МИЗОНИ АСОСӢ МАНФИАТИ МАРДУМ АСТ

Дар мамлакатамон барои коҳиш додани омили инсонӣ ҷиҳати дохил шудан ба ягон кор ё ишғоли вазифаи давлатӣ шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷараёни суҳбате, ки мухбири “Овози тоҷик” бо котиби матбуоти Агентии рушди хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Севара ЗОКИРОВА дошт, ҳамин мавзӯъ ва масъалаҳои дигари марбут ба он матраҳ гардиданд.
Тавре ки ҳамсуҳбати мо изҳор намуд, Портали ягонаи расмии ҷойҳои холии хидматчиёни давлатӣ – vacancy.argos.uz амал мекунад, ки ҳар як хоҳишманд ва соҳиби касбу кор тавассути он метавонад барои ишғоли ягон мақому мансаб муроҷиат намояд. 
 – Ин портал низоми ягонаи электронӣ барои ишғоли ҷойҳои холӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои он аз тариқи озмунҳои озоди кушод буда, фаъолияти худро бар асоси тамоюли “Равзанаи ягона” дар шабакаҳои интернет  пеш мебарад. 
Маълумот дар бораи вазифаҳои холии мақомоти давлатӣ дар портал бо истифода аз маҷмӯи барномавии байниидоравии “Низоми ягонаи миллии меҳнат” дар сайт ҷойгир карда шуда, қабули ҳуҷҷатҳои номзадҳо танҳо ба таври электронӣ сурат мегирад, – мегӯяд Севара Зокирова.
Ба таъкиди котиби матбуот озмунҳои озод барои ишғоли вазифаҳои холӣ тақозо менамоянд, ки ҳар як номзад ба талаботи тахассусии вазифаи холӣ мутобиқат намояд. Барои ҳамин ӯро лозим меояд, ки ҳамин талаботро ба таври мушаххас омӯзад ва худро аз ҳар ҷиҳат омодаи кор намояд. Гузашта аз ин, баланд бардоштани савияи дониш низ лозим аст, ки он ба воситаи санҷиши тест сурат мегирад. 
Баъд аз суҳбат марҳилаҳои навбатӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Даъвогар ё номзад маҳорату малака ва салоҳияти худро ба таври шифоҳӣ баён мекунад. Маълумот дар бораи натиҷаи ҳар як марҳилаи озмун ба утоқи шахсии номзадҳо фиристода мешавад.
Аз суҳбат бо котиби матбуот маълум шуд, ки то 10 октябри соли равон тавассути портал бештар аз 70 вазорату идораи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо барои ишғоли 100 ҳазор ҷойи кори холӣ озмун эълон кардаанд. Дар натиҷа барои ишғоли он дар маҷмӯъ 1 миллиону 157 ҳазору 338 нафар номзад ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кардаанд.
– Шумори бештари эълони озмунҳо ба вазорату идораҳо рост меояд.
Инчунин 14 ҳазору 341 нафар занон аз роҳи иштирок дар озмун соҳиби кору вазифа шудаанд. 6 ҳазору 603 нафарашон бори аввал ба хизмати давлатӣ ба кор пазируфта шуда, ба анҷоми вазифа пардохтаанд.
– Ҷараёни саволу ҷавоб чӣ гуна сурат мегирад?
– Ҳар як шаҳрванд вобаста ба фаъолияти портали ягонаи кушодаи ҷойҳои холии хидматчиёни давлатӣ бо саволҳо ба мо муроҷиат карда метавонад. 
– Саволдиҳандагон бештар кадом масъаларо ба миён мегузоранд?
– Бештари ин саволҳо аз тарафи афроде сурат мегирад, ки муассисаҳои таълими олии хориҷиро хатм кардаанд. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки агар муассисаҳои таълими олии хориҷиро хатм карда бошанд, аввал онро дар Идораи назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ ё нострификатсия кунонанд. Рақами шаҳодатномаи нострификатсияшуда бо тартиби муқарраршуда ба базаи маълумот ворид карда мешавад.
Севара Зокирова роҷеъ ба он масъала низ таваққуф намуд, ки агар номзад хостори кор дар ягон вазорату ташкилотро дошта бошад, шарт нест, ки бевосита вай ба бинои он ҳозир шавад.
Агар номзадҳо на дар шаҳри Тошканд, балки дар минтақаҳои дигар зиндагӣ кунанд, метавонанд дар марҳилаи суҳбати озмун аз тариқи видеоконфронс аз фосила ширкат варзанд. 
Ногуфта намонад, ки портали ягонаи иттилоотӣ-электронии хизмати давлатӣ як қатор имкониятҳоро фароҳам овардааст. Пеш аз ҳама аз тарафи агентӣ  барои хидматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон портали my.argos.uz-ро кушодааст. Ба воситаи он маълумот дар бораи фаолияти меҳнатии шахс, сертификатҳо, хешу ақрабо ташаккул меёбад. Инчунин агар шахс аз платформаи vacancy. argos.uz истифода бурда бошад, маълумот оид ба натиҷаи марҳилаҳои тест, инчунин ҷазоҳои интизомӣ, рағбатнокшавиҳо, индекси объект ва вазни танаи ӯ тақдим карда мешавад. 
Гуфта мешавад, имконияти мустақилона ворид намудани ин маълумот аз ҷониби шаҳрванд низ дар портал фароҳам оварда шудааст. Ҳар як маълумоти дурусте, ки ба система ворид карда шудааст, омили муҳими кори самараноки ҳар як фард маҳсуб меёбад. Ҳар як муроҷиат аз ҷониби намояндагони масъули агентӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад ва дар муддати кӯтоҳ ба шаҳрванд посух дода мешавад.
Агар нисбати муроҷиати шаҳрванд аз ҷониби вазорату идораҳо ва ҳокимиятҳо беэътиноӣ карда шавад, шаҳрванд ба зудӣ метавонад дар бораи он аз тариқи портал агентиро огоҳ кунад. Зеро агентӣ тарафдори рушди низом, ҷалб намудани кадрҳои потенсиалӣ ва рақобатпазир дар заминаи имкониятҳои баробар барои хизмати давлатӣ мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки мизони асосии он манфиати мардум аст! 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
 “Овози тоҷик”
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: