Дар Сарконсулгарии Ӯзбекистон дар Ҷидда бахшида ба мавзӯи «Замони сармоягузорӣ ба Ӯзбекистон расид» «мизи мудаввар» ба амал омад.
Дар вохӯрӣ намояндагони доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, академӣ, коршиносии консулгарӣ, ҳамчунин ҳамватанони мо иштирок карданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ доир ба комёбиҳои ҷумҳурии мо тӯли солҳои охир дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ, иқтисодӣ ва сармоявии кишвари мо, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии роҳбарияти Ӯзбекистон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ба сиёсати мамлакат бобати ҷалби сармояҳои хориҷӣ, созмон додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳо ба сармоягузорони хориҷӣ эътибори махсус дода шуд.
Дар доираи чорабинӣ наворҳои видеоие, ки дар бораи имкониятҳои иқтисодии минтақаҳои Ӯзбекистон ҳикоя мекунанд, пешкаш шуданд. Ҳамчунин ба ҳозирон маҷаллаҳо ва маводи иттилоотие, ки дар бораи имкониятҳои ғановатманди сайёҳии мамлакати мо нақл мекунанд, пешниҳод гардиданд.
Иштирокдорони «мизи мудаввар» барои даъват ба чорабинии мазкур миннатдорӣ баён карда, махсус таъкид сохтанд, ки муаррифии Ӯзбекистон дар доираи вохӯрӣ ба онҳо имкон дод дониши худро доир ба рушди кунунии ҷумҳурӣ ва комёбиҳое, ки мамлакат тӯли солҳои охир ба даст овардааст, ғанӣ кунанд.
ОИ «Дунё»,
шаҳри ҶИДДА.