МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ

Мирзо Турсунзода арбоби бузурги ҷамъиятӣ ва суханвари маъруфи дар миқёси ҷаҳон эътирофшудае буд, ки дар кори ташкилоти якдилии кишварҳои Осиё ва Африқо саҳми муносиб гузошта, аз рӯзи таъсиси он то охири умри худ ба Кумитаи шӯравии ин ташкилот сарварӣ намудааст.

Мирзо Турсунзода арбоби бузурги ҷамъиятӣ ва суханвари маъруфи дар миқёси ҷаҳон эътирофшудае буд, ки дар кори ташкилоти якдилии кишварҳои Осиё ва Африқо саҳми муносиб гузошта, аз рӯзи таъсиси он то охири умри худ ба Кумитаи шӯравии ин ташкилот сарварӣ намудааст. Ин шахсияти камназир ва фавқулодда суботкор бо писандидатарин хислатҳои инсониаш дар дилу дидаи дӯстони суханвари ҳаммаромаш чун Файз Аҳмади Файз, Николай Тихонов, Расул Ғамзатов, Самад Вурғун, Мирзо Иброҳимов, Мустай Карим, Анатолий Сафронов, Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов, Набӣ Хазрӣ ва дигарҳо ошёни меҳру вафо гузошта буд. Ӯ якҷоя бо онҳо баҳри мустаҳкам намудани ваҳдати халқҳо, дар роҳи ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳон ҷонсӯзона фаъолияти ибратбахш бурдааст. Яке аз дӯстони ҳаммаслаку ҳамқалами ӯ классики адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон, адиби номии қирғиз Чингиз Айтматов буд.
Фаъолияти серқирраи ин адибони бузург ва арбобони ҷамъиятӣ – Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов ба нигоҳ доштани сулҳу осоиши минтақаи мо, шукуфоии минбаъдаи он, таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни халқҳо барҳақ намунаи ибрат аст. 
Ҷоизадори мукофотҳои давлатӣ Мирзо Турсунзода дӯсти ҷавони ҳамдил ва ҳамнафаси худ Чингиз Айтматовро бо эҳтиром «аълоҳазрати наср» меномид. Ҷавобан Айтматов устод Турсунзодаро «устод» ва «муаллим» гӯён эҳтиром менамуд ва хирадмандона мегуфт: «Нафаси замони нав бештар тавассути шеър эҳсос мешавад. Дасти шоир ҳамеша бар набзи замон аст. Шеър аз азал ғизои маънавии инсон буд ва хоҳад монд!».          
Дар асарҳои Чингиз Айтматов «Сарвқади рӯймолсурхаки ман», «Чашми уштур», «Муаллими нахустин», «Роҳи Каҳкашон», «Киштии сафед», «Алвидоъ, Гулсарӣ», «Рӯ ба рӯ», «Саги алое, ки лаб-лаби баҳр метозад», «Дуроҳаи Бӯронӣ», «Қиёмат», «Вақте ки кӯҳҳо фурӯ мерафтанд ё арӯси абадӣ», «Тамғаи Кассандра» ва дигарҳо некӣ, муҳаббати пок, инсонпарварӣ, адолат, дӯстӣ дар пардаҳои баланд тараннум шуда, ба мустаҳкамшавии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ хидмат мекунанд.
Мирзо Турсунзода аз минбарҳои баланд Чингиз Айтматов ва қаҳрамондухтари қирғизро аз маломатҳо  ҷасурона ҳимоя карда,Ҷамилаи «дар мубориза соҳиби бахту саодатшударо», Ҷамилаи «дар тамоми ҷаҳон ва хусусан Шарқ намунаю ибрати ахлоқи навро» тарафдорӣ намуда, боисрор гуфта буд: «Ин асар ҷасурона навишта шудааст ва ман онро навоварӣ номида, дар айни замон дар вай давоми беҳтарин анъанаҳои адабиёти ҷаҳон ва пеш аз ҳама адабиёти классикии русро мебинам. Татяна Ларина, Анна Каренинаро ба ёд оваред, ки барои шаъну эътибори худ низ мубориза мебурданд… Ҷамила қаҳрамонзани даврони мо мебошад. Ҷамила зани озод аст, ки бо фикру иродаи худ амал мекунад». (2, 183)
Дар ҳақиқат, ин баҳои баланд он солҳо мисли гуфтаҳои Луи Арагон, ки «Ҷамила»-ро  дар мавзӯи муҳаббат яке аз беҳтарин асарҳо дониста, ба забони франсавӣ тарҷума кардааст, вазну оҳанги сангаш вазнин буд!
Мирзо Турсунзода ҳанӯз дар миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта  боз ба як хусусияти ҷолиби эҷодиёти Чингиз Айтматов эътибор дода навишта буд: «Айтматов ҳанӯз роман таълиф накардааст, тамоми асарҳои вай аз повест иборанд. Аммо мазмун ва санъати баланди онҳо бори дигар собит менамоянд, ки кӯтоҳбаёнӣ зодаи истеъдоди ҳақиқӣ мебошад. Шояд ман хато кунам, аммо ман чунин тасаввур дорам, ки имрӯз роман дар насри рус он мақомеро ишғол намекунад, ки дар вақташ романҳои Леонов, Федин, Фадеев, Шолохов доштанд». (1.81). 
Минбаъд Чингиз Айтматов дар саҳни адабиёти садаи ХХ бо романҳои «Дуроҳаи Бӯронӣ», «Қиёмат» шуҳрат ёфт, кашфиётҳои бузурги адабӣ намуд. Яке аз онҳо падидаи тозаи ба ном «манқуртигарӣ» мебошад, ки ҳамчун кашфиётҳои нодири «шайтонигарӣ» (Достоевский) ва «обломовчигӣ» (Гончаров)  дар олами эҷоди бадеӣ эътироф шудааст.
Аз хусуси эҷодиёти Чингиз Айтматов бисёр навиштаанд. Мегӯянд, ки ин навиштаҳо аз офаридаҳои бадеии ӯ зиёдтаранд. Бо вуҷуди ин бо суханони Мирзо Турсунзода гуфтани ин ҳақиқат ҷоиз аст: «Ӯ дар замини холӣ ба олам наомадааст. Бе таҷрибаи гузаштагон, бе суннатҳои миллӣ, ҳамчунин бе дастовардҳои дигар адабиётҳо ӯ ин дараҷа баланд баромада наметавонист, аз қаъри дили хонандагони сершумор маъво гирифта наметавонист». 
Чингиз Айтматов дар ёдномаи рангину пандомӯзи худ, ки ба муносибати 70-солагии устод Турсунзода навиштааст, бо эҳтиром ва самимият гуфтааст: «Ман дар бораи Мирзо Турсунзода бо мамнунияти тамом ва дар айни замон бо дареғу афсӯси зиёд хотира мегӯям. Бо мамнуният мегӯям, чаро ки ба ёд овардани шахсе, ки барои кас хеле мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамият будааст, ёдоварандаро завқу хурсандии калон мебахшад. Бо дареғу афсӯс – барои ин ки ман дар ин маврид ҳаргиз хоҳиши хотирагӯй шуданро надорам. Ӯ дар синну соле ба ин ҷаҳон видоъ гуфт, ки ҳанӯз вақти дар бораи марг фикр кардан набуд». ( 3,20).
Минбаъд адиби маъруфи қирғиз аввалин мулоқоти худро ба ёд меорад, ки он замон ҷавони наврас ва нависандаи навкоре буду дар бораи Мирзои шуҳратманд бисёр шунида буд. Ин мулоқот аввали солҳои шасти асри гузашта дар Тошканд, дар хонаи калон ва меҳмоннавози Ғафур Ғулом ороста шуда буд ва дар он нависандагони номдори замон иштирок доштанд.  Адиб он суҳбати хеле олӣ ва дилкашро, ки маҳфили ҳамбастагӣ ва мусобиқаи хирадмандон буд, чунин ба ёд меорад: «Дар нишасти дӯстон, ҳамкор ва ҳамфикронаш худро хеле хуб ҳис кардани Мирзо Турсунзодаро медидам ва дар айни замон ба вай чӣ навъ эҳтироми калон доштани ҳозиронро ҳис мекардам. Ба ман суҳбати оншаба хеле мароқовар буд. Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дар донистани назми қадими форсӣ гӯё бо ҳамдигар мусобиқа доштанд. Онҳо мувофиқи ҳар маврид, дар сари ҳар як гап аз адабиёт мисол меёфтанд, ривояте, ҳикояте ё аз масале нақл мекарданд. Барои ман шабнишинии хеле аҷоибе буд, чунки дар ин нишаст ман бо ду нафар – бо Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом шинос шудам, ки бо дониш, бо истеъдоди худ шарорапошӣ мекарданд». (3, 21-22). 
Воқеан ба Чингиз Айтматов бахти баланд муяссар гашта буд, ки солҳои зиёд бо Турсунзода паҳлӯ ба паҳлӯ истода кор кунад. 
Ба шарофати кӯшиш ва ғамхории Мирзо Турсунзода Даҳрӯзаҳои адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон хотирмону пурмазмун мегузаштанд. Ӯ дар он рӯзҳо дӯсти хушсуҳбат ва улфатпазирашро бо меҳри бародарона пазироӣ мекард. Кӯшиш мекард, ки ӯ ҳар чӣ бештар чӣ хел кишвари зебо будани Тоҷикистонро ҳис кунад. Дар ин мавридҳо дар бораи ду Чингиз гап мезад, ки «яке тасхиркунандаи олам бо шамшер асту дигаре бо қалам». Ба меҳмонон муаррифӣ мекард, ки Айтматови ҷавон дар районҳои сарҳадии байни ду республикаи ҳамсоя ҳамчун зоотехник кор кардаасту дертар ба сифати мухбири рӯзномаи «Правда» борҳо ба шоҳроҳи Помир рафта, бо ҳаёти тоҷикон ва қирғизҳои ин маҳал ошно шудааст ва ин дар эҷодиёташ  низ бетаъсир намондааст. Турсунзода ҳамин тавр бо муҳаббати зиёд, бо ғамхорӣ ва ифтихор ӯро ба ҳамдиёронаш шинос мекард. Айтматов ба туфайли Турсунзода дар мулоқоту суҳбатҳои ширин бо Мӯъмин Қаноату Фазлиддин Муҳаммадиев, Гулрухсор Сафиеваю Ӯрун Кӯҳзод, Муҳаммад Осимиву Акбар Турсунов барин адибону хирадмандон ошноӣ пайдо мекунаду якумра бо онҳо дӯсту бародар мегардад.
Мирзо Турсунзода ҳам борҳо дар меҳмонии Чингиз Айматов, дар доираи хонаводаи ӯ шудааст. Он рӯзҳо барои адиби қирғиз хеле хотирмон буданд, ки дар бораи ҷиҳатҳои соф инсонии меҳмони олиқадраш навиштааст: «Ӯ касонеро хеле дӯст медошт, ки онҳоро нозук ва олитабиат номидан мумкин аст. Вақти гап задан дар бораи яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштааш – дар бораи занон хеле бо назокат буд. Дар ин мавзӯъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳати сазовори тақдир мебошад.
Ман баъзан ҷасорат карда, бо Мирзо оид ба воқеае шӯхиҳое мекардам. Инҳо шӯхиҳои дӯстона буданд, ӯ ҳаргиз аз ин шӯхиҳо озурда намешуд, балки бо як шӯхии хеле нозукона, хеле олӣ ва оқилонае ҷавоб мегардонд. Чунон ки ман медонам инҳо ҳама ҷиҳатҳои хеле олии табиати вай мебошанд». (3, 28).
Чингиз Айтматов бо эҳтирому дақиқназарӣ ба андешаҳои шоиронаи устод Турсунзода назар медӯхт, афкори адабӣ-танқидии ӯро меписандид. Айтматов дар ин хусус навиштааст: “Ӯ намунаҳои зиёдеро аз назми зебои классикӣ аз ёд медонист, мехонд, нақл мекард ва ҳар бор маро бо ин дониши худ мутаҳаййир ва мафтун менамуд, ба завқу ҳаяҷон меовард. Ӯ борҳо дар баромадҳояш, дар суҳбатҳояш бо ман гуфта буд, ки баъзе шоирони ҷавон дар бораи назми гузаштагон ё тасаввуроти мубҳам доранд, ё ин ки шаъшааи азамати онҳо пеши чашмонашонро гирифтааст ва бинобар ин ба классикон соф шогирдона тақлид мекунанд. Мирзо Турсунзода устоди бузург ва моҳире буд ва чӣ будани тақлиди кӯр-кӯронаро, ба тарз ва ба услуби гузаштагон мутобиқ кунонидани назми ҳозираро нағз медонист”. (3, 28-29).
Чингиз Айтматов инчунин дар бораи назми Мирзо Турсунзода, алоқамандии он ба воситаи забони русӣ бо тамоми забонҳои дигар, тарҷумаи ашъори ӯ ба забони русӣ ва таъсири файзбахшаш ба адабиётҳои миллӣ андешаҳои судмандро ба миён гузоштааст.       
Аз гуфтаҳо пайдост, ки муносибати байни Мирзо Турсунзода ва  Чингиз Айтматов ҳамчун дӯсту бародар, ҳамҷиҳату ҳамкор дар асоси мақолаҳои ба якдигар бахшидаи онҳо, номаҳояшон, ёддоштҳои муосиронашон ва гувоҳиҳо нисбати онҳо метавонад мавзӯи тадқиқоти алоҳидаи пайвандҳои адабӣ шавад ва дар китоби дӯстии халқҳоямон саҳифаҳои ибратомӯз гардад.

Абдусалом САМАДОВ, 
устоди Донишгоҳи 
давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: