«МИРЗИЁЕВРО ҲАМА ГӮШ МЕКУНАНД», – мегӯянд журналистони варзидаи Тоҷикистон

Аваз Юлдошев аз рӯи номинатсияи «Барои маводи беҳтарини журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» соҳиби Ҷоизаи озмуни ХIII миллии «Қалами тиллоӣ» гаштааст.

 Вай зимнан изҳор намуд, ки минбаъд дар бораи мардуми Ӯзбекистон, пиёда гардидани ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии он матолиби беҳтару бештар хоҳад навишт.
Аваз Юлдошев дар давраи омӯзишию амалии журналистони тоҷику ӯзбек ба он нукта таваҷҷӯҳро ҷалб намуд, ки  яке аз падидаҳои беҳтарин бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозии муроҷиати шаҳрвандони корафтодаи он  ва вокуниш ба ин муроҷиатҳо мебошад. Мавсуф изҳор намуд, ки ин кор дар шакли расмӣ сурат гирифт ва рӯҳияти мардуми Ӯзбекистонро хеле боло бурд.
– Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар миёни сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он эътибори калон дорад. Ӯро ҳамаи сиёсатмадорон гӯш мекунанд. Президент Мирзиёев дар қораи Осиё одами сол эълон гардид, ки барои ҳамаи мо хушоянд аст, — гуфт  журналисти медиа-гурӯҳи Тоҷикистон «Азия-плюс»  Аваз Юлдошев.
– Мо ҳанӯз дар бораи Ӯзбекистон хеле кам медонем. Журналистон бояд дар ин маврид бештар нависанд, дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва рафоқати байни мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми шоистаи худро гузоранд. Сафари давлатии Президенти мӯҳтарами шумо ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯҳои ӯ бо сарвари давлати мо орзуву ормонҳои чандинсолаи ду халқи дӯсту бародарро бароварда сохт. Ана ҳамин нукотро мо бояд аз тариқи гузоришҳои худ ба мардум равшане возеҳ фаҳмонем, – изҳор кард Аваз Юлдошев.
Ба таъкиди ӯ дуруст аст, ки аз моҳи январи соли равон расонаҳои гуногун дар ин бора хеле зиёд гуфтанду мегӯянд ва навиштанду менависанд. 
Барои муштарӣ хотиррасон месозам, ки дар бораи баргузории давраи омӯзишию амалӣ таҳти унвони «Ҳамкории чандрасонаии (мултимедиаи) журналистони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» қаблан «Овози тоҷик» иттилоъ дода буд. Аммо дар ин гузориш  қайди баъзе нукоти дигарро низ ҷоиз донистам, ки дар ҷараёни давраи омӯзишию амалии малакаву маҳорати журналистони ду кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.  
Дарвоқеъ, ин аввалин гирдиҳамоӣ, ҳамзамон марҳилаи нави табодули таҷриба, донишу маҳорат ва малакаи журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва, аз ин тариқ, ба роҳ андохтани тренингҳои омӯзишии касбу маҳорат дар бораи чандрасонаӣ мебошад. 
Бино ба гуфтаҳои хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Хатлон  Зокир Ҳасан сиёсате, ки Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш пиёда намуд, аз байн бардоштани монеаҳои сунъӣ ва баҳам овардани халқҳои гуногунмиллат ва рӯ ба парокандагӣ овардаи минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Зокир Ҳасан тазаккур дод, ки Шавкат Мирзиёев ба ин ҳадафҳои некаш то андозае ноил шуд ва ҳоло мардуми зиёд аз шарофати иқдомоти наҷиби ин сарвари давлати мо баҳравару комёб мегарданд. 
– Озод гардидани маҳбусони сиёсии Ӯзбекистон, ки баъзеи онҳо беш аз ду даҳсола боз дар маҳкама бандӣ буданд, эътибор ва нуфузи Шавкат Мирзиёевро дар арсаи байналхалқӣ хеле боло бурд. Дар кишвари шумо доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон пешрафтҳои назаррас мушоҳида мегардад. Дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ низ ислоҳоти доманфарох пиёда мешаванд. Ҳамаи ин дигаргуниҳо ҳимояи манфиатҳои мардуми кишвари шуморо мадди назар гирифтаанд,– иброз намуд журналисти хуҷандӣ Афзал Босолиев.
Бар асоси ҳарфҳои директори мактаби мустақили хабарнигории «Тоҷикистон – асри ХХI» Сафо Сафаров нишон додани муносибатҳои неку дӯстона дар ҷабҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ҳамчунин инъикоси раванди таҳкими дӯстиву рафоқати мардуми ин ду кишвари ҳамҷавор аз ҳадафҳои асосии нигориши расонаҳое қарор мегиранд, ки хабарнигоронаш дар дарсҳои омӯзишию амалӣ ширкат меварзанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Шаҳри ДУШАНБЕ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: