МО БА ҲАМКОРИҲОЯМОН БО ӮЗБЕКИСТОН БАҲОИ БАЛАНД МЕДИҲЕМ

Сардори департаменти кишварҳои Осиё ва минтақаи Осиё ва уқёнуси Ороми Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО (ММҶ) Фенг Ҷинг гузориш дод.

— Ман бо Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис бо шавқу рағбат шинос шудам. Дар ҷараёни он роҳбари ҷумҳурӣ зарурати таҳкими ҳамкориҳоро бо ЮНЕСКО, аз ҷумла дар соҳаи ҳифз ва густариши мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангии кишвар қайд кард, — гуфт ӯ. — Мо ба ҳамкориҳоямон бо Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳем ва омодаем дар татбиқи ташаббусҳои роҳбарияти кишвар оид ба дохил намудани ҷузъҳои нави фарҳанги Ӯзбекистон ба Рӯйхати мероси ҷаҳонӣ ва Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии башарияти ЮНЕСКО мусоидат намоем.
Бо хушнудӣ ҷараёни имрӯзаи фаъолонаи рушди муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО-ро таъкид мекунам, ки аз он натиҷаҳои музокироти Президент Шавкат Мирзиёев бо Директори генералии Созмон О.Азуле ҳангоми сафари расмии худ ба Ӯзбекистон моҳи августи соли 2019 далолат медиҳад. ЮНЕСКО барои эътибор ва кӯшишҳои назарраси роҳбари Ӯзбекистон оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангии барои тамоми инсоният муҳим миннатдор аст. Дар рафти роҳбарӣ намуданам ба Намояндагии реактивии мониторинги Маркази мероси ҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон мо шоҳиди корҳои назарраси роҳбари давлат оид ба такмил додани пойгоҳи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои мероси ҷаҳонӣ дар Самарқанд, Бухоро, Хева ва Шаҳрисабз шудем.
Мо кӯшишҳои роҳбарияти Ӯзбекистонро дар бобати тарғиби мероси фарҳангии кишвар на танҳо дар нигоҳдории объектҳои таърихӣ ва дигар ашёҳо барои наслҳои оянда, балки барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ тавассути рушди саноати сайёҳӣ истиқбол мекунем. Бояд қайд кард, ки ин гуна тадбирҳо ба стратегияи ЮНЕСКО мувофиқанд, ки тибқи он фарҳанг бояд барои рушди устувори дарозмуддат хизмат кунад.
Дар ҳақиқат, Ӯзбекистон мероси фарҳангии ҳам моддӣ ва ҳам ғайримоддии бой дорад. «Самарқанд — гузаргоҳи фарҳангҳо» ва «Маркази таърихии Бухоро» аллакай ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. Онҳо ба таври шоиста мероси фарҳангии муҳимтарин ва назарраси инсоният дар Роҳи абрешим мебошанд. Бо ифтихор мехоҳам қайд намоям, ки моҳи октябри соли 2006 маҳз дар Самарқанд баргузор кардани ҷамъомади якуми лоиҳаи «Номинатсияи силсилаи фаромиллии Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО Роҳи абрешим» тасодуфӣ набуда, рамзӣ буд.
Ҳамчун як ҷузъи таблиғи мероси муштараки мардумони минтақа Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарии номгӯи таркиби «Роҳи абрешим: даҳлези Зарафшон-Қароқум» -ро, ки Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон пешниҳод кардааст, баррасӣ мекунад. Илова бар ин, Маркази мероси ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ӯзбекистон, дар самти омода кардани номгӯи ҷузъи фарҳангии дигар «Роҳи абрешим: даҳлези Фарғона-Сирдарё» кор пеш мебарад.
Дар бораи мероси нодири ғайримоддии халқи Ӯзбекистон ҳарф зада, мо аз он хушнудем, ки ҷузъи «рақси хоразмии «Лазгӣ» ба Рӯйхати намояндагии мероси ғайримоддии фарҳангии башарият дар ҷаласаи 14-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Боготаи Колумбия баргузор шудааст, дохил карда шудааст. Соли ҷорӣ, Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо як қатор кишварҳои ҳамсоя номинатсияҳоро барои ҷузъҳои «Санъати миниатура» ва «Рубоб» барои дохил шудан ба ин рӯйхат омода мекунад. Ғайр аз ин, мо ба омода кардани файли миллии ҷузъи «Бахшӣ», ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, шурӯъ кардем. Дархост барои ин номинатсия дар рӯзҳои наздик пешниҳод хоҳад шуд.
Ман бовар мекунам, ки Маркази мероси ҷаҳонӣ ва дигар зершӯъбаҳои ЮНЕСКО омодаанд ҷониби Ӯзбекистонро дар таҳия ва пешрафти минбаъдаи номгӯи миллию муштараки ҷузъҳои мероси фарҳангӣ барои дохил шудан ба рӯйхати ЮНЕСКО дар солҳои оянда ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд.

АИ «Дунё»,
ПАРИЖ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: