Ноҳияи Қува 65 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳоро муттаҳид намудааст.
Ноҳияи Қува 65 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳоро муттаҳид намудааст. Ноҳияи моро бо маркази вилоят 20 километр роҳ васл мекунад. Агар ба таърих назар кунем, шаҳри Қува соли 1974 ба мақоми шаҳр соҳиб шудааст. Дар ноҳияи мо маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ, аз қабили орду нон, гӯшт, сабзавот ва мева истеҳсол мешавад. Ғайр аз ин, мардуми мо ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ машғуланд.
Таҳлилҳои охир нишон медиҳанд, ки расонидани кӯмакҳои моддӣ ба оилаҳои камбизоат ва аз нигоҳи моддӣ эҳтиёҷманд аз вазифаҳои аввалдараҷаи ҳокимияти ноҳияҳо қарор гирифтааст. Ин кӯмак ба аъзои хонаводаҳое расонида мешаванд, ки ба феҳрасти “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” шомил шудаанд. Дар ин ҷода мо чорабиниҳои зиёдеро дар ноҳияи худ низ дар амал пиёда мекунем.
Сарвари давлатамон дар ҷараёни ҳар як ҷамъомад ба он нукта таъкид меварзад, ки дар замони пандемияи коронавирус ба оилаҳои эҳтиёҷманд бояд мо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунем ва барои пуштибонии иҷтимоии онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.
Барои иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат мо корро ба ташкил кардани “Дафтари оҳанин” шурӯъ сохтем. Дар ин маврид роҳбарони чаҳор сектор, ноибони ҳокими ноҳия, депутатҳои Кенгаши ноҳия, сарварони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони маҳаллаҳо иттиҳод бастанд ва корҳои ба рӯйхат гирифтани хонаводаҳои ҷамоатҳои шаҳрвандонро ба анҷом расониданд.
Бо итминон метавонам қайд кунам, ки онҳо диққату эътибори асосиро ба одамони танҳо ва хонаводаҳои аҳволи иҷтимоиашон вазнин нигарониданд. Бар асоси омӯзиш маълум шуд, ки дар ноҳияи мо 2 ҳазору 272 оилаи камбизоат мавҷуд аст ва теъдоди умумии аъзои он 10 ҳазору 533 нафарро ташкил мекунад.
Мо то ин замон ба хонаводаҳое, ки ба ин дафтар номнавис шудаанд, 1 миллиарду 935 миллион сӯм кӯмакҳои моддӣ расонидем. Агар мушаххастар карда гӯем, ба 2 ҳазору 88 хонавода дар ивази 285,6 миллион сӯм маводи хӯрокворӣ тақсим кардем. Ба 680 хонавода аз ҳисоби майдонҳои холишудаи ғалла мувофиқи тавонашон қитъаҳоро ҷудо карда додем, ки дар он сабзавот коштаву парвариш карда, вазъияти иқтисодиашонро беҳбуд бахшанд.
Яке аз ҷанбаъҳои кори моро ба шуғл банд кардани одамони бекор ташкил мекунад. 1 ҳазору 46 нафарро тавонистем дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба кор ҷалб намоем. Баъзе хонаводаҳо хоҳиш карданд, ки ба парвариши гӯсфанд машғул шаванд ва ин дархости онҳоро иҷро кардем. Дар ин миён 178 нафар ба паррандапарварӣ машғуланд. 174 хонавода дар гармхонаҳое фаъолият мекунанд, ки аз ҳисоби маблағҳои субсидия бунёд карда шудаанд.
Дар яке аз мулоқотҳои сайёри роҳбарони секторҳо сокинони чанд деҳоти ноҳия аз мо дархост карданд, ки ба пули нақд эҳтиёҷ доранд. Бо қарори ҳокимияти ноҳия ба ин гурӯҳи одамон бештар аз 47 миллион сӯми нақд кӯмакҳои моддӣ расонидем.
Иҷрои фармону қарорҳои Президенти давлатамон ва фармойиши Девони Вазирони ҷумҳурӣ низ дар ноҳияи мо саривақт таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи фармони рақами 6038-и сарвари давлат барои аъзои 1 ҳазору 600 оилаи камбизоат ба миқдори 220 ҳазор сӯмӣ ба ҳайси ёрии моддӣ пурдохт намудем. Ҳаҷми умумии ин кӯмакҳои моддӣ 1 миллиарду 389 миллион сӯми нақдро ташкил менамояд.
Бар асоси қарори Девони Вазирон 669 оила 500 ҳазор сӯмӣ ёрии моддӣ гирифтанд. Ба таври мунтазам саъй ва талош намудем, ки як қисми оилаҳои камбизоат аз “Дафтари оҳанин” хориҷ карда шаванд ва ин кор бо қарори депутатҳои халқи Кенгаши ноҳия ва ризоияти худи аъзои ин хонаводаҳо сурат гирифт. Дар натиҷа 1 ҳазору 528 оила аз шумори оилаҳое маҳсуб меёбанд, ки аз ин дафтар ихроҷ шудаанд. Онҳо машғули корҳое мебошанд, ки аз ҳисоби он даромади доимӣ ба даст меоранд.
Ҳоло вазифаи роҳбарони секторҳо бо кӯмаку ҳамкориҳои сардорони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо аз он иборат аст, ки 1 ҳазору 66 хонаводаи боқимондаро бо истифода аз имкониятҳои дохилиамон ба кор таъмин кунем ва ба ин васила аз “Дафтари оҳанин” барорем. Барои иҷрои ин ҳадаф тамоми чораву тадбирҳои заруриро андешида истодаем.
Оҳиста-оҳиста дар ноҳияи мо нақши занону ҷавонон ва саҳми онҳо дар самтҳои гуногун рӯ ба афзоиш овардааст. Барои ин аз рӯи “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” чораву тадбирҳои мушаххасро пиёда мекунем. Ногуфта намонад, ки ба ин дафтарҳо занону духтарон ва гурӯҳи ҷавонони бекор шомил шудаанд, ки ба кӯмакҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва равонӣ ниёз доранд, ҳамчунин мехоҳанд соҳиби ягон касбу ҳунар шаванд.
Масъалаи бо манзил таъмин кардани қишри калони аҳолӣ низ дар ноҳияи мо яке аз вазифаҳои иҷрояш ногузир қарор гирифтааст. Дар се соли охир 17 хонаи бисёрошёна сохта шуд ва дар он аъзои 544 хонавода зиндагӣ мекунанд. Гузашта аз ин, танҳо дар соли равон бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ва пуштибонии ҳомиёни саховатманд аъзои 12 хонаводаи камбизоат ба хонаҳои нав кӯчиданд.
Дар ин рӯзҳои саршавии ҳавои сарду зимистон корҳои сохтмонӣ мутаваққиф нашудаанд. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Турк чунин корҳои сохтмонӣ беш аз пеш вусъат пайдо намудааст. Ҳоло 40 бинои панҷошёна марҳила бар марҳила сохта мешаванд, ки барои ду ҳазор оила муқаррар шудаанд. Дар ин мавзеъ мактаби нав, муассисаи таълими томактабӣ, муассисаи тиббӣ, маҷмаъи варзишӣ ва тиҷоратӣ арзи вуҷуд хоҳанд кард.
Боиси қайд аст, ки дар ҷараёни мулоқоту суҳбатҳо баъзе журналистон аз ман чунин суол мекунанд: Бархе аз деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи шумо бо гази табиӣ, оби ошомиданӣ, барқ ва коммуникатсияҳои дигар пурра таъмин нашудаанд. Шумо дар яке аз мавзеъҳои ҳатто заминаш азхуд карданашуда чунин хонаҳои баландошёна месозед. Магар метавонед сокинони онро бо гази табиӣ, оби нӯшокӣ, барқ ва коммуникатсияҳои дигар таъмин кунед?
Ҷавоби ин саволҳо чандон осон наянд. Вале бо итминон посух медиҳам, ки ин хонаҳои баландошёнаро соҳибкорон бо маблағҳои шахсии худ месозанд ва онҳо аллакай ҳамаи ин масъалаҳоро қаблан бо мутахассисони варзида баррасӣ кардаанд. Дарвоқеъ, ин хонаҳо ва маҷмаъаҳои ёрирасони ин шаҳраки хурду зебо дар ҷое сохта мешаванд, ки аз шафаташ лӯлаи гази табиӣ гузаштааст ва таъмини мардуми он бо оби тоза низ чандон мушкилоти ҷиддӣ эҷод нахоҳад кард.
Мусаллам аст, ки расонидани ҳар гуна кӯмакҳои моддӣ ба одамони камбизоату эҳтиёҷманд бидуни маблағ ба анҷом намерасад. Дар ин самт корхонаҳои саноатӣ низ нақши муҳим мебозанд. Барои ҳамин дар ноҳияи мо ҷиҳати бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ низ аҳамияти хоса дода мешавад. Дар ин маврид ҳамин нуктаро зикр мекунам, ки як гурӯҳ сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва чанде аз кишварҳои араб бо ворид намудани сармояҳои худ дар қаламрави деҳаҳои Турк ва Қақир як қатор корхонаҳои саноатӣ бунёд менамоянд, ки дар оянда садҳо нафар дар он ҷо ба кор таъмин мегарданд.
Аз ҷумла, ширкати чиноии ҶСММ-и “Yingtai Agricultural Food Tech-nology” сохтани яхдонҳои бузургҳаҷмро дар ноҳияи мо ба охир расонд. Маросими баҳрабардории он ба наздикӣ баргузор мегардад. Ин яхдонҳо барои нигоҳ доштани мева, хусусан гелосҳои ширину болаззати мо ва содири он ба Чину Русия тахассус дода шудаанд.
Мо ба оянда бо назари нек менигарем. Дар солҳои охир дигаргуниҳои куллӣ паси сар мешаванд, ҳаёти мардумамон беҳтару зиндагиашон фаровонтар мешавад. Ба ҳайси ҳокими ин ноҳияи марказаш куҳанбунёду таърихӣ талош ба харҷ хоҳам дод, ки нақшаҳои мадди назар тезу хушсифат иҷро шаванд ва рӯи мардуми моро дар назди сарвари ҷумҳурӣ ва вилоятамон сурх намоянд.
Равшанбек ҚУРБОНОВ,
ҳокими ноҳияи Қуваи
вилояти ФАРҒОНА.