МИРШАКАР ДАР ҲАЁТИ ОИЛАВӢ

Ба муносибати 110-солагии Мирсаид Миршакар

Солҳое, ки донишҷӯ будем, се шаҳсутуни адабиёти муосири тоҷик, се шоири мардумӣ – Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар дар қайди ҳаёт буданд. Вохӯрӣ бо онҳо воқеаи муҳим ҳисоб меёфт дар ҳаёти мо, ки зебоӣ ва мӯъҷизоти олами садранги адабиёт ва шеъриятро нав дарк месохтем. Аз байни ҳамқаламон, ки яке аз дигаре бузургвортар ба назар метофтанд, Миршакар умри дарозтар дид. Ибтидои солҳои навадуми асри сипаришуда, рӯзҳое, ки иди забон таҷлил мегашт, бори охирин ӯро дар Душанбе дучор омадам. Қомати баланд, чеҳраи нурбор, бақувват менамуд, кас хаёл намекард аз ҳаштод гузаштааст...
Се шаҳсутуни назми тоҷик, ки зикр шуданд, нафақат бо осор, айни замон бо рӯзгор, яъне ҳаёти шахсиву оилавиашон диққати моро ҷалб мекарданд. Фикр мекунем, ба ин мавзӯъ рӯзномахони имрӯз низ бефарқ нест. Тасмим гирифтам дар бораи ҳаёти оилавии М.Миршакар, ки ба наздикӣ 110-солагиаш қайд гардид, чанд сухан гӯям. Муаллифи суруди машҳури «Ширин, ширин...» аз бахти оилавӣ бархурдор буд ё набуд?
Вай ду бор хонадор шудааст. Бори аввал бо Кибриёхонум – духтари яке аз маърифатпарварони самарқандӣ Лутфуллоҳ Махсум, ки ҳамчун Кибриё Қаҳҳорова маълум ва машҳур аст. Ҳар ду кай ва дар куҷо шинос шуданд? Бо тавсияи устод Айнӣ Кибриё Файзуллоева соли 1938 ба соҳили Нева рафт, дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград таҳсил намуд. Ҳам мехонд, ҳам дар шуъбаи тоҷикии Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба сифати муҳаррири шуъба кор мекард.
Ғоибона ошиқ шудаҳо шояд кам набуданд. Зебодухтар аз Самарқанд бошад, баъдтар ба шоири ҷавони бадахшонӣ насиб кард. Ин асно Кибриё аз Ленинград ба Душанбе омада (бинобар саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳон) дар Кумитаи радиошунавоии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонони ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз карда буд. Вале афсус, оилае, ки барпо карданд, дер напоид. Навъе мегӯянд, киштии муҳаббат ба зарбаи сахти пиряхҳои зериобӣ тоб наовард... 
Хаёли Мирсаидро Гулчеҳрамоҳ ном духтари бадахшонӣ – ҳамдиёри худаш, ки ҳанӯз соли 1941, аснои иштирок дар Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав шинос шуда буданд, банд карда буд. Дар баробари устодони санъат мактаббачагони тоҷик дар саҳнаҳои пойтахти онвақтаи мамлакат ҳунарнамоӣ карданд. Аз Боми Ҷаҳон низ омада буданд булбулакони боғи ҳунар. Миршакар ба хониш ва рақсу бозии ҳамдиёрони кӯчак бештар таваҷҷуҳ сохт. Фурсат ёфта, бо онон суҳбат мекард, ҳамроҳ ба сайру гашт мебаромаданд. Хусусан нафаре, ки нигоҳи гарму башавқ, чашмони ситорагун, гунаи чун себи хубон дошт, бо муомилаи хуш, зиндадилӣ, рақсу бозии марғуб, шеъру таронахонӣ қалби шоирро бештар метапонд. Он гули тозарӯ аз баландкӯҳи  Помир Гулчеҳра ном дошт. Он айём ҳамагӣ 13 сол дошт, ки бо шоире аз диёри худ, дар дили вуҷуди лабрези шавқ, наздикие эҳсос мекард.
Мирсаид Миршакар сардори Кумитаи репертуарии идораи санъати Тоҷикистон таъин гардид. Қатори аҳли санъат Гулчеҳраро низ, ки акнун 16-ро пур мекард, вай ба Маскав фиристод. Дар дил хавотир буд – аз Маскавравиаш падару модараш бехабар. Дар асл онҳо ба Душанбеоиаш ҳатто розӣ набуданд: намехостанд духтарашон дар олимпиада иштирок кунад, ба назари бегонаҳо афтад. Духтар, ки калон шуд, ташвиш ва нороҳатии падару модар – ҳолати табиӣ...
Миршакар ба волидони Гулчеҳрамоҳ хабар фиристод, ки хавотир нашаванд. Баъди чанд моҳ духтарашон сиҳату саломат ба Бадахшон бармегардад. Ҳуш аз сари падару модари духтар парид: «Баъди чанд моҳ?» 
Онҳо дарак ёфтанд, ки духтарашон ҳамроҳ бо ҷамоаи ҳунарии омӯзишгоҳҳои касбӣ ба фронт сафарбар шудааст. Бояд гурӯҳ дар як қатор беморхонаҳои ҳарбӣ консерт намоиш диҳад.
Гурӯҳи ҳунариро Ғуломалиев ном ҳамдиёри Гулчеҳраино роҳбаладӣ менамуд. Дар госпиталҳо маҷрӯҳони тоҷик низ мехобиданд. Бо вуҷуди ҳоли табоҳ доштан аз рақсу таронаҳои тоҷикӣ завқ мебурданд. Ашк нигоҳ дошта наметавонистанд. Гулчеҳра низ як олам дуо гирифт: «Умрат дароз бод, духтари нағз, бахтнок шавӣ!»
Декабри соли 1944 дастаи ҳунарӣ ба Сталинобод баргашт. Гулчеҳра чӣ қадар мехост зудтар ба Бадахшон равад. Чашмони падару модар ба роҳаш чор. Вале зимистони сахт ҳукм меронд. Барф баланд. Роҳҳо ба Бадахшон баста шудаанд. Лозим меояд дар Сталинобод монда, кушодашавии роҳҳоро интизорӣ кашанд.
Гулчеҳраву дугонаҳояш дар манзили дуутоқаи Миршакар воқеъ дар кӯчаи ба номи Орҷоникидзе ҷой гирифта, соли нави 1945-ро ҳамон ҷо, ҳамроҳ бо шоири маъруф истиқбол карданд.
Меҳмониамон тӯл кашид, гуфт рӯзе хиҷолатомез Гулчеҳра.
Зиндагии давраиҷангӣ маълум. Қиматӣ ва қаҳтӣ.
Ҳар қадар тӯл кашад, ҳамон қадар бароям хуб, гуфт бо ханда соҳиби хона. Сонӣ ҷуръат карда, ба гӯши духтарак пичиррос зад: «Кош як умр мемондед дар ин манзил. Чун соҳиби хона!»
Лоларанг шуд гунаи Гулчеҳра, ки низ мехост аз ин ҷо наравад.
Баъди пирӯзии бузург онҳо хонадор шуданд. Тӯи арӯсӣ дар Хоруғ баргузор шуд. Он яке аз аввалин «тӯйҳои сурх»-и баъдиҷангӣ буд, ки ба дилҳо шавқ, ба дидаҳо нур, ба рӯҳҳо нишот ҳадя намуд.
16 сол калон буд шаҳ аз арӯс, вале тафовут дар синн бахтнокии воқеии онҳоро монеъ шуда натавонист.
Падари шоир Миршакар Маҳмадшоев сайёд ва чорводори номдор буд дар Бадахшон. Ӯву ҳамсараш Бибибахт 5 писар (Абдурасул, Мирсаид, Султонсаид, Мансур, Шоҳбек) ва ду духтар (Подшоҳхонум, Фирӯза)-ро ба воя расонданд. Миршакарамак, ки барвақт зиндагиро падруд гуфт, тӯйи фарзандон  дида натавонист. Холаи Бибибахт онҳоро хонадор сохт, бахти набераю абераҳо низ дид.
Гулчеҳрахонум (Гулчеҳра Қадамшоева) баъди оиладоршавӣ санъатро тарк накард, тавре дар дастаи ҳунарии бачагонаи Помир мехонду мерақсид, дар «дастаи ҳунарии оилавӣ» умре маҳорат ба харҷ дод: духтари калонӣ Заррина оҳангсози маъруф гардид таҳти таъсири ӯ. Духтари хурдӣ Зулфия, ки ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, филолог аст. Писари калонии хонадон Афзал – шарқшинос ва мутарҷим, хурдӣ – Акмал рассомӣ пеша кардааст, Академики фарҳангистони бадеии Тоҷикистон.
М.Миршакар соли 1993 дар синни 81, Гулчеҳрахонум соли 2011 дар синни 83 зиндагиро падруд гуфта ва кору номи нек гузоштаанд.
Мегӯянд, меҳре, ки ба ҳам ҳадя карданд, садоқате, ки ба якдигар доштанд, онҳоро як умр хушбахт гардонд.

Ш. МУҲАММАД.          

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: