МО БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАНИ ХУД ОВОЗ ДОДЕМ

Субҳи 22-юми декабр саҳни ҳавлии мактаби таълимоти умумии рақами 53-юми ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд лаҳза ба лаҳза аз интихобкунандагон пур мегашт.

Онҳо як-дунафарӣ ва бештар аз он, гурӯҳ-гурӯҳ барои овоздиҳӣ ба ҳавзаи интихоботии рақами 753 меомаданд. Шояд онҳо мехостанд, ки аз аввалинҳо шуда аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода баранд ва ба тарафдории номзадҳои муносиб овоз диҳанд. 
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ шароити овоздиҳӣ куллан фароҳам оварда шудааст. Дар чеҳраи ҳамаи интихобкунандагон  шодиву нишот ҳувайдо буд. Вақте ки милҳои соат  8-и субҳро нишон дод, маъракаи овоздиҳӣ шурӯъ шуд. Интихобкунандагон вориди даҳлез мешуданд ва шиносномаи худро ба аъзоёни комиссия нишон дода, бо гузоштани имзо варақаҳои овоздиҳиро мегирифтанд ва ба кабинаҳо медаромаданд.  Баъд интихобкунандагон варақаҳои раъйдиҳиро яке аз паси дигар  ба қутиҳо меандохтанд.
– Аз шурӯи маъракаи пешазинтихоботӣ то имрӯз мо талош ба харҷ медиҳем, ки ҳавзаи интихоботии мо ба талаботи Кодекси интихобот комилан ҷавобгӯ бошад. Тавре ки мебинед, барои овоздиҳӣ ҳамаи шароити созгор муҳайё шудааст. То баргузории раъйдиҳӣ дар ҳавзаи мо бо номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, кенгашҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардиданд. Дар ҷараёни он интихобкунандагон бо барномаҳои номзадҳо пурра ошно шуданд, талабу дархостҳои худро низ ба миён гузоштанд, ки баҳри беҳбудии ҳаёти онҳо нигаронида шудаанд, – мегӯяд раиси ҳавзаи интихоботии рақами 753 Фирӯза Худоёрова.
– Ман дар мавзеи дуюми ноҳияи Юнусобод зиндагӣ мекунам. Ҳоло мебинам, ки интихобкунандагон бо кайфияти дигар ба ин ҳавзаи интихоботӣ ҳозир мешаванд. Ман низ аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кардам ва ба тарафдории се номзади дилхоҳам овоз додам, – мегӯяд Дилбар Матёқубова.
 Дилбар Матёқубова иброз дошт, ки муқаддам аз онҳо тақозо мешуд, ки ба тарафдории киҳо овоз диҳанд. Аммо интихоботи кунунӣ аз пештара хеле тафовут доранд. Вай мегӯяд, ба таври мисол, дар ҷараёни тарғиботи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳо тавассути шабакаҳои мухталифи телевизионӣ мунозираҳои мустақим ба вуқӯъ пайвастанд, байни роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ муборизаҳо сурат гирифтанд, ки қаблан назирашро надидааст.
– Интихоботи кунунӣ зери шиори “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” сурат мегирад ва ин беҳуда нест. Замоне расидааст, ки дар мо низ депутатҳои касбӣ ба Парлумони кишварамон интихоб карда шаванд, қонунҳое офаранд, ки дарду доғи мардумро коҳиш диҳанд, манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунанд. Умедворам, ки депутатҳои ин бор интихобкардаи мо чи дар сатҳи депутати Олий Маҷлис ва чи дар сатҳи депутати кенгашҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ  бо эҳсоси масъулият фаъолият хоҳанд кард ва барои таъмини ояндаи дурахшони мардум нақшу ҳиссаи арзандаи худро хоҳанд гузошт, – изҳор кард ҳамсуҳбати навбатии мо Шуҳрат Янгибоев.
– Ман дар Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии ҳифзи муҳити зист ва экологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайси пажӯҳишгари ҷавон кор мекунам ва дар ин ҳавзаи интихоботӣ аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба ҳайси нозир ҳузур дорам. Аз назорати раванди овоздиҳӣ бармеояд, ки мардуми мо бобати риояи тартибу қоидаҳои ҷоришуда ҷиддан пешрафт кардаанд ва ин ҳолати хушҳолкунанда мебошад. Ҷараёни овоздиҳӣ идома дорад, вале ягон қонуншиканӣ ба мушоҳида нарасидааст ва фикр мекунам, ки то анҷоми маъракаи овоздиҳӣ вазъият чунин давом хоҳад кард. Ин ҳарфҳои маро ҳамтоёнам аз ҳизбҳои сиёсӣ ва теъдоди нозироне, ки аз созмонҳои мухталиф намояндагӣ мекунанд, шояд тасдиқ намоянд, – мегӯяд Аслиддин Рустамов.
Ин лаҳза раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии рақами 753 Фирӯза Худоёрова гуфт, ки як гурӯҳи сенафарӣ муваззаф шудаанд, ки ба назди овоздиҳандагони имкониятҳояшон маҳдуд бираванд.
– Дар ҳавзаи мо 26 нафар пиронсолони барҷомонда, маълӯлон ва афроде ба қайд гирифта шудаанд, ки аз имкони ҳозир шудан ба ҳавзаи интихоботӣ маҳруманд ва наметавонанд худашон ба ин ҷо омада ба тарафдории номзадҳои дилхоҳашон раъй диҳанд. Ҳоло ин се нафар барои гирифтани раъйи ҳамон 26 нафар ба хонаҳои онҳо фиристода шуданд, – изҳор кард Фирӯза Худоёрова. 
— Ҳоло мувофиқи Кодекси интихобот маъракаи овоздиҳӣ аз соати 8-и субҳ шурӯъ шуда, то 8-и шом давом мекунад. Ин ҳолро метавон дар интихоботи мо як пешрафти куллӣ арзёбӣ кард. Ман то синни нафақа борҳо раиси комиссияи ҳавзаи интихоботиро бар дӯш доштам. Он вақт ҳамаи аъзоёни комиссияи ҳавзаҳои интихоботӣ маҷбур мешуданд, ки чанд рӯз хонаву рӯзгори худро як сӯ гузошта, дар ҳавзаҳои интихоботӣ пойбанд бимонанд. Ҳоло дар ин маврид низ сабукиҳои зиёд дода шудааст, – мегӯяд  Зӯҳро Қосимова ном сокини шаҳри Тошканд.
– Ҳуввияти мардуми мо хеле боло рафтааст. Ман қаблан чандон барои овоздиҳӣ иштиёқ надоштам. Аммо акнун, бидуни он ки касе маро барои овоздиҳӣ тарғиб кунад, ба ҳавзаи интихоботӣ омадам. Маҳз, баромадҳои пай дар пайи роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ аз тариқи садову симо ва баргузории мулоқотҳои номзадҳо дар корхонаҳову муассисаҳо маро водор кард, ки ин қарзи шаҳрвандии худро адо кунам. Мо бояд нисбати ояндаи фарзандону наберагонамон беаҳамият набошем, — гуфт сокини мавзеи дуюми ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд  Қаҳрамон Ниёзов.
Зимни боздид аз ҷараёни овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Тошканд  маълум шуд, ки аз раванди овоздиҳӣ ва риояи тартибу низоми интихобот нозирони байналмилалӣ хеле қаноатманд ҳастанд. Дар айни ҳол раванди интихоботро нозирони 9 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла нозирони ИДМ, САҲА, Бюрои деморктия ва ҳуқуқи башари САҲА, СҲШ ва амсоли он назорат мекунанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: