МИРЗО БОБУР ПОРСИГӮ НИЗ БУД

Мирзо Бобур мисли ҳар маликзода аз хурдсолӣ ба омӯзиши илми ҳарб шурӯъ кард.

Дар баробари ин маъруфтарин уламову фузалои давр ба ӯ фиқҳ, аз илмҳои дунявӣ бошад, забонҳои арабиву форсиро амиқ омӯзонданд.
Дар огоҳӣ ёфтанаш аз олами сеҳромези адабиёт, ҳунар ва фарҳанги аҷдод, хусусан, дурдонаҳои гаронбаҳои илмиву адабие, ки аз классикҳои адабиёти форс-тоҷик омада расидаанд, барояш беҳтарин манбаъ буданд.
Бузургмардони олами адаби моро устоди маънавӣ мешумурд, хусусан ба Хоҷа Ҳофиз ихлоси баланд дошт.
«Бобурнома»-и ӯ ба номи «Вақоеъ» низ машҳур. Бо мутолиъаи «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ то дараҷае ҳамоҳангӣ ҳис мекунем. Ҳар кадом ин асарҳои ёддоштиву дидактикӣ дар наср навишта шуда ва бо порчаҳои шеърӣ ороиш ёфтаанд. Саъдиву Ҷомӣ дар тақвияти ғояҳо асосан шеърпораҳои худро, Восифӣ бошад бештар шеърҳои дигар классиконро мавриди истифода қарор додааст. Дар «Бобурнома» низ порчаҳои шеърӣ зиёд, ки асосан туркиву тоҷикианд ва баъзан дар асл моли кадом шоир будани онҳоро фаҳмидан душвор. Мақоли мардумии «аз пайи ниқор нашуда, бадкардаро ба Ҳақ супурдан» дар сатрҳои зерин ифодаи равшани худро ёфтаанд:
Ту бадкунандаи худро ба
 рӯзгор супор,
Ки рӯзгор худ чокарест кинагузор.
Дар мактубҳои ба наздикони худ навиштааш низ Бобур байт ва порчаҳои шеърии тоҷикиро кор фармудааст. Баъзан тарзи баён ва суханони форсиву туркӣ омезиш ёфтаанд. Масалан, яке аз номаҳои ба фарзандаш Ҳумоюн навиштаашро, баъде наберадор шуд, вай ин тавр оғоз мебахшад:
Шукр,бермиш санга ҳақ 
фарзанде,
Санга фарзанду манга дилбанде.
Насиҳатҳои шоҳ Бобур ба валиаҳд Ҳумоюн низ қобили таваҷҷуҳ, ки ба забони форсӣ-тоҷикианд:
Агар пойбандӣ ризо пеш гир,
Ва гар яксуворӣ сари хеш гир.
Яъне Бобур бо овардани ин байти пандомез гуфтанист, агар ба ҷанг даромадӣ, ба ҳар он чӣ ба сарат меафтад розӣ шав, агар ба чизе вобаста набошӣ, нотарсона роҳатро давом деҳ.
Шахсиятҳои нотакрор чун Бобурро мегуфтанд «малики чиҳил шаҳри ҳунар». Ӯ кӣ буд – шоир? Таърихнигор? Ҷуғрофидон? Арбоби давлатӣ? Сарлашкар ва ҷаҳонгир? Подшоҳ ва асосгузори сулолари Бобуриёни Ҳинд?
Ин шоҳзодаи темурӣ ҳар гуна унвонҳои ифтихориро сазовор буд. Бо вуҷуди он ки солҳои асосии умраш дар майдонҳои ҳарб ва мусофират сипарӣ гашт, барои машғул шудан ба илм ва эҷод фурсат дарёфт. Дар бобати алифбо тадқиқ пеш бурд ва «Хатти Бобурӣ» офарид. Дар бораи арӯз рисолае навишт басе арзишманд. Тарҷумаҳо кард. Асари тарҷумаиҳолиаш «Бобурнома», ки ба якчанд забонҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст, яке аз шоҳасарҳо дар адабиёти ҷаҳонист.
Бобур ба гуфтани ғазал ва рубоӣ ҳанӯз аз ҳаждаҳ-нуздаҳсолагӣ сар карда буд.
Ҷамъ 119 ғазал, 209 рубоӣ,10 қитъа, 50 муаммо ва 60 фарди ӯ то мо омада расидаанд. Навъе мебинем, мероси адабиаш чандон зиёд не, вале ҳамин миқдор ё худ намунаҳои ночиз аз қобилияти баланди шеъргӯӣ ва бузургшоирияш дарак  медиҳанд. Адади шеърҳои форсӣ-тоҷикиаш боз ҳам камтар. Вале онҳо, хусусан рубоиёташ хеле баланд суруда шудаанд. 
Чанд сол қабл аз ашъори Бобур ба забони модариамон дар «Овози тоҷик» намунаҳо чоп шуда буданд. Дар бораи мутарҷимиаш ишора карда гузаштем. Аз ҷумла «Волидия»-и  Хоҷа Аҳрори Валиро вай моҳирона аз форсӣ-тоҷикӣ ба туркӣ баргардонд. Ба асаре, ки бо наср навишта шуда буд, устодона либоси назм пӯшонд. 
Номи пурраи бузургворе, ки ҳар моҳи феврал бузургдошташ доир мегардад Заҳириддин Муҳаммад ибни Умаршайх Мирзост, ки дар олами адаб чун Мирзо Бобур машҳур аст. Бад-он хотир, ки шуҷоъ ва дар ҳарб мағлубнопазир ба назар метофт, ба вай тахаллуси Бобур (Бабр)-ро муносиб донистанд. Бабр дар асл калимаи тоҷикист, номи даррандаест аз оилаи палангҳо. Бабрро баъзан шер гуфта ҳам қаламдод кардаанд. 
Ашъори Бобур ҷуз шакл ва мазмуни баланд боз бо он характернок, ки дар онҳо талаботи арӯз бо нозуктарин ҷиҳатҳо қатъиян риоя карда шудаанд.

М. ШОДИЕВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: