МИЁНАРАВ

Шом.

Аз дур гоҳ-гоҳ садои тирпарронӣ меомад. Баъд он тадриҷан ба домани русто кӯчид ва нимашабӣ ба сари деҳа чунон борони тир борид, ки гӯё қиёмат қоим шуда бошад. Тирҳои рахшанда дили торикиро дарида, гоҳ дар фарозу нишеби тал тӯъмаи хок гарданд, гоҳ ба боми тунукагию шиферпӯши иморатҳо бармехӯрданд ва ё чун боди дайдуву балои ногаҳонӣ ба дару тирезаи мардуми бегуноҳ раҳ ёфта, риштаи умри нафареро бармеканданд. Тарафҳои муқобили ҳам сангаргирифтаро оташи кинаю ғазабашон бештар аланга мезад магар ки аз тирпарронӣ ҳеҷ тафси дилашон паст намешуд.
Ҳанӯз чашми рӯз накафида тирандозӣ пасанда шуд. Ҳарчанд садои канда-кандаи он меомад, мардум андаке орамиданд. Аммо тарс на танҳо вуҷуди одамон, балки дигар ҷонзоти русторо низ тарк накарда буд. Субҳ бе ҷеғи хурӯсон, ки қаблан ҳар рӯз баҳсмабас ҷеғ зада, гӯши аҳли русторо ба қомат меоварданд, дамид. Шояд ин ҷонварони бедорхобу саҳархез ҳанӯз аз гирудори шабонаи фарзанди инсон ба худ наомада буданд ва ё бӯйи хуни одамӣ гарангашон карда буд, ки фарорасии субҳи содиқро пайхас накарданд. Деҳа аз хоби даҳшатнок оҳиста-оҳиста бедор мешуд. Аз баъзе ҳавлиҳо пасту баланд аккоси сагу ҳангоси хар ва баоси гӯсолаю говҳо меомад. Аммо дар кӯчаю пайроҳаҳои деҳа ҷонзоте наменамуд.
Нахуст Шодмон Кенҷа – пизишки бемористони касалиҳои рӯҳӣ аз ҳавлиаш берун шуда, ҷониби беморхона, ки дар канори чапи русто, дар домани тали баланд ва лаби дарёчаи тезоб воқеъ буд, равон шуд. Ӯро шаб то саҳар хобаш набурд ва алҳол дилаш хиҷил буд, ки мабодо силоҳбадастон ба беморони бе ин ҳам дилшикастаю руҳафтода зараре расонда бошанд. Вақте ки ӯ роҳи мошингардро убур карда дусад-сесад қадам монд, дар хамгашт силоҳбадасте аз камин бархоста пеши роҳашро гирифт. Ношинос буд вай ба пизишк.
– Куҷо? – бо беэътиноӣ пурсид силоҳбадаст.
– Ба беморхона.
– Ҳозир магар вақти беморхонаравист… ё аз ҷонат сер шудӣ?
– Ман духтурам, бояд беморҳоро хабар бигирам.
– Кадом беморон… девонаҳоро? – баланд хандид силоҳбадаст, ба ҷониби касалхона ишоракунон. 
– Девона магар одам нест? – аз ғояти қаҳр ларзид овози пизишк.
– Э мардак, ҳозир одами соқ мисли хаси раҳ қадр надораду ту ғами девонаҳоро мехӯрӣ! – гуфт ба қаҳр силоҳбадаст. – Ба хонаат баргарду ҷойи гарматро сард накун. Магар овози тирро намешунавӣ. 
Аз ин муомилаи дағали марди ношинос асабҳои Шодмон Кенҷа, ки дар умраш касе ба ин дуруштӣ ба ӯ сухан нагуфта буд, кашида шуданд ва ноаён дасту пояш ба ларзиш омаданд. Бо вуҷуди ин ӯ худро ба даст гирифта, пурсид:
– Ту писари кистӣ? Бори аввал мебинамат дар деҳа.
– Аввалу охирин бор мебинӣ, – гуфт силоҳбадаст бепарвоёна.
– Хайрият, ки бори охир мебинам. Безор шудем аз ҷангу ҷидол. Кай тамом мешуда бошад ин девонагиҳо.
– Ту гумон мекунӣ, ки ба мо мефорад ҷанг. Айби душман, ки дар деҳаи шумо паноҳ ҷуст.
– Кадом душман?! – фиғон кашид духтур, – о вай немис нест-ку, тоҷики худат! Чӣ тавр ба душман гуфтан забонат мегардад? 
– Агар душман набошанд, магар ба қасди ҷони мо меафтанд? Душман шоху дум надорад, то ҳол ба ту, ки зарарашон нарасидааст, чунин мегӯӣ. Аммо ман ба ду чашми сарам дидам душмании онҳоро. Агар дучор оянд, мижаашон хам нахӯрда аз чашми кас мепарронанд. Дирӯз гӯши як нафар аз бачаҳои моро буриданд. Ҳа, чӣ ҳайрон нигоҳ мекунӣ, боварат намеояд-а! Лекин он чизе, ки шунидӣ, ҳақиқат аст. Дурӯғ намегӯям. Ман низ ту барин маълумоти олӣ дорам, то дирӯз дар синфхонаи гарму озода ба талабагон аз адабиёт дарс мегуфтам. Аммо зиндагӣ, чи хеле мебинӣ, ба дастам автомат дод, ки ба дифои аҳли байтам, хонаю дарам бархезам. Ҳо, духтур, осон нест кори дунё, ҳам нӯш дорад он, ҳам неш.
Гӯшаш ба суханҳои силоҳбадаст, Шодмон Кенҷа ҳамзамон меандешид, ки воқеан ҳам душвор аст хулқу хислати фарзанди одамизодро фаҳмидан. Хусусан, вақте ки дар вуҷудаш деви кинаю адоват ба ҳаракат меояд, чашмони инсон кӯру гӯшҳояш кар мешаванд. Худо накунаду ба болои ин бало деви ҳарисию дунёпарастӣ, шаҳвату айёшӣ рӯ занад, ҳар макон ба девлоху мардумаш ба девону дадон бадал мегардад ва дар ин ҷаҳаннам рӯзи одами ба роҳаш росту ба ҳаққи худаш розӣ сиёҳ мешавад. Мисли зоғи сафед менамояд чунин одам дар чашми тоифаи носерам. Мегӯянд, ки хоки лаҳад чашми одами ҳарисро сер мекунад. Не, сад ҳазор бор не, чашми инсон дар ду дунё ҳам сер намешавад! Носерам аст инсони бадбахт ва ҳама бадбахтиҳояш аз лаҷом зада натавонистани нафси бадаш аст. Вагарна ин қадар ҷангу хунрезӣ ба хотири чист?!
– Ғазаб бад чизест, додар, – гуфт Шодмон Кенҷа, то метавонист ба нармӣ, – чашмҳоро кӯру ақлро бегона мекунад бар одам ва ба роҳи баду бадкорӣ мебарад. Аз рӯйи ғазаб адолат ҷустан камоли беақлист.
– Барои ту беақл ҳам шудем. Раҳмат.
– Ман дар гӯям, ту девор мешунавӣ, ихтиёратон, – гуфт ба ҳасрат пизишк. Овози ӯ ҳасрати касеро мемонд, ки барои халосгарӣ байни ду нафар пархошҷӯ даромада, дар ниҳояти кор зӯраш нарасида, ба маънои «кушед якдигаратона» даст афшонда худро канор мегирад. – Лекин рӯзе ҳатман пушаймон мешавед, аммо баъд суд надорад. Тиреро, ки имрӯз сӯйи якдигар мепарронед, дар ду ҷаҳон баргардонида наметавонед.
Ба ҳамин оҳанг ҳасраткунон аз силоҳбадаст дур шудан гирифт вай.
– Лекин эҳтиёт шав, ака, – гуфт силоҳбадаст аз қафо, – баъд нагӯй, ки хабардорат накардам. 
Шодмон Кенҷа дигар ба гапҳои ӯ аҳамият надода аз пайраҳаи танг, ки таг-таги девори ҳаёти осиёбони деҳа тӯл мекашид, ба роҳ афтод. Субҳ дамида бошад ҳам, вай базӯр пеши пояшро медид. Ҳарчанд чандин сол инҷониб, ҳар рӯз ду-се раҳ аз ин пайроҳа гузашта ҷониби беморхона рафта меомад ва ҳар сангу гулу хори онро аз ёд медонист, алҳол роҳ гаштан барояш душвор гашта, роҳи дукилометра барояш тӯлонию душворгузар менамуд. Вай бист сол қабл бо роҳхати донишгоҳи тиббӣ барои кор ба ин русто омад. Ҳама, ҳатто худаш низ, бовар доштанд, ки ин ҷавони зардинаи лоғарандоми нозуктабиат муҳлати шартии дусоларо дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ тоқат намекунад. 
Аммо вай ба ин беморхонаю мардуми ин макон одат кард, меҳр баст ва дӯст дошт онҳоро. Албатта, солҳои аввал барои ӯ, бачаи шаҳрӣ, душвор буд ба шароити русто одат кардан. Аммо на танҳо худ одат кард, балки пас аз оиладор шудан ҳамсарашро низ ба ин ҷо овард ва чор нафар фарзандаш дар ин русто таваллуд ёфта, ба воя расиданду инак худ соҳиби зану фарзанданд.
Шодмон Кенҷа ба ёди он даврони ором ва серу пур дилаш гум зада, ба силоҳбадастон, ки як сол боз гоҳ аз ин деҳаю гоҳ аз он қария хоби мардумро ҳаром мекарданд, лаънат мехонд. Вақте ки девори осиёбон хотима ёфт, ӯ ҷӯйбори алҳол беобро ҷаҳида гузашту ногоҳ чашмаш ба ду сиёҳии дохили он афтид. Ду ҷасад оғуштаи гилу хун ба пушт мехобиданд. Чашмонашон кушода, гӯё ба ҳайрат ба як-як ситораҳои осмон, ки то ҳол ғоиб нашуда буданд, менигаристанд. Кӣ медонад, шояд ба парвардигори хеш, ки инсон вуҷуди ӯро ҳамеша дар боло медонад, мепурсиданд: чаро паймонаи моро пур кардию қотилони мо зиндаанд? Ку адолат, ку инсофу ҳақиқат?!
Шодмон Кенҷаро аз ин манзара табъаш хира гашта, лаб-лаби ҷӯй рӯ ба самти шимол мерафт, ки ногаҳон садои тир баромад. Вай беихтиёр худро даруни ҷӯйбор ҳаво дода, бо кафи дастон сарашро дошт. «Пайхас карданд. Шояд аз сари тал деҳаро назора доранд. Кӣ бошанд онҳо? – меандешид ӯ. – Ҳозир ҳар оқипадар ба худ шайка ҷамъ оварда дар ғами талаю тороҷи мардум афтодааст. Саг соҳибашро намеёбад. Ҳама аз номи халқ гап мезананд, ҳама хайрхоҳи халқ, аммо халқи бечора дар азоб, мисли элак аз ҳар тараф шаттааш мезананд». Дар сар чунин андешаҳо ӯ аз ҷой нимхез шуда, гоҳ гавваккашону гоҳ ғаж-ғажон ва баъзан чорпоя давида ҷониби беморхона мерафт. 
Беморхона дар домани тал андаруни боғи сарсабз бино ёфта буд. Ҷӯе, ки алҳол духтур даруни он буд, аз ҳамон боғ гузашта дар поёни деҳа боз ба дарё мерехт. Дар пастӣ ҳамворие ба идораи ҷамоат мепайваст. Аз боми беморхона русто чун дар кафи даст менамуд. 
Шодмон Кенҷа дарун-даруни ҷӯй худро ба боғи беморхона расонида, нафаси рост кашиду баъд оҳиста аз девор гузашта дохили посбонхона шуд. Посбон – Истадамак аз дидори сардухтур шод шуд, аммо ёрои гап задан надошт ва оҳиста ҷониби пастие, ки аз ин ҷо хуб менамуд, ишора кард. Аз манзараи дидааш ҳаёти умри Шодмон Кенҷа хушкид. Қатлгоҳро мемонд он пастии начандон калон.
– Тухми одамиро хушк карданд ба хаёлам, – ба забон омад посбон. – Ин қадар бераҳм будани фарзанди инсонро бори аввал ба чашми худам дидам. Аввал чанд нафар тапар-тупуркунон баландиро нишеб шуданд. Баъд мисли мӯру малах гурӯҳи калоне ба сари деҳа рехтанд ва аз ду тараф тирпарронӣ оғоз шуд.
– Киянд инҳо?
– Аз куҷо донам. Магар ҳозир дӯстро аз душман, дуздро аз раҳгузар фарқ карда мешавад? Ҳар касу нокас обро лой карда моҳӣ доштан мехоҳад. Даҳани шӯрапуштон аз молу маноли муфт ширин шуд, ки оқибаташро бахайр гардонад.
– Беморон дар куҷоянд?
– Бечораҳо аввал аз садои мусалсали автомат ба ҳаяҷон омада шодӣ мекарданд, мезавқиданду ба ҳар тараф медавиданд, аммо баъд тарсиданду аз садои баланд гӯшашон қуфл зад магар, бо ду даст сарашонро дошта, мисли шутурмурғ дар биёбон намедонистанд сари сахташонро дар куҷо пинҳон кунанд. Баъзеашон баробари баланд шудани садои тиру тӯп аз як кунҷи палата ба кунҷи дигараш мехазиданду гиря мекарданд. Хулоса, як рӯзи сиёҳ. 
– Хабар гирифтан даркор, – гуфт Шодмон Кенҷа аз ҷой хеста ва онҳо ҷониби беморхона рафтанд...
Офтоб як қади найза боло шуд.
То ҳол касе ёрои ба кӯча баромадан намекард. Зеро ду-се нафари субҳи содиқ аз ҳавлиашон беруншуда аллакай тӯъмаи тир гаштанд. Бино бар ин чашми мардум тарс хӯрда, ҳатто аз тирезаҳояшон сар намекашиданд. Ҳаво торафт метафсид, дар ҳамворӣ ҷасади зиёде мехобид. Нохост садои мусалсали тир сукути атрофро рахна кард. Сардухтур ҳамроҳи посбон ба посбонхона баргашт. Аз ин ҷо манзараи деҳа баръало ба чашм мерасид. Ин дафъа ҷирани раиси колхоз ҳадафи тир гашта буд. Ҷонвар дар замин печутоб мехӯрд, дасту пой мезад, ҷон меканд. Аз зери сумаш чанги ғализе ба ҳаво мехест. 
– Соҳибаш дар куҷо бошад? – гуфт посбон бо оҳанги хавотир. – Ҷулу ҷағозаш ҳам нест.
– Шояд аз овози тир ҳаросон бандро канда, аз ҳавлӣ баромада бошад, – ӯро хотирҷамъ кардан хост духтур. – Раис дирӯз ба Душанбе рафта буд.
– Бечора ҷонвар чӣ гуноҳ дошт, – оҳанги афсӯс кард посбон, – раис фаҳмад, дуд аз димоғаш мебарояд. Мисли фарзанд дӯст медошт аспашро.
Тафси ҳаво торафт меафзуд. Ҳамоно кӯчаҳои деҳа хилват буд, касе сиёҳӣ намекард. Ҳар ду ҷониб, мисли пайт ҷустани гурба дар даҳани мушхона, раг назада пайт меҷустанд. Шодмон Кенҷа аз ғундоштану дафн кардани ҷасади кушташудагон дар ҳамворӣ ва каҷию килебӣ меандешид. «Агар рӯзи дароз дар ин гармӣ бихобанд, яқин бӯ мегиранд, – меғурунгид ӯ худ ба худ, – ягон илоҷ ёфта ба хок супоридан даркор».
Оқибат ӯ дигар чора наёфт, ба ҷуз худ ба майдон баромадан. Ҳарчанд посбон мехост ӯро аз ин амали хатарзо боздорад, гӯш накард ва хилъату кулоҳи сафед дар тан сар аз дарвоза берун шуд.
– Наравед, баргардед! – менолид аз қафо посбон. – Бало ба пасашон, ҷонатонро дар хатар наандозед, онҳо одамгарӣ надоранд, чашмашонро хун гирифтааст...
Аммо барнагашт Шодмон Кенҷа аз раҳаш. Сараш хам оҳиста-оҳиста нишебиро поён шуд. Ин лаҳза оромии вазнине соя андохт дар фазои деҳа. Гӯё ҳама ҷонзот, ҳатто боғу роғ ва гулу гиёҳ дар интизори пешомади баде ҳаросон дам ба дарун зада буданд. Бештар аз посбон беморон безобита шуда, аз табиби худ чашм намеканданд. Охир, дар ин замонаи бераҳм ӯ ягона касе буд, ки на танҳо решаи дард, балки хулқу хислати ҳар яки онҳоро нағз медонист, бо як ишора муддаояшонро мефаҳмиду ҳамроҳашон дари суҳбат мекушод. Дигар одами ҳамдаму дилсӯз надоштанд онҳо.
Офтоб ба қиём омада буд ва Шодмон Кенҷа гармии онро дар ҷисму ҷонаш ҳис мекард. Пушташро ба сӯзиш меовард анвори хуршеди тобон. Вай ба нияти ба ифоқа овардани силоҳбадастон ва ҷамъу гирд овардану ба хок супоридани ҷасади ҳалокшудагон гом мебардошт ва дар сар суханҳои мегуфтаашро ба мардуми сангаргирифта ба гардиш меовард. Вақте қадам ба миёнҷойи ҳамворӣ гузошт, ногоҳ садои тир дили хомӯширо бишикаст. Шодмон Кенҷа бо ду даст сари синаашро дошта каме калавид ва баъд якбора парӯ афтид. Истадамак ҳарчанд то ин дам чашм аз ӯ намеканд, нафаҳмид, ки тир аз кадом ҷониб омад. Духтур аз байн мерафт ва аз ҳар ду ҷониб метавонистанд ӯро ҳадаф қарор бидиҳанд. Истадамак оҳи сарду нолаи кунд аз дил берун овард. Ҳарчанд дар он лаҳзаҳои маргбор ин ҳодисаро метавонист чашмдор бошад, аммо инак, ки ба вуқӯъ пайваст, бо тамоми вуҷудаш даҳшати онро ҳис карда, карахт шуд, дигар ёрои даҳон кушодан надошт. Беморон, баръакс, аз дидани ин манзараи мудҳиш фиғон бардошта, рӯйи ҳавлӣ давиданд. Ногоҳ Дарвеш, бемори қавипайкари мулаққаб ба Напалеон, як наъраи шерона кашида ҷониби палатаи худ рафт ва дере нагузашта дар як даст қамчин ва дар дасти дигараш як чӯби дугазаи аз истифодаи зиёд сайқалхӯрда берун омад. Беморон баробари дидани ӯ ба ҷунбиш омаданд. Дарвеш инак дар тан пиҷаки аскарии рангаш сабзтоб дошт. Вай нигоҳи тез ба беморон афканда, ба чӯби дасташ «савор» шуд ва онро асп пиндошта, аввал дасти қамчиндорашро боло бардошта ба чӯб фуроварду «аспашро маҳмеззанон» ҷониби дарвоза рафт. Дигарон ӯро пайравӣ карданд.
Истадамак хост пеши роҳи онҳоро бигирад, аммо дасташ кӯтаҳӣ кард. Яке мисли мошин садо баровардаю сигнал дода, дигаре дасти хешро автомат пиндошта ба росту чап тир «андохта» бо шӯру валвала аз ҳавлии беморхона берун шуданд. Пирамарди ланге низ, аз дигарон қафо намонда, «ура!» гӯён овоз меандохту лангон-лангон баландиро нишеб мешуд. Вақте ки ба ҳамворӣ расиданд, аввал ба сари ҷасади Шодмон Кенҷа хам шуданд. Дарвеш сари ӯро аз замин бардошта сари зонувонаш гузошт, баъд ҷасад рӯйи дастон оҳиста аз ҷой баланд шуд ва чун Рустам дар мотами Сӯҳроб бо оҳу дод наъра кашид ва рӯй ҷониби беморхона овард. Дигар беморон низ ба ӯ пайравӣ карда, ҷасадҳои дар ҳарҷо хобидаро оғӯшкунон мебӯсиданду мегиристанд. Пирамарди ланг ҷасади ҷавони наҳифҷуссаеро аз як дасташ дошта, кашолакунон ба роҳ даромад.
Аммо мурдакашӣ дер давом накард. Онро садои хандаи баланде халалдор сохт. Аввал касе танҳо механдид, баъд аз ҳар ду ҷониб садои ханда баланд шуд ва тадриҷан он ба силсилаханда бадал гашт. Ин хандазор гӯё дар ҳамворӣ мавҷ мезаду домани шӯри талҳоро бӯсида мутанаффир аз як ҷониб ба ҷониби дигар бармехӯрд. Беморон ҳайрон дар нимароҳ монда, намедонистанд чӣ кор кунанд. Шояд онҳо низ ин лаҳза садои хандаро чашмдор набуданд. Дарвеш ба атроф бо ангушти ишоратиаш таҳдид карду роҳашро идома дод ва корвон аз нав раҳсипар гашт. Посбони беморхона чашм аз ин қатлгоҳу гӯш аз хандаи гӯшхарош наканда, ҳамоно дар назди тирезаи посбонхона карахту тарсхӯрда менишаст. Садои ханда торафт ғашашро меовард, гӯшаш мисли занбӯрхона буд. Ӯ чанде дар ҳамин ҳолат нишаст ва баъд мушт ба сар заду аз умқи дил нолаи ҷигарсӯз бароварда фиғон кашид: барои дар ин қатлгоҳ зинда мондан девона бояд буд, девона! 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: