МИСЛИ ДУ ШОХИ ЯК ДАРАХТ, ДУ ШОХАИ ЯК ДАРЁ...

Дар ин мисраъҳои Абдулло Орипов дӯстии абадии ду халқи бародар бо маҳорати баланд васф шудааст.

Аз азал ёру бародар 
ӯзбекам бо тоҷик аст,
Аз ғазал як байти дилбар 
ӯзбекам бо тоҷик аст.
Бо чӣ бинмоям қиёс ин вожаи 
ширини дӯст,
Чун асал, чун шаҳду шаккар 
ӯзбекам бо тоҷик аст.
То бувад Ҷомӣ Навоӣ низ 
бошад комгор,
Ҳамамал, ҳамбору ҳамбар 
ӯзбекам бо тоҷик аст.
Дар ин мисраъҳои Абдулло Орипов дӯстии абадии ду халқи бародар бо маҳорати баланд васф шудааст.
Воқеан, решаҳои дӯстии ду халқи бародар — ӯзбеку тоҷик аз умқи таърих сарчашма гирифта, ба ҳазорсолаҳо мерасад. Солҳои охир дар муносибатҳои дӯстонаи байни ин ду халқ, ки «аз азал ёру бародар» гардида, хешу табор ва қудову анда шудаанд, ба таъбири шоир, ба мисли «як байти ғазал» «чун асал, чун шаҳду шаккар» зистаанд, саҳифаи нав боз гардид.
Бо шарофати сиёсати дурандешонаи президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон робитаҳо мустаҳкам шуда, ҳамкориҳои дуҷониба густариш ёфтанд.
Боиси эътироф аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 2-3 июни соли 2022 сарони давлатҳо ба Эъломия оид ба мустаҳкамсозии дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Бо талошҳои муштарак рафтуомади озоди молу хизматрасонӣ таъмин гардида, шаҳрвандон имкони озоди рафту омад бо якдигар доранд. Дар ҳоли ҳозир то 20 ҳазор нафар сокинони ду кишвар ҳамарӯза бо мақсади ҳамкории тиҷоратию гардишгарӣ ва дидани хешу табору дӯстон аз сарҳади миёни кишварҳо озодона мегузаранд, ки ин яке аз комёбиҳои асосии ҳамкории ҳукуматҳо дар солҳои охир мебошад.
Мо самарабахшии муносибатҳои дӯстонаро дар тамоми соҳаҳо, бахусус, дар соҳаи таълим мушоҳида карданамон мумкин аст.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар як қатор муассисаҳои таълими олии кишвар гурӯҳҳои тоҷикӣ кушода шуда, дар соли таҳсили 2022-2023 ба зинаи бакалаври ин гурӯҳҳо қабули 408 нафар донишҷӯ, аз ин 109 нафар бо гранти давлатӣ ва 299 нафар дар асоси шартнома дар назар аст.
Инчунин, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи давлатии педагогии Чирчиқи вилояти Тошканд ва Донишкадаи давлатии тадбиркорӣ ва педагогии Деҳнави вилояти Сурхондарё гурӯҳҳои тоҷикии таҳсилоти ғоибона ва шабона кушода шуда, ҳуҷҷатҳои довталабон қабул гардид.
Дар мисоли Донишгоҳи давлатии Самарқанд гирем, соли ҷорӣ ба шуъбаи ғоибонаи гурӯҳи тоҷикии филология ва бозомӯзии забонҳои донишгоҳ 25 нафар ва ба шуъбаи шабонаи таълим ҳам 25 нафар донишҷӯ қабул карда мешавад.
Инчунин, фаъолияти марказҳои фарҳангӣ густариш ёфта, бобати мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ, беҳсозии шароити корӣ ва рағбатноксозии моддии онҳо чораҳои муҳим андешида мешаванд.
Масалан, дар мисоли Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд гирем, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таҳти ташаббуси марказ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд, таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд», Ширкати садо ва симои Самарқанд ва корхонаву ташкилотҳо, маҳаллаҳо як қатор тадбирҳои фарҳангӣ, аз ҷумла вохӯриҳои эҷодӣ, тақдимоти китобҳо, озмуну аксияҳо гузаронида шуд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ 144-солагии зодрӯзи  бунёдгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айниро дар Хона-музейи ба номи устод васеъ ҷашн гирифтем.
20-уми май дар мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 22-и шаҳри Самарқанд ба муносибати зодрӯзи ду шоири барҷастаи тоҷик – Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ҷашни бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар охири моҳи май дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Самарқанд тақдимоти китобҳои «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам»-и Ҳабиб Юсуфӣ ва «Сабақҳои падарам»-и Баҳодур Убайдуллоҳро гузарондем, ки дар он шоиру нависандагон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд, инчунин, донишомӯзони мактабҳо иштирок намуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев оид ба муносибатҳои дӯстии ҳар ду миллат чунин гуфта буд: «Халқҳои ӯзбеку тоҷик мисли ду шохи як дарахт, ду шохаи як дарё ба ҳам наздиканд. Дин, замин, оби мо яктост. Дар рӯзҳои неку бад мо якҷояем. Тақдири ягона моро ба ҳам наздик кард. Анъанаҳои аҷдодиро идома бахшида, дӯстии байни халқҳоямонро бояд мустаҳкам ва ҳифз намоем».
Дар пеш моро боз як воқеаи муҳим интизор аст. Моҳи октябри соли ҷорӣ Ӯзбекистону Тоҷикистон 30-юмин солгарди равобити дипломатиро ҷашн хоҳанд гирифт.
Муҳим аст, ки мо дар соли бароямон ҷашнӣ ба қадри ин дӯстӣ бирасем ва дар ин замони мураккаб бобати мустаҳкамтар кардани ҳамкориҳо саҳм гузорем. Чунки муносибатҳои дӯстона барои дӯстиву рафоқати байни кишварҳо ва бомуваффақият давом додани роҳи манфиатноки тараққиёти мамлакатҳо мусоидат мекунад.

Акбар МАҲМУДОВ, 
раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: