Солҳои 1981-82 Донишкадаи омӯзгории ба номи С. Айнии Самарқандро хатм намудам.
То синни нафақа дар муассисаҳои томактабӣ, китобхона ва мактаби миёнаи рақами 296-уми пойтахт фаъолият бурдам.
Собиқаи корӣ чӣ қадар зиёд бошад, маҳорату таҷрибаи инсон ҳамон қадар пухтаву мустаҳкам мешавад. Шукри беадад, хидматҳоям аз тарафи ҳукумат қадр карда шуд. Бо унвонҳои «Муаллими сол», «Омӯзгори тоифаи олӣ», нишони сарисинагии Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдиронида шудам.
Вақте ҷамоаи мактаб маро ба нафақа гусел кард, рости гап, худро инсони ба ҷамъият нодаркор ҳисобидам. Чунки мехостам таҷрибаву дониши солҳои тӯлонӣ ҷамъкардаамро то қадри имкон ба насли наврас омӯзонам.
Фармони роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди беҳтар кардани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти нафақавии шаҳрвандон» аз 12 декабри соли 2018 маро водор намуд, ки ба мактаби азизам баргардам.
Ҷамоаи мактаб маро хуш қабул кард. Гӯё акнун ба кор оғоз карда бошам, худро боз ҳам серғайрату фаъол ҳис кардам. Акнун мехоҳам ба хонандагон на танҳо таълиму тарбия, балки дарси ҳаёт омӯзонам. Аз камбудиву муваффақиятҳои таҷрибаи 35-солаам ба онҳо сабақ диҳам.
Чор писару ду духтар дорам. Ҳама бо кору зиндагии худ машғуланд. Арӯсонам фарзандони инсонҳои пурдидаву хоксор ва меҳнаткаш мебошанд. Маро иззату ҳурмат мекунанд, дархостҳоямро ба ҷо меоваранд. Аз ин боис бо хотири ҷамъу кайфияти аъло ба мактаб мешитобам.
Аз номи нафақахӯроне, ки кор мекунанду акнун нафақаашонро пурра мегиранд, барои эътибор ва ғамхорӣ ба роҳбари давлат миннатдорӣ баён мекунам ва ваъда медиҳам, ки насли наврасро дар рӯҳи ватандӯстӣ, меҳнаткаш ва фидоии халқ будан тарбия менамоем.
М. РАҲИМОВА,
муаллимаи мактаби миёнаи рақами 296-уми пойтахт.