«МИСЛИ ПЕШТАРА»

  • «МИСЛИ ПЕШТАРА»
  • «МИСЛИ ПЕШТАРА»

СОЛИ НАВ ДАР МЕКӮБАД, АММО...

Дар соли 2022 баъзе аз кишвари ҷаҳон ва мардуми онҳо ба фалокатҳои зиёд дучор шуданд. Муноқишаи халқҳое, ки паҳлу ба паҳлу зиндагӣ мекарданду хешу табор буданд, боиси сар задани задухӯрдҳо мегардад. Дар натиҷа халқҳои ин мамлакатҳо сарсону овора. 
Бо шарофати сиёсати дурандешона ва оқилонаи Сарвари давлатамон дар Ӯзбекистон ва оилаҳои мо сулҳу оромӣ ҳукмфармост. 
Баъди чанде соли нави 2023 фаро мерасад. Дар кадом шаҳру ноҳия сайру гашт накунед, мебинед, ки намояндагони миллатҳои гуногун дӯсту бародарвор зиндагӣ мекунанд. Корҳои ободонию кабудизоркунӣ, ороиши арчаҳо дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳусни шаҳр ҳусн зам мекунанд. Дар гирди арча бозии бачаҳои хурдсолро дида, шукргузорӣ мекунед.
Рӯзе Иноят Холиқов (ном иваз карда шуд) яке аз фаъолони ҷамоатии шаҳри Чирчиқ ба ин ҷониб муроҷиат кард. Ҳангоми суҳбат пурсидам: – Дар шаҳратон тайёрӣ ба Соли нав хуб аст? – Шунидан кай бувад монанди дидан, – гуфт ӯ. 
Мо нафаҳмидем, ки дӯстамон чиро дар назар дорад ва ба шаҳри Чирчиқ раҳсипор шудем. Вақте ба шаҳр рафтем, аввал муҷассамаи Мир Алишер Навоиро зиёрат кардем. Ба назари ман, чеҳраи шоир ғамгин менамуд. Атрофи хиёбон аз партову коғаз ва сангҳои мармари номураттаб зери муҷассама чидашуда пур буд ва аз беэътибории намояндагони ҳокимият дар ҳайрат мондем. 
Кай бинокорони мо босифат кор карданро ёд мегиранд. Дар хиёбон аз 8 чароғи шабона танҳо яктоаш кор мекард. Аз хиёбон гузашта ба кӯчаҳои маҳалла даромадем. Биноҳои шоҳкӯчаи Алишер Навоиро дида, саволе ба миён омад, ки роҳбарони сектор ба ин ҷо қадам гузоштаанд ё не? 
Дар баъзе кӯчаҳо ба ҷойи шабчароғҳои кӯҳна навашро гузошта, кӯҳнаашро ба болои дарахтҳо партофтаанд. Шохаҳои дарахтон дар роҳҳое, ки одамон равуо мекунанд, гузошта шудаанд. 
Дар кӯчаи Ӯлкашунослик 5 бех дарахти ороиширо бераҳмона шикастаанд. Дар ҳоле, ки корҳо оиди Лоиҳаи миллии «Макони сабз» дар ҷумҳурӣ идома доранд, дар Чирчиқ аз ин лоиҳа амалӣ ёд надоранд! Вақте ки дар кӯчаҳо сайругашт мекардем, аз сокинон ҳолпурсӣ кардем. Онҳо нагуфтанд, ки фишори газ паст шудааст, чароғҳо хомӯшанд, хонаҳо хунук. Мухтасар гуфтанд: – «Мисли пештара». 
Ҳанӯз то ҷашни Соли нав вақт ҳаст, кош ҳокимияти шаҳри Чирчиқ ва роҳбарони мутасаддӣ барои шаҳриён идро идона мекарданд.
Даврон АҲМАД,
шаҳри Чирчиқи 
вилояти Тошканд.           
Суратҳо аз муаллиф.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: