МИЗБОНОН ҒАЛАБА КАРДАНД

Дар Тошканд байни футболбозони аз 25-сола боло мусобиқаи байналхалқии мини-футбол дар байни ходимони Шӯрои иттифоқи касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дастаҳои яккачини Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар маҷмӯаи варзишии «Юнусобод» қувваозмоӣ карданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа дастаи мамлакати мо бо ҷамоаи Қазоқистон рӯ ба рӯ шуд. Бозӣ бо ҳисоби якранг – 1:1 анҷом ёфт. Дар талоши дуюм дастаи Қазоқистон ҷамоаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 6:5 мағлуб намуд. 
Рӯзи дуюми мусобиқа ҷамоаи Ӯзбекистон дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 9:5 мағлуб кард. Дар сабқати ҳалкунандаи мусобиқа ҷамоаи Ӯзбекистон бо дастаи Қазоқистон рӯ ба рӯ шуд ва бо ҳисоби 2:0 ғалабаро ба даст овард. Ғолибон бо медалҳои тиллоӣ ва ифтихорномаи созмондиҳандагони мусобиқа мукофотонида шуданд. Соҳиби ҷойи дуюм – дастаи яккачини Қазоқистон ва ҷойи сеюм, ҷамоаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо медалҳои нуқраву биринҷӣ, ифтихорномаву тӯҳфаҳои гаронбаҳо сарфароз гардиданд. 
Мусобиқаи мазкур аз аввалин турнирҳои байналхалқии Шӯрои  иттифоқи касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки барои чемпионати Осиё дарси маҳорат гардид. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: