Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Нарзулло Наимович Обломуродов
Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Нарзулло Наимович Обломуродов
Тағйироти азими иқлим, баланд шудани ҳарорат, хушкшавии баҳри Арал, саҳрошавӣ, такрор ёфтани ҷараёнҳои манфии метеорологӣ – истифодаи ғайрисарфакоронаи захираҳои замин ва об, коҳиш ёфтани гуногунрангии биологӣ, бад шудани генофонди табиат ва об, бисёрии партовҳои зиёди саноатӣ ва маишӣ боиси рушди мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавии экологӣ гардиданд.
Дар шароити тағйир ёфтани иқлим мушкилоти мазкур беш аз пеш зиёд мешаванд ва ҳаллу фасли онҳо барои Ӯзбекистон дар бобати ҳифзи муҳити атроф вазифаи аввалиндараҷа мегардад.
Ҳамаи ин коркард ва татбиқ сохтани сиёсати зерини давлатиро тақозо дорад, ки ба сарҷамъ сохтани тамоми табақаҳои ҷамъият барои таъмин сохтани амнияти экологии мамлакат, мустақимона ҳаллу фасл кардани мушкилоти бамиёномадаи экологӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд;
– дар пояи раванди технологияҳои «сабз» татбиқ сохтани сиёсате, ки ба рушди тамоми соҳаҳои истеҳсолот нигаронида шудааст;
њ то ба 30 фоиз расондани саҳми иқтисодиёти сабз, беш аз 7 фоиз зиёд кардани суръати афзоиши солона;
њ коркард ва ҷорӣ намудани асосҳои ҳуқуқии истифодаи равандҳои «ақлӣ»-и кишоварзӣ;
њ аз тариқи ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакори обёрӣ то ба 25-30 фоиз зиёд кардани ҳосилнокии миёна;
њ ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонӣ дар соҳаи манбаъҳои нав ва муқобили энергетикӣ;
њ то ба 40 фоиз расондани саҳми манбаъҳои нав ва муқобили энергетикӣ дар эътидоли умумии энергетикӣ;
њ коркард ва қабул намудани Кодекси ҷангал, Кодекси об ва Кодекси экологӣ;
њ пурзӯр намудани масъулияти шаҳрвандӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ дар соҳаҳои экология ва ҳифзи муҳити атроф;
њ дар таҳрири нав қабул намудани Қонун «Дар бораи партовҳо» ва Қонун «Дар бораи ҳифзи замин ва истифодаи он»;
њ вусъат додани иштироки занон ва ҷавонон дар тадқиқоти илмии экологӣ;
њ аз тариқи истифодаи дастгоҳҳои маҳаллии тозакунии об беҳтар намудани таъминоти об дар деҳоти дурдаст;
њ ҷорӣ кардани механизмҳои бозаргонӣ дар лоиҳаҳои оид ба таъмин сохтани обрасонӣ;
њ манъ сохтани ҳама гуна фаъолияте, ки ба ҳавои муҳит таъсири манфӣ мерасонад ва муҷаҳҳаз сохтани иншооти обтозакунӣ;
њ иваз кардани воситаҳои харобкунандаи озон бо воситаҳое, ки барои озон хавфнок нестанд;
њ дар пояи фароҳам овардани минтақаҳои санитариву муҳофизатӣ дар атрофи иншооти истеҳсолӣ ва иншооти хидматрасонӣ 1,5 баробар коҳиш додани партови газҳои заҳролуд ба ҳаво;
њ то ба 30 фоиз расондани саҳми технологияҳои иқтисодӣ дар обёрии рустаниҳои хоҷагии қишлоқ;
њ то ба 40 фоиз расондани ҳаҷми коркарди партовҳои маишӣ ва то ба 20 фоиз бардоштани коркарди партовҳои саноатӣ;
њ манъ кардани воридшавии ҳама гуна партовҳои радиоактивӣ ва хавфнок ба ҳудуди мамлакат;
њ дар оила ва низоми маҳаллаҳо куллан тағйир додани муносибати инсон ба табиат;
њ аз 7,6 то 15 фоиз зиёд кардани дараҷаи ҷангалпӯшии ҳудуди мамлакат;
њ сафарбар намудани тамоми нирӯи ҷамъият ба ҳаллу фасли мушкилоти Арал ва нармсозии таъсири манфии он ба генофонди аҳолии Наздиарал;
њ инкишоф додани фаъолияти Бунёди бисёршарикии трастӣ оид ба амнияти инсонӣ дар минтақаи Наздиарал;
њ пурзӯр намудани ҳифзи низоми силсилакӯлҳои Айдар – Арнасой, низоми экологии «Денгиз – кӯл», «Қӯйимозор» ва «Тӯдакӯл»;
њ суғуртакунии таҳдидҳои экологӣ, ҷорӣ намудани низоми байналхалқии менеҷменти экологӣ;
њ татбиқ сохтани мониторинги эпидемиологӣ нисбати манбаъҳои табиии бемориҳои сироятӣ ва маҷмӯи чорабиниҳои зиддиэпидемиологӣ;
њ то ба 100 фоиз расондани дараҷаи фарогирӣ бо таълими томактабӣ ва то ба 40 фоиз расондани фарогирӣ бо таълими олӣ;
њ таҳкими робитаҳои некҳамсоягӣ ва дӯстӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ ва наздисарҳадӣ.
Мо – ҷонибдори ҳавои тоза ва муҳити солими атроф!
Ҳоли ҳозир мушкилоти олудашавии муҳити атроф аз ҷумлаи мушкилоти хеле рӯзмарра ва паҳншудаи ҷомеаи кунунӣ ба шумор меравад.
Замин – хонаи умумии мост, бинобар ин ҳифзи табиат вазифаи умумии тамоми инсоният мебошад.
Ҳавои тоза асоси муҳими ҳаёт аст, вале одамон онро бо ҳама гуна воситаҳо заҳролуд мекунанд.
Муфлискунии ҳавои муҳит аз мушкилоти асосии ҳолати санитарии муҳити атроф ва аз ҷумлаи омилҳои асосии таҳдид ба саломатии инсон мебошад.
Таъмин сохтани амнияти экологӣ, ҳифзи муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба шумор меояд. Ин тақозо дорад, ки бобати коҳиш додани таъсири омилҳои экологӣ ба саломатии инсон, аз ҷумла омилҳое, ки бо заҳролудкунии ҳаво алоқаманданд, фаъолона кор бурда шавад.
Аз тадқиқоти олимони кишварҳои гуногуни ҷаҳон чунин хулоса бармеояд, ки тақрибан 3 миллиард инсон то ҳол барои тайёр кардани хӯрок, гармкунии манзили истиқоматӣ ё худ равшанкунии он аз сӯхтани ҳезум дар оташи кушод истифода мебаранд, ки сабаби ба дараҷаи баланди муфлисшавии ҳаво аз воситаҳои гуногуни зараррасон барои саломатӣ, аз ҷумла бӯйи зарраҳои сӯхта мегардад, ки ба шуш таъсири амиқ расонида, ба бемории роҳҳои нафас, авҷ гирифтани касалиҳои дилу раг меоваранд ва реаксияи низоми иммунитетро халалдор мекунанд.
Экологҳо таъкид менамоянд, ки ба муфлисшавии ҳаво ва халалдор гардидани саломатии одамон қаҳвахонаву тарабхонаҳое, ки аз технологияҳои тайёркунии хӯрок дар оташи кушод истифода мебаранд, низ саҳми бузург мерасонанд. Дар Тошканд беш аз 10 ҳазор нуқтаи хидматрасонии хӯроки умумӣ аз чунин технологияҳои тайёркунии хӯрок дар оташи кушод истифода мебаранд.
Тавре ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, бисёр ошхонаҳо дар назди хонаҳои истиқоматӣ ё худ дар шафати онҳо қарор доранд ва ба талаботи санитариву гигиенӣ, ҳамчунин муҳандисиву технологӣ ҷавобгӯ намебошанд. Аз онҳо мунтазам партовҳо ҳосил мешаванд, аксарияташон бидуни низомҳои самарабахши тозакунӣ амал мекунанд ва партови бӯйи омехтаҳои гуногун аз таомҳои тайёршуда, ки дар худ миқдори зиёди кансероген ва моддаҳои дигар доранду ба организми инсон таъсири хеле бад мерасонанд, ба ҳаво паҳн мешаванд.
Ин зарар ба муҳити атроф ва саломатии одамонро наметавон бо пул чену баркаш кард.
Заҳролудкунандагони ҳаво бар иловаи таъсири бадашон ба саломатии мо, ба муҳити атроф низ зиёни дарозмуҳлат мерасонанд, ба баланд шудани дараҷаи газҳои зараррасон мусоидат мекунанд, ки боиси тағйир ёфтани иқлим мегардад, ки низ ба сиҳҳату саломатии одамон таъсири нохуб мерасонад.
Худсарона буридани дарахтону ниҳолҳо, ки истеҳсолкунандагони асосии оксиген мебошанд, низ боиси ташвиши махсуси экологҳо мегардад.
Бинобар маълумоти СММ ҳар сол беш аз 20 миллион гектар ҷангал нобуд карда мешавад, зеро бисёр одамон дарахтро воситаи сӯзишворӣ медонанд ва ё ҳамчун воситаи гармкунӣ истифода мебаранд.
Ҳезумро ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурда, аксар вақт андеша намекунанд, ки дарахт низ низоми мураккаби экологӣ мебошад ва равандҳои муҳими табиатро ба танзим меоварад, ҳосилнокӣ ва нармии заминро таъмин менамояд, ки дар шароити иқлими хушки Ӯзбекистон хеле муҳим мебошад. Баробари ин дарахтони сабз ҳаворо ба шарофати фитосидҳое, ки хориҷ менамоянд, аз воситаҳои зараррасон тоза мекунанд.
Бинобар ҳамин ҳам барои он ки муфлисшавии ҳаво ва таъсири нохуби он ба саломатии аҳолии сайёра кам шавад, экологҳо мунтазам тавсия медиҳанд, ки барои тайёркунии хӯрок, равшанкунӣ ва гармкунӣ хелҳои сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза ва воситаҳои самарабахши техникаҳои энергетикӣ истифода шаванд.
Истифодаи васеи сӯзишвории тозаи экологӣ ва технологияҳои экологӣ ба мақсади ҳифзи муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба шумор меравад ва дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президентии мамлакат аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов инъикос ёфтааст.
Умуман барномаи мазкур ба зарурияти дарки моҳияти муносибати тарафайни инсон, ҷамъият ва табиат, васеъ ҷорӣ намудани муносибатҳои нав, инноватсияҳои экологӣ, технологияҳои сарфакори захираву энергетика нигаронида шудааст.
Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби экологӣ даъват менамояд, ки мо аз ду якеро интихоб намоем – дар шароити таҳдидҳои беохири табиӣ зиндагӣ кунем ё худ ба маъвои худ – сайёраи Замин, барои он ки бо он ҳамоҳанг зиста бошем, эҳтиёткорона муносибат намоем.
Олга ЛИТВИНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси
Ҷумҳурии
Ӯзбекистон.