи чустӣ мебошад.

Ӯ таълими ибтидоиро дар мактаби миёнаи рақами 9-уми ноҳияи Чуст гирифта, аз синфи 5 дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии рақами 7 таҳсил гирифт. Бо мақсади мустаҳкам намудани дониши худ синфҳои 10-11-ро дар литсейи академии ихтисосонидашудаи назди Донишгоҳи дипломатия ва иқтисодиёти ҷаҳони пойтахт хонд. 
Мирҷалол ба якчанд муассисаи бонуфузи таълими олии ҷаҳон имтиҳон супурда, аз санҷиши 15 донишгоҳ бомуваффақият гузашта, ба миқдори 1 миллион доллари ИМА грант ба даст даровард. Акнун ӯ дар самти идоракунии бизнеси Донишгоҳи Аризонаи Амрико таҳсил хоҳад гирифт. 
– Албатта, таҳсилро бомуваффақият ба охир расонда, дониши назарии худро барои ватанам сарф менамоям, – мегӯяд Мирҷалол. – Дар мамлакатамон бо ташаббуси роҳбари давлат барои ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Суханҳои Президент: “Ба баландиҳо парвоз карданӣ бошӣ, чаро ман дастгирӣ накунам”, ки дар чорабинии “Рӯзи ҷавонон” гуфта буд, дар дили ҳар як ҷавон меҳри ватандӯстиву садоқат ба халқро ҷойгир кард. Дар қатори бунёдкорони кишвари озод, ободу зебо ва фаровони Ӯзбекистони Нав, инчунин Эҳёи сеюм ҳиссаи худро гузоштан ҳаракат мекунам ва аз ин ман фахр мекунам.
Имрӯз хонадони Маъруфҷон Имоматов ва Дилфузахон Ҳайдароваҳо, ки дар маҳаллаи Дӯстлик истиқомат мекунанд, аз қарибону наздикон пур буд. Онҳо омадаанд, ки Мирҷалолро бо ин муваффақияташ табрик кунанд. 
– Ба ҷавонони имрӯза ҳаваси кас меояд, – мегӯяд бобои қаҳрамони мақолаи мо Қамбарота. – Ҳамаи имконият ва шароит барои онҳо муҳайёст. Аз он босамарона истифода баранд кифоя. Тарбияи дуруст ва саривақтӣ, ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзанд, албатта, ба падару модар вобаста аст. Набераҳоям дар оила ба забони тоҷикӣ, тавассути телефон бо дӯстону устодонашон ба забони ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ гап мезананд, ки инро бо ҳавас гӯш мекунам. Додарони Мирҷалол Музаффар ва Дилшодбек низ аз пайи бародарашон рафта, якчанд забонро омӯхта истодаанд. 
Дарҳақиқат, имрӯзҳо фарзандон – ворисони ояндаи мо дар ҳамаи соҳаҳо ҳамнафаси замон қадам гузошта, салоҳият ва иқтидори худро намоён сохта истодаанд, ки ин орзуи деринаи мардуми мо ва Президент мебошад. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”. 

Вилояти НАМАНГОН.                            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: