МО БА ДАВРОНИ МУҲИМИ РУШДИ ХУД — ДАВРАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛӣ ВОРИД МЕГАРДЕМ

Нодир МИРЗОЕВ, омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 19-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

“...Дар соли 2020 мо беш аз пеш ислоҳоти васеъмиқёси иҷтимоиву иқтисодиро давом медиҳем..”
Ҷумлаи болоӣ иқтибосест аз муборакбодии солинавии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба халқи сермиллати кишварамон. Агар эътибор дода бошед, сарвари давлат вожаи “иҷтимоӣ”-ро пеш аз калимаи “иқтисодӣ” ба забон мегирад, ки ин беҳуда нест.
Дар Ӯзбекистони нав тайи се соли сипаришуда ба масъалаи баланд бардоштани маънавияти халқ аҳамияти алоҳида дода шуд. Сарвари кишвар аз рӯзҳои аввали оғози фаъолияти худ чун Президент масъалаи рушди китобхониро ба миён гузошт. Метавон гуфт, ки дар мамлакат ислоҳоти нави иҷтимоӣ бо тарғибу ташвиқи китобхонӣ оғоз гирифт.
Масъалаи дигаре, ки ба дараҷаи сиёсати давлат бардошта шуд, гӯё инқилобе дар соҳаи таълими томактабии кӯдакон буд. Зеро халқи мо, алалхусус, аҳолии деҳот ба боғчаҳои бачагона ниёз дошт. Охир, дар деҳаҳоямон муассисаҳои таълими томактабӣ тақрибан барҳам хӯрда буданд. Ҳоло дар як худи ноҳияи Сайҳунобод даҳҳо муассисаҳои таълими томактабӣ кушода шуданд, сохтмони кӯдакистон чӣ давлативу чӣ хусусӣ идома дорад... Ислоҳоти соҳаи муассисаҳои томактабӣ гӯё зинаи аввали ислоҳоти мактабу маориф буд, зеро фарқи кӯдаки аз боғча ба мактабомада аз кӯдаки боғчанадидаро омӯзгорон хуб медонанд.
Дар се соли охир корҳое, ки баҳри ислоҳи мактабу маориф, соҳаи ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ... ба амал омаданд, метавон гуфт ҳайратоваранд. Аз ҳама хурсандиовар он аст, дар ин муддат меҳру муҳаббати халқ ва ҳисси дахлдории ӯ нисбат ба кишвари маҳбубамон борҳо афзуд.
“Дар рушди соҳаи илм, таълим ва тарбия давраи нав оғоз ёфт...” мегӯяд Президенти кишвар дар табрики худ. Дарҳақиқат, ин ҳанӯз оғози кор аст. Алҳол халқи мо амиқ дарк намуд, ки ин  ислоҳот то кадом поя ногузиранд ва баҳри зина ба зина ба ҳаёт татбиқ кардани онҳо бояд бошуурона меҳнат кард, мубориза бурд.
Мо, ҷавонон, хушбахтем, ки бо меҳнати худ баҳри рушди ҳамаҷонибаи мамлакатамон ҳиссагузор ҳастем ва дар соли нави 2020 бештар кӯшиш мекунем, ки Ӯзбекистони маҳбубамон аз сафи давлатҳои пешқадаму мутараққии ҷаҳон мақом ёбад.

Очил БОЗОРОВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби миёнаи таълими ҳамагонии  рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навои:

Дар қатори ҳазорон нафар шаҳрвандони Ватани азизамон камина низ тавассути телевизион табрики солинавии Президенти мамлакатамонро бодиққат гӯш кардам. Суханони табрикии ӯ ба муносибати Рӯзи муаллимон, ки чанд моҳ қабл изҳор дошта буд, ҳанӯз дар паси гӯшҳоям садо медиҳанд. Вай гуфта буд: «Омӯзгори имрӯза бояд мутахассиси универсал бошад, ҳам омӯзад, ҳам омӯзонад, яъне дар бораи худ муттасил кор кунад, доимо ҷӯяд. Аз ҳама муҳимаш омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад...» Соли сипаригардида маоши омӯзгорон ду маротиба зиёд карда шуд. Ин ҳама ба дӯши мо– омӯзгорон бори масъулият мегузорад. Ба соҳаи таълим ва тарбияи насли ҷавон эътибори ҷиддӣ додани роҳбари давлат беҳуда нест. Зеро ҷавонони донишманд, ҳушёру огоҳ, ватанпарвар ва болаёқат пешрафти мамлакатро таъмин менамоянд. Ин эътибор дар табрики солинавии ӯ низ ҳис карда мешавад, ки аз ҷумла гуфта мешавад:
– Тамоми нерӯ ва имконияти  худро ба он равона мекунем, ки ҷавононамон таълиму тарбияи сазовор гиранд, қобилияту истеъдоди онҳо ба рӯйи об барояд.
Фикр мекунам, ки ин суханон барои ҳамаи омӯзгорон ва онҳое, ки бо таълиму тарбияи насли наврас сарукор доранд, таъсиргузор буд.   

Алиқул ЭЛОВ,
шифокор-эндокринологи тоифаи олӣ 
(шаҳри Гулистон).

Тӯли се сол Соли нави милодӣ дар кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифта мешавад. Соли равон ин истиқбол аз ҳамасола дида рангинтар буд. Ҳар сол аҳолии сермиллати Ӯзбекистон табрики солинавии Президенти кишварро бо гӯши ҷон мешунаванд. Зеро дар табрики идонаи роҳбари давлат то ҷое самтҳои пешрафти соли оянда муайян мегарданд. Дар табрики солинавии роҳбари давлат аз ҷумла омадааст:
–Таҳкими саломатии аҳолӣ, истиқрори тарзи солими ҳаёт дар ҷомеа ба дараҷаи нав бардошта хоҳад шуд.
Халқи мо гувоҳ аст, ки тӯли се соли охир, чун дар ҳама соҳаҳо, дар соҳаи тандурустӣ низ гардишҳои куллӣ, метавон гуфт, ки инқилобӣ рух доданд. Ба хотири ислоҳи соҳа камбудиву нуқсонҳо низ рӯйирост гуфта шуданд. Ба сектори хусусӣ дар соҳаи тиб роҳи васеъ кушода шуд, ки рақобати солимро пурзӯр мегардонад. Дар ҳамаи самтҳои тиб усулҳои пешқадами илм ва таҷрибаи кишварҳои рушдкарда ворид мегарданд. Хоссатан, дар соҳаи ҷарроҳӣ тавассути таҷҳизоти нави замонавӣ усулҳои нави ташхисгузорӣ ва муолиҷа ҷорӣ карда мешаванд. Ҳоло дар пойтахт ва марказҳои тиббии вилоятҳо амалиёти трансплантология роҳандозӣ гардидааст, ки инро тӯли солҳо мардуми мо орзу мекард.
Ман фикр мекунам, ки ин ҳама ҳанӯз оғози кор аст. Агар корҳо бо чунин суръат идома ёбанд, мамлакатамон дар ҳамаи соҳаҳо аз сафи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой хоҳад гирифт.


Шаҳло МИРСАИДОВА,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
Факултети филологияи ДДФ.

Дар муддати се соли охир мамлакатамонро дигаргуниҳои куллӣ фаро гирифтаанд. Ин раванд бомуваффақият идома дорад. Дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти амиқ пиёда мегарданд, ки ба нафъи мамлакат ва мардуми он нигаронида шудаанд. Ин нукот дар табрики солинавии Президент Шавкат Мирзиёев ба мардуми сермиллати мамлакат низ хеле амиқ таъкид гардид. 
Гуфта шуд, ки дар “Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ” кишварамон ба дастовардҳои хеле бузург ноил шуд. Ҳамчунин соле, ки сипарӣ шуд, аз комёбиҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ низ саршор буд.
Тамоми имкониятҳои  мавҷуда барои ба таълиму тарбияи муносиб фаро гирифтани фарзандони халқ ва рӯи об баровардани истеъдод ва маҳорати ҷавонон сафарбар карда мешавад. 
Як идда ҷавонон  аз шароити беҳтарини ба варзиш машғул шудан истифода мебаранд ва бо ширкати худ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ байрақи Ӯзбекистонро баланд мебардоранд. Мо бояд дарк намоем, ки ҳамаи талошҳои сарвари давлатамон ба мо нигаронида шудаанд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназир бояд бештар вақти худро ба таҳсилу китобхонӣ ва варзиш сарф намоем. Аз ҳамаи ҳамтоёни худ даъват мекунам, ки ба қадри чунин сарвари давлат ва мамлакати пур аз шароиту имкониятҳо бирасем ва барои ояндаи дурахшони он ҳиссаи худро гузорем.
Ин ҷо мехоҳам таъсиси гурӯҳи тоҷикиро дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона дар се соли қабл аз зумраи ҳодисаҳои наҷиб ва хурсандибахши давраи нави тараққиёти мамлакат арзёбӣ кунам, ки маҳз бо иқдоми сарвари давлатамон ба вуқӯъ пайвастааст. Ростӣ, ифтитоҳи гурӯҳи тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Фарғонаро ҷавонони зиёди вилоятамон  орзу мекарданд. Ин орзуву ормонҳои онҳо ҷомаи амал пӯшид, ки барои он аз сарвари кишварамон сипосгузор ҳастем.
 Ҳоло дар ин гурӯҳ беш аз шаступанҷ нафар ҳамтоёнам аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят ба забони модарии худ таҳсил мекунанд. Онҳо дар оянда холигоҳҳоеро пур хоҳанд кард, ки дар муассисаҳои таълимоти миёна ва литсейҳову коллеҷҳо нисбати омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик эҳсос карда мешаванд.
 Дар табрики солинавии сарвари давлат он нукта низ таъкид гардид, ки эътимоду боварии мардум, аз ҷумла ҷавонони Ӯзбекистон ба фардо беш аз пеш меафзояд. Фикр мекунам, ки ин эътимод маҳз аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Шавкат Мирзиёев маншаъ мегирад ва мо, ҷавононро дилгарм ва рӯҳбаланд месозад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: