Мо бояд барои наслҳо муҳити солими зист гузорем – Президент

  • Мо бояд барои наслҳо муҳити солими зист гузорем – Президент
  • Мо бояд барои наслҳо муҳити солими зист гузорем – Президент
  • Мо бояд барои наслҳо муҳити солими зист гузорем – Президент

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 2 феврал оид ба масъалаҳои беҳтар гардондани низоми кор бо партовҳо ва вазъияти экологӣ, вазифаҳои муҳими татбиқи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Сарвари давлат дар оғози ҷамъомад ба ҷомеа муроҷиат кард:

– Падару модарамон аз хурдӣ ба мо тоза нигоҳ доштани ҳавлию муҳити зистро ёд медоданд. Халқи мо аз қадимулайём ба хок, об, табиат эҳтиёткорона муносибат мекард. Бесабаб мақоли «Як дарахтро бурдӣ, даҳ дарахт шинон» гуфта нашудааст. Мегӯянд, ки: ба шахси дарахт шинонда, савоби он расида меистад. Дар оила фарзанд таваллуд шавад, ба шарафи ӯ ниҳол мешинонданд.

Дар асри XXI, ки саноат дар ҷаҳон босуръат рушд мекунад, рӯзномаи экологӣ ба мадди аввал мебарояд. Мо бояд барои насл муҳити солими зист гузорем. Барои ин бояд ба табиат эҳтиёткорона муносибат кард, на танҳо дар бораи имрӯз, балки дар бораи ояндаи наздику дур низ фикр кард.

Масъалаи аз ҳама муҳим баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ мебошад. Ба кӯчаҳо ва ҳар ҷои дилхоҳ нигоҳ кунед. Дар ҳама ҷо шумо партовҳои партофташударо мебинед. Мо Ватанамонро муқаддас мегӯем. Пас чаро онро тоза нигоҳ намедорем? Охир дар китобҳои муқаддаси мо гуфта шудааст: «Тозагӣ  нисфи имон аст».

Чаро воситаҳои ахбори оммавӣ, фаъолони маҳалла бонги изтироб намезананд? Намояндагони насли калонсол, аҳли ҷамъияти мо дар куҷоянд?

Албатта, ин масъаларо танҳо бо усулҳои маъмурӣ ҳал кардан мумкин нест. Дар насли наврас муҳаббат ба табиатро бояд тарбия кард. Мо бояд дар маҳалла фазоеро ба вуҷуд оварем, вақте мебинем, ки касе дар кӯчаҳо ахлот мепартояд ва “ин кори нодуруст аст” гӯем ва ба мардум ин корро омӯзонем. Ин кори умумӣ ва қарзи инсонии ҳамаи мост, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомад масъалаҳои мубрами соҳа баррасӣ шуданд.

Мувофиқи таҳлилҳо қариб дар ҳамаи мамлакатҳо миқдори партовҳои сахти маишӣ ба ҳар сари аҳолӣ соле 1 фоиз меафзояд. Ба туфайли пешрафти иҷтимоию иқтисодии мамлакати мо ҷамъшавии партовҳо соле 2 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми солона ба 7 миллион тонна расид.

Аммо вазъияти кор дар низоми ҷамъоварии он, ба навъҳо ҷудо кардан, азнав кор кардан ва нест кардани онҳо ғайриқаноатбахш мебошад. Масалан, дар Қароқалпоқистон ҳамагӣ 10 дарсади партовҳо, дар вилоятҳои Фарғона ва Қашқадарё ҳамагӣ 20 дарсад дубора коркард мешаванд. Дар 781 маҳалла масъалаи баровардани партовҳо ҳанӯз ҳал нашудааст. Аҳолӣ барои хидматрасонии баровардани партов қарзи калон дорад. Ба муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ ва бозорҳо 19 ҳазор контейнерҳо барои партовҳо лозиманд.

Барои партовҳои сохтмон партовгоҳҳо вуҷуд надоранд, онро қад-қади роҳҳо, канори киштзор ё дарёҳо мепартоянд. Соли гузашта 4000 ҳодисаи ба ҷойҳои номувофиқ партофтани партовҳои сохтмон ошкор карда шуд.

Дар маҳаллаҳо, мавзеъҳо ва хиёбонҳо низомии дақиқи ҷамъоварии баргу шохаҳои дарахт, системаи ягонаи нигоҳ доштан, кашондан ва нест кардани партовҳои тиббӣ вуҷуд надорад.

Умуман, аз 197 партовгоҳ дар саросари кишвар ягонтоаш ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ нест ва 24 партовгоҳ пур шудааст. Ба Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист, ҳокимони минтақаҳо супориш дода шуд, ки партовгоҳҳоро ба тартиб оваранд, захираҳояшон тамомшударо нест кунанд. Аҳамияти таҳияи лоиҳаи қонуне, ки тартиби ташкил ва бастани ин гуна партовгоҳҳоро муқаррар менамояд, нишон дода шуд.

Имконияти то 95 фоиз афзун гардондани фарогирии хидматрасонии ҷамъоварии партовҳои маишӣ ва то 40 фоиз ҳаҷми коркарди онҳо нишон дода шуд. Барои ин техника, лавозимот ва қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷ овардамешуда ба муҳлати 3 сол аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда хоҳанд шуд. Барои харидани таҷҳизоти ба навъҳо ҷудокунандаю коркардкунанда барои пӯшонидани як қисми қарзҳое, ки аз меъёри бозмаблағгузорӣ зиёд аст, қарзи имтиёзнок ба муҳлати то 5 сол ҷудо карда мешавад. Ба ин мақсадҳо дар давоми 5 сол аз ҳисоби маблағҳои имтиёзноки ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ марҳила ба марҳила ҷудо кардани 500 миллиард сӯм ба нақша гирифта шудааст.

Зарурати дастгирии соҳибкороне, ки дар соҳа фаъолият доранд, таъкид гардид. Барои кластерҳои дорои иқтидорҳои коркардкунанда ставкаи андози замин, молу мулк ва иҷтимоӣ ба миқдори 1 фоиз муққаррар карда мешавад. Бар ивази инҳо шарт гузошта шуд, ки сатҳи коркарди партовҳоро дар минтақаи худ на камтар аз 40 дарсад афзоиш диҳанд.

Оид ба таъсиси чунин корхонаҳо дар вилоятҳо ва шаҳрҳо дар асоси шарикии давлатию хусусӣ, харидории 500 адад техникаи махсус барои минтақаҳо, насби контейнерҳои иловагӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва бозорҳо супориш дода шуд.

Ба ғайр аз ин, фаъолияти корхонаи  «Махсустранс»-и Тошканд дар асоси шарикии давлатию хусусӣ  тағйир дода мешавад. Бо истифода аз таҷрибаи хориҷӣ низоми нави ситондани пардохтҳо барои ҷамъоварии партовҳои маишӣ ҷорӣ карда мешавад.

Зарурати ташкил кардани низоми бехатари коркарди дубораи партовҳои органикӣ, сохтмонӣ ва тиббӣ қайд карда шуд.

Тавре маълум аст, аз моҳи ноябри соли 2021 лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» оғоз гардид, ки дар доираи он шинондани 200 миллион дона ниҳолҳо дар назар аст. Мувофиқи он дар тирамоҳ 85 миллион бех ниҳол шинонда шуд. Дар ин иқдом р ташкилотҳо, маҳаллаҳо, ҷомеаи васеъ фаъолона иштирок карданд. Баҳори имсола шинондани 125 миллион бех ниҳоли дарахт пешбинӣ шудааст.

– Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» чорабиниест, ки бо як сол маҳдуд намешавад. Мо мақсад дорем, ки дар панҷсолаи ҷорӣ 1 миллиард ниҳол шинонем. Натиҷаи ин корҳо бояд дар ҳар ноҳия аён бошад, ин кори хайр бояд софдилона сурат гирад, – гуфт сарвари давлат.

Дар ҷамъомад оғози чорабинии миллии «Шаҳри сабз» аз 1 март эълон карда шуд. Аҳамияти хоста гирифтани ниҳолҳои ба иқлими ҳар як ноҳия мувофиқ, камоб, зиёд кардани шумораи ниҳолхонаҳо барои захиракунии онҳо қайд карда шуд. Ба Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал супориш дода шуд, ки ба аҳолӣ 10 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо бепул тақсим кунад, Кумитаи роҳҳои автомобилгард – дар қад-қади роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ шинондани ниҳолҳои муҳофизатиро ташкил намояд.

Ба идораҳои масъул супориш дода шуд, ки кори патрули сайёри экологиро бо фарогирии тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳо ташкил кунанд.

Дар ҷамъомад ахбори шахсони мансабдори соҳа ва ҳокимони вилоятҳо шунида шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: