МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

«Баъзеҳо мегӯянд, ки минбар бисёр баланд буд ва Мирзо Турсунзода бузург шуданд.

 Ман мегӯям, ки дар он минбар дигарон ҳам буданд, аммо бузург нашуданд, баръакс он кас минбарро бузург карданд. Ба чӣ ваҷҳ бузург карданд? Бо самимияти тоҷиконаашон ва забони ширини тоҷикӣ, ахлоқи тоҷикона ...» 
(Мӯъмин ҚАНОАТ)

Дар ҳар давру замон шахсиятҳои бузурге ба майдон меоянд, ки барои пешрафти халқу миллати хеш, ривоҷу равнақи илму фарҳанг хидматҳои шоёнро ба анҷом мерасонанд. Яке аз чунин шахсони ватандӯст Мирзо Турсунзода мебошад, ки бо ашъори баландмазмуни худ номи худро дар таърихи адабиёти мо бо хатҳои заррин сабт намудааст.
Имрӯз шахсе нест, ки Мирзо Турсунзодаро надонад ва аз ашъори ӯ баҳравар нагардида бошад.
Устод Мирзо Турсунзода шоире буд, ки баробари қарни худ қадам гузошт, аз ҳавои асри худ нафас кашид, аз моидаи асри хеш ғизо гирифт ва дар сипоси он неъматҳо шукронаҳояшро рӯйи коғаз овард. Мирзо Турсунзода дар давоми умри пурбаракоташ ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико сафар карда ва дар чандин анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат варзидааст. Устод Бозор Собир дар ин маврид бисёр хуб гуфтааст:
Халқ бар шеъри тару бар гармии 
дидори ӯ,
Чун ба иқлими Ватан бисёр одат 
карда буд.
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, 
халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд,
 Мирзои Турсунзода буд. 
Имрӯз ҳама Мирзо Турсунзодаро вассофи сулҳу дӯстӣ меҳисобанд. Зеро сулҳу амният ва муборизаи озодихоҳонаи халқҳо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи ба худ хос дорад. Сулҳу амонӣ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Сулҳ монанди офтоб, баҳор ё Замин азизу шафиқи ҳамагон аст. Ин шоири зиндаёд дар тӯли фаъолияти серҷанбааш ба бисёр мамолики дунё сафар намуда, баҳри дӯстиву рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст. 
Мавзӯи сулҳу дӯстӣ дар бисёр асарҳои шоир мавқеи намоён дорад. Шоири ширинкалом ин фикрро дар шеърҳои «Бозгашт», «Дӯстонро гум макун», «Африқо», «Хоҳари мубориз» ва дигар асарҳои безаволаш, ки имрӯз мо насли наврас аз ин шоҳкориҳо баҳравар гардида истодаем, идома додааст.
Дӯстӣ неъмати бебаҳост. Дар ашъори МирзоТурсунзода мавзӯъҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гӯшту нохун ба ҳам пайвастанд. Зеро ҳама медонем, ки сулҳу амонӣ ба туфайли дӯстиву рафоқат боз ҳам пойдору устувор мегардад. Ин маънӣ дар шеъри «Дӯстонро гум макун» сода ва хеле самимӣ таъкид гардидааст:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
 Мушкилосонкункасонро гум макун...
Шеъри «Дӯстонро гум макун» аз силсилаи шеърҳои «Дастовез» аст ва ин силсила аз 17 шеър иборат буда, моҳҳои июн-июли соли 1975 дар бемористони Кунсевои Москва эҷод гаридааст. Бинобар ин, шеъри мазкурро ҳамчун васияту насиҳати шоир нисбат ба халқи худ донистан мумкин аст. Дар ҷойи дигари шеъри зикршуда муаллиф мегӯяд:
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Ҳангоме ки ин мисраъҳоро мехонему мешунавем, бешубҳа, як суол ба миён меояд: Расми хуби тоҷикон чист? Чаро шоир ин суханонро таъкид кардааст? Ҷавоби онро боз дар яке аз байтҳои шеъри мазкур мебинем:
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Албатта, расми хуби тоҷикон меҳнатдӯстӣ, ба ҳам тифоқ будан, сулҳпарварӣ ростқавлӣ ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ мебошад. Бо шунидани ин мисраъҳои ба дил наздик, бешубҳа, сулҳпарвар будани ин шоири бузургро дарк мекунем. Дар шеъри «Суруди сулҳ» ин маъниро барҷастатар ифода кардааст:
Менависам ман суруди сулҳро бо
 хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.
Шоир дар ин шеър душвор будани ғалабаи сулҳпарваронро бар зидди ҷангҷӯён моҳирона ба риштаи назм кашидааст. Беҳуда нест, ки Мирзо Турсунзода дар шеъри мазкур таркибҳои «хуни дил»  ва  «тапиданҳои рӯзафзуни дил»-ро истифода кардааст. Яъне, ба қавли шоир сулҳ яроқе мебошад, ки ҷангҷӯёнро шармандаи рӯйи ҷаҳон мегардонад. Боз дар яке аз шеърҳои дигараш  устод сулҳро чунин васф кардааст:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои 
ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми 
модарон,
Хоби орому табассумҳои 
хуррам кӯдакон.
Албатта, сулҳро ба чашми бедори модарон ва оромона хобидани кӯдакон мушоҳида кардан тасвири хуб аст. Дар ҳақиқат, мо медонем, ки оромиву осудаҳолии кӯдакон ин натиҷаи заҳмату бедорхобии модарони мушфиқу ғамхор аст. Пас, сулҳу осоиштагӣ худ аз худ ва ба осонӣ ба даст намеояд.
Мирзо Турсунзодаро нафақат дар Осиё ва Африқо, балки дар тамоми дунё мешиносанд ва то имрӯз номашро ба некӣ ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавонист, ки тавассути сухани гарм дар дили мардуми кишварҳои дунё маъво гирад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам пайдо намуд.
Баъд аз солҳои 1941-1945 вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, олам  ба ду қисмат ҷудо шуда буд. Дар ин давр ҳамаи одамонро як навъ тарсу ваҳшат фаро гирифта буд. Таҳдидҳои пай дар пай инсониятро ба хатар дучор мекард. Дар ин солҳо Ҳиндустон  барои озодихоҳӣ мубориза мебурд ва ба ин мақсад бо ташаббуси Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар Деҳлӣ конгресси байналхалқии халқҳои Осиё даъват карда шуд, ки устод Мирзо Турсунзода низ дар он иштирок дошт. Мирзо Турсунзода ҳангоме ки дар ин анҷуман суханронӣ мекард, аз андарзҳои Саъдӣ, Ҳофиз ва Хайём намунаҳо меовард ва бо сухани Саъдии ширинкалом  «Бани одам  аъзои якдигаранд »  ҳамаро мутаассир гардонид. 
Барои муборизаву пешгирии хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ ташкилоте бо номи «Кумитаи умумиҷаҳонии муҳофизати сулҳ» таъсис дода шуд, ки намояндагони асосии онро олимон ва равшанфикрони тамоми дунё ташкил медоданд ва Мирзо Турсунзода низ дар он чун узви фаъол интихоб шуда, то охири умр бо дилу ҷон хидмати пурсамар намуд.
Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиабор барои башар суруди сулҳи Турсунзода бо «Садои Осиё» пахш шуд ва ба мардуми Осиё бонги бедориро овард:
Осиё гӯяд сухан, овози онро бишнавед,
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро 
бишнавед.
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.
Аз Хитою Ҳинду Чин то мамлакатҳои Араб,
Менамояд Осиё сулҳу амониро талаб.
Агар ба рӯзгору эҷодиёти устод Турсунзода назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки бештари талошҳои шоир барои ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. 
Ҳангоме ки достони «Садои Осиё»-ро мутолиа намудам, шоҳиди он гардидам, ки баландтарин фикру ақидаҳои сулҳхоҳонаи шоир дар ин достон таҷассум гардидааст. Аз достони мазкур муҳаққиқон чун намунаи хуби шеъри публисистӣ ёд кардаанд.
Ӯ чун як фарди инсонпарвар ва адолатхоҳ аз мардуми бенавову бечора, «гадою зинда дар гӯр» ҳикоят мекунад. Дили қаҳрамони лирикии шоир дар достони «Садои Осиё»  ба ҳоли деҳқонони  Чин, писари Ангола, маҳбусони паси панҷараи Осиё месӯзад:
Осиёро ман ба чашми хештан 
санҷидаам,
Чеҳраи хандони фарзандони онро
 дидаам,
Осиё ҳамроҳи Африқо сухан оғоз кард,
Бо ду дасти худ дари иқболи худро 
боз кард.
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш, 
омад ба ҷӯш...
Ин ғояҳои  ҷовидонаи инсонпарварона дар достони «Ҷони ширин», ки онро шоир ба ҳамсари худ бахшидааст, барҷаста зоҳир мегардад. Мирзо Турсунзода дар вақти сафарҳояш ба Ҳиндустону Покистон хотироташро чун намунаи адаб ҷамъоварӣ карда, ба шакли китоб чоп мекунад, то мардумони олам аз ҳаёту зиндагии ин халқҳо ва орзуву омоли онҳо огоҳӣ пайдо кунанд. Зеро ӯ дар тамоми сафарҳо ва мулоқотҳояш иродаи мардуми сулҳҷӯро дар Ҳиндустону Покистон ба чашми худ дидаву баён кардааст. Ҳамаи инро дар достони «Ҷони ширин» соли 1959 ба ёду зикри дӯстонаш ба мисли Николай Тихонов ва Файз Аҳмади Файз ба риштаи тасвир кашидааст:
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Лек чашмонаш шарар мерехтанд,
Хуни ҳасрат аз ҷигар мерехтанд.
Печу тобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои ноҳаи Панҷоб буд...

Достони  «Ҷони ширин» қуллаи баланди эҷодиёти шоир дар мавзӯи дӯстии инсонҳо низ мебошад. Шоир дар ин боб чунин мегӯяд:
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем,
Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум
 рӯзи сахт.
Дар силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», ки аз ҳаёти талху фоҷиабори мардумони ҳинд қисса мекунад, низ мавзӯи дӯстиву рафоқат, сулҳу осоиш нақши асосӣ дорад. 
Шоири маҳбуби сулҳпарвар аввалин маротиба ба сарзамини бостонии Ҳиндустон дар рӯзҳое ворид гардид, ки мардуми он бори ғуломии чандинсоларо аз дӯши худ дур андохта, ба марзи озодӣ қадам мегузошт.
Устод Мирзо Турсунзода бо корнамоиҳои безаволаш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, барои озодихоҳиву сулҳҷӯияш сазовори мукофоти байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру гардид, ки он аз тарафи сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ соли 1967 ба устод супорида шуд.
Дар соли 1961 Мирзо Турсунзода сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон ва барои хидматҳои бузургу олӣ, тарғиби сулҳу дӯстии халқҳои олам соли 2001 ба унвони фахрии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Хулоса намуда гуфтаниам, ки ин фарзанди фарзонаи миллат шахсияте буд, ки бо матонату ҷасорати олиаш дар қалби ҳамаи мардумони тараққихоҳи дунё ҳамчун адиб ва шоири озодихоҳу сулҳпарвар ҷой гирифта буд ва то ҳол ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Шоири маъруфи Покистон Файз Аҳмади Файз дар ҳаққи ӯ чунин гуфтааст: «Мирзо Турсунзода нафақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик низ буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ ватани худро, халқи худро дӯст медошт». Ин ғазали форсии ӯ низ саршор аз самимият аст:
Биё, ёрам, ки чашмам музтариб 
баҳри тамошоят,
Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши 
омаданҳоят.
Зи мо рафтӣ, валекин пеши олам 
дар миён ҳастӣ,
Ва бо мардум, ки мерақсанд дар 
тарзи суханҳоят...
Зи ту омӯхтам халқи ҷаҳонро ҳифзи 
ҷон кардан,
Китоби дӯстиро дилнишин кардам 
ба имоят.
Ба ёд овардаам як шеъри Бедил 
аз барои ту,
Ҳамин як армуғон овардаам баҳри 
таманноят.
«Нафас дар сина накҳатошёни 
хулди тавсифат,
Нигаҳ дар дида шабнампарвари 
боғи тамошоят».

Манижа ВАҲҲОБОВА,
донишҷӯйи соли савуми 
Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: