МО БОЯД МАРДУМРО АЗ ХУД РОЗӢ КУНЕМ!

Аз ҳокими ноҳияи Сӯх таъин шуданам, ҳанӯз муддати зиёд нагузаштааст. Пеш аз ҳама бо шароити ин маҳал аз наздик ошно шудам ва донистам, ки муаммоҳои асосӣ аз чиҳо иборатанд.

Банда корро дар асоси қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чорабиниҳои босуръат таъмин намудани ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо» аз 9 августи соли 2017 таҳти рақами ҚП-3182 шурӯъ намудам. Тавре ки дар ин қарори сарвари давлат зикр шудааст: «Дар муддати кӯтоҳ перомуни аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ ривоҷ додани кишвар, дар қадами аввал, барои ба аҳолии деҳот фароҳам овардани шароити хубу ҳаёти муносиб, ҳамзамон рӯйи об баровардани салоҳияти бунёдкоронаи шаҳрвандон бобати амалӣ сохтани ислоҳот як қатор барномаҳои давлативу ҳудудӣ, ҳуҷҷатҳои қонунӣ қабул шудаанд».
Фикр мекунам, ки ин навиштаҳо ҷавоб ба мақолаи танқидии рӯзномаи «Овози тоҷик» таҳти унвони «Муаммоҳои мардумро кӣ ҳал мекунад?» аз 9 апрели соли 2018 мебошад. Фавран ҷаласа баргузор карда, аз рӯйи нӯҳ муаммое, ки дар мақола зикр ёфтааст, ба ҳар бахши марбута ҷиҳати муаммоҳо супоришҳо дода шуданд. 
Ноҳияи Сӯх яке аз минтақаҳои аз қаламрави   вилояти мо кандашуда, яъне анклав ба шумор меравад, аз ин лиҳоз дарк намудам, ки барои татбиқи корҳои зиёд ҷидду ҷаҳди бештар   лозим аст. Қарор шуд, ки ноҳияро ба чаҳор минтақа тақсим намуда, ба ҳар яки он  як нафарӣ шахси масъул вобаста кунем. Ман минтақаи нисбатан аз маркази ноҳия дуртарро интихоб кардам, ки муаммоҳои мардумаш бештар ба назар мерасанд. Прокурор, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ва сардори шуъбаи андози ноҳия се минтақаи дигари ноҳияро ба дӯш гирифтанд.
Барои он ки натиҷаҳои корамон назаррас ва иҷрои нақшаҳоямон босамар барояд, ба ин гурӯҳ роҳбарони бисту шаш идораву ташкилот, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, ҳамчунин шаш нафар раиси ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ҳамин минтақа, мушовирони онҳо оид ба корҳои динӣ ва маърифатӣ, ҷавонон ворид карда шуданд. Ҳар як узви ин гурӯҳ боз ба зерминтақаҳои хурд тақсим шуданд. Ҳоло ҳар як  мулоқот ва сӯҳбату боздидҳои мо бо бошандагони деҳаҳои марбути ин минтақа ошкоро, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба вуқӯъ мепайванданд.
Мардуми ноҳияи Сӯх хеле меҳнатдӯст, меҳмоннавоз ва саховатманд будаанд.
Таклифу пешниҳоди онҳо бо диққати том шунида мешаванд, муаммоҳо ҳаддалимкон дар ҷояш ҳаллу фасл мегарданд. Ростӣ, итминон ҳосил намудам, ки гӯш кардани дарду доғи ин мардум, шунидани таклифу пешниҳоди онҳо нисфи муваффақият будааст. Дар муддати кӯтоҳ ба он ноил шудем, ки дар минтақаи таҳти роҳбарии банда тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ  ривоҷ ёбад, ҳалли масъалаҳои марбут ба хонаву ҷой, хоҷагиҳои коммуналиву роҳ имконпазир гарданд ё ба нақша дароварда шаванд. 
Яке аз масъалаҳои дигар, ки мадди назари мо қарор дорад, коҳиши содир намудани ҷиноят дар байни ин аҳолӣ  мебошад. Ба сифати як афсари собиқи корҳои дохилӣ гуфтаниам, ки аксари ин ҷиноятҳо сарчашмаи маишӣ доранд. Барои ҳамин дар мо имконияти табдили яке аз маҳаллаҳои минтақаи мазкур ба маҳаллаи холӣ аз ҷинояткорӣ рӯйи кор омад ва аллакай тибқи нақша корҳои зиёди профилактикӣ пиёда мешаванд.
Ногуфта намонад, ки дар ин минтақа ҳашт мактаби таълимоти умумӣ, шаш муассисаи томактабӣ, як коллеҷи касбу ҳунар фаъолият мекунанд. Дар ин масканҳои таълиму тарбия бештар аз чаҳор ҳазор фарзандони мардум ба парваришу омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Барои он ки сатҳи омӯзишу парвариш ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад, фарзандони аҳолӣ дониши мукаммал гирифта тавонанд, мутахассисони гурӯҳ ба ҷамоаи ин муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ мекунанд. 
 Масъалаи баланд бардоштани дараҷаи некӯҳолии мардум вазифаҳои асосии мост ва барои ин «Харитаи роҳ» таҳия шудааст, ки иҷрои ин вазифаҳоро осон мегардонад. Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои Деҳвайрон, Ленбур, Тӯл, Соҳибкор, Қалъача, Ғазнов наздики шонздаҳуним ҳазор нафар аҳолиро муттаҳид намудаанд.  Дар чаҳоряки аввали соли равон мо ба он муваффақ шудем, ки ҳудудан як ҳазору шашсад хонаводаро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор диҳем ва бо муаммоҳои аъзои ин хонаводаҳо аз наздик ошно шавем.
Маълум шуд, ки аксари муаммоҳои мавҷуда дар доираи салоҳияти мо ҳаллу фасл мешаванд. Инҳо масъалаҳои беҳтар намудани муҳити иҷтимоиву маънавӣ, таъминоти гази табиӣ, нерӯи барқ, оби ошомиданӣ, расонидани хидмати тиббӣ ба аҳолӣ, тармиму бозсозии роҳҳои дохилии деҳоту кӯчаҳои он, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандон,  фароҳам овардани ҷойи кор, расонидани ёрии моддӣ ба аъзои хонаводаҳои эҳтиёҷманд ва амсоли он буданд.
Хушбахтона, то ин замон бо кӯмаки роҳбарони идораҳои дахлдор ва мутахассисони гурӯҳамон аз ним бештари ин масъалаҳоро ҳаллу фасл кардем.  Ҳалли масъалаҳои боқимондаро барномарезӣ кардаем, ки дар ояндаи наздик ба иҷрои он муваффақ хоҳем шуд.  
Нуктаи дигар ҳамин аст, ки  роҷеъ ба тармимбоб ва  бозсозӣ ниёз доштани баъзе қисматҳои роҳҳои дохилии  ноҳия, муаммои аз бонкҳо гирифтани қарзҳои имтиёзнок  ва чанд масъалаи дигар мақолаи танқидӣ ба табъ расидааст.  Мо аллакай бевосита ба ҳаллу фасли ҳамин муаммоҳо тамоми қувваамонро сафарбар кардаем. 
Гузашта аз ин, талош ба харҷ дода истодаем, ки доираи ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани фарзандони хурдсоли аҳолии деҳаҳои ноҳияро фарохтар созем. Зеро агар теъдоди бештари кӯдакон ба боғчаҳо ҷалб гарданд, онҳо сари вақт ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, ин кор манфиати зиёд ба бор хоҳад овард.
Агар хоссатан масъалаи таъмин бо оби нӯшокиро баррасӣ кунем, гуфтан мумкин аст, ки тибқи «Харитаи роҳ» мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Деҳвайрон  дар муддати кӯтоҳтарин бо ин об таъмин карда шуданд. Барои ин ба мо Корхонаи унитарии давлатии «Сувоқава»-и вилоят аз наздик ҳамкорӣ намуд. Дар ин маҳалла ба масофаи ду километр трубаҳои полиэтиленӣ кашида шуд ва ду насоси обкашӣ насб гардид, ки имкони таъмини мардуми Деҳвайрон бо оби нӯшокиро таъмин намуд. 
Дар баробари ин, аъзои дувоздаҳ хонавода бо плита ва балони гази табиӣ  таъмин карда шуданд. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ғазнов бошад, беш аз ҳаштсаду панҷоҳ оила соҳиби балонҳои газ шуданд. Барои обёрии майдонҳои кишти ду хоҷагии фермерии ин ҷамоат дуто трансформатори 63-киловатӣ ва сето насоси обкашӣ насб гардид.
Дар соли «Соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва пуштбонӣ аз технологияҳо», ки Президент эълон кардааст, мо ба иҷрои вазифаҳои калону доманфарох азм кардаем. Дар Сӯх бояд шумораи соҳибкорону тоҷирони ҳақиқӣ беш аз пеш рӯ ба афзоиш оварад. Ман омода ҳастам, ки барои соҳибкорони ҷавон низ дасти ёрӣ дароз кунам.  Дар айни ҳол  афзоиш додани сафи соҳибкорону тоҷирон дар шаш ҷамоати шаҳрвандон мувофиқи мақсад пеш меравад. Дар давоми чаҳоряки якуми соли равон даҳ корхонаи мақоми юридикӣ ва сенздаҳ соҳибкори алоҳида сабти ном шуданд, ба чаҳор субъекти соҳибкорӣ ба миқдори яксаду ҳаштоду панҷ миллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуд. Дар ин миён беш аз панҷоҳ ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки кӯмак ба оилаҳои камбизоат ба сиёсати давлатии кишварамон табдил ёфтааст. Дар ин замина боз шасту шаш хонадони эҳтиёҷманд дар ин минтақа ба қайд гирифта шуд ва кӯмак ба аъзои ин хонаводаҳоро мадди назар гирифтем. Аз ҷумла, аз деҳаи Ғазнов Шамсиддин Ҳасанов ном шахс муроҷиат кард. Бино ба муроҷиати ӯ гӯши писараш — Раҳматҷон намешунавад ва барояш воситаи шунавоӣ хеле лозим аст, вале онҳо маблағ надоранд, ки онро бихаранд.
 Раиси хоҷагии фермерии «Соҳибкор» Ислом Додоев ҳамроҳам буд. Вай дарҳол гуфт, ки харида додани ин воситаро бар дӯш мегирад. Баъди як ҳафта ин восита ба дасти писари Шамсиддин Ҳасанов расид ва аҳли хонавода аз ин иқдоми раиси хоҷагии фермерӣ  хушҳол шуданд.
Аз Деҳвайрон Валимамад Юлдошев дар муроҷиаташ ба унвони ҳокими ноҳия қайд намуда буд, ки наберааш Гулдона маъюби модарзод аст ва аз набудани аробача азият мекашад. Аммо ҳолати моддии онҳо харидани ин аробачаро надорад. Ба ин ҳавлӣ омадем ва аз асли ҳодиса хабардор шудем. Баъд ин масъаларо бо фаъолони ноҳия баррасӣ кардем ва барои Гулдонаи хурдакак як аробачаи нав тақдим намудем. Хурсандии Гулдонаро медидед. Аз чашмони худам ҳам об баромад. Вай  чунон хурсанд шуда буд! 
Чанд нафар одамони солашон калони ноҳия низ дар мадди назари мо қарор доранд. Кӯшиш мекунем, ки ҳамеша аз ҳоли Нарзинисо Мадибрагимова (Деҳвайрон), Ойшахон Додоева (Соҳибкор), Тӯхтабӣ Ҷалилова(Ғазнов) ва дигар ҳамтоёни онҳо ҳамеша бохабар шавем ва дуояшонро гирем.  Ба якчанд хонаводаҳо аз ҳисоби ҳокимияти ноҳия як сарӣ гӯсфанд ҳадя намудем. Чунин мисолҳоро боз бештар овардан мумкин. 
Аммо дар се минтақаи дигар низ корҳо хеле хуб пеш мераванд. Мо ҳамеша муаммоҳоро баррасӣ мекунем, якдигарро аз корҳои иҷрошуда дар ҷараён мегузорем. Ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорем, ки муроҷиати мардум аз мадди назар ва эътибори мо берун монад. Таъкиди Президенти кишвар дар бораи он ки «На халқ бояд ба роҳбарони идораҳо хизмат кунад, балки роҳбарони идораҳо барои мардум хизматкор бошанд» шиори ҳамешагии мост. Барои ҳамин ҳанӯз корҳои таҳти назар ва иҷрояшон ногузир зиёданд. 
Дар иҷрои вазифаҳо ҷонишинон Илҳом Тоҷибоев (иқтисодиёт ва масъалаҳои соҳибкорӣ), Ҳабибулло Ёрматов (саноат, сохтмон, коммуникатсияҳо ва хоҷагии коммуналӣ), Собирҷон Норматов (маҷмӯи агросаноатӣ), Бобосодиқ Латипов(сиёсати ҷавонон, ривоҷи иҷтимоӣ ва корҳои маънавӣ-маърифатӣ), Абдуқаҳҳор Ҷӯраев (инноватсия ва дастгирии соҳибкорӣ), Очахон Тӯхтабоева (кор бо занҳо) ва мудири шӯъбаи корҳои ташкилӣ Фарҳод Мастонов ба ман аз наздик ёрӣ мерасонанд.
 
Фаррух ӮСАРОВ,
ҳокими ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: