МО ЧӢ УМУМИЯТИ ФАРҲАНГИЕ БО ДИГАР ҲАМЗАБОНОН ДОРЕМ?

Дар тӯли таърихи инсонӣ чанде аз миллатҳои дунё забони аслии худро фаромӯш карда, ба тарзи сунъӣ, дар таъсири муҳит забони истеъмоли маскани зисташонро қабул намудаанд.

 Чунин забон барои яҳудиёну лӯлиён ва арабҳои Осиёи Миёна забони форсӣ буд. Ин қавмҳо дар Осиёи Миёна забони тоҷикиро қабул намудаанд. Бо вуҷуди он ки онҳо забони форсиро ҳамчун забони гуфтугӯӣ қабул кардаву ба авлоди худ мерос гузоштанд, миллати худро пос доштаанд.
Агар таваҷҷуҳ фармуда бошед, баъзе аз забонҳои қадими дунёро яҳудиён ва лӯлиён ҳамчун забони модарӣ қабул намудаанд. Масалан, забони арманӣ, гурҷӣ, русӣ, немисӣ ва тоҷикӣ аз он ҷумла. Яъне ин ақвом бо амри қисмат ҳар ҷо, ки муҳоҷир будаанд, ногузир забони ҳокими ҳамон маҳалро қабул намудаанд. 
Воқеияти таърих ин аст, ки тоҷикон миллати қадимӣ буда, нуфусашон ҳам зиёд аст. Агарчи забони яҳудиён ва лӯлиён вомӣ ҳам буд, онро чун забони модарӣ беҳтар дифоъ мекунанд.
Яҳудиёни бухорӣ бо тоҷикӣ-форсӣ беш аз ҳазор сол аст, ки ҳарф мезананд ва имрӯз ҳатто дар Исроил низ онро пос медоранд ва дар хонаводаҳои худ бо лаҳҷаи маҳаллашон гуфтугӯ доранд. Ифтихори беҳамтои яҳудиён аз забонашон сазовори таҳсин аст. Ҳатто чандин санъаткорони маъруф то ба имрӯз бо забони тоҷикӣ эҷод мекунанд.
Мутаассифона, бархе аз ҳамзабонони мо, хосса дар Ӯзбекистон чунин ифтихорро нисбати забони модарии худ надоранд. «Забондонӣ»-и мо то ба дараҷаест, ки бархе аз омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик як байт шеърро саҳеҳ таҳлил карда наметавонанд. Солҳои охир ҳатто мункирони забони модарӣ зиёд гаштаанд. Ҳангоме ки суҳбат доир ба омӯзиш ва донистани забони модарӣ меравад, чунин мегӯянд: «Забони муосири тоҷикӣ солҳои охир аз мардум дур шудааст. Аҳли адаби имрӯзаи тоҷик бо калимабозӣ овора аст, гӯё аҳли адаб барои аҳли адаб эҷод мекунанд». 
Ба қавли баъзе аз омӯзгорон, ки таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ дар макотиби тоҷикӣ доранд, забони тоҷикӣ-форсӣ бояд оммафаҳм бошад. 
Ба фикрам, агар забони адабӣ аз омма дур гардад, боиси нестшавӣ ва қабул гардидани забони бегона хоҳад шуд. Ин ҳол яке аз сабабҳои асосии кам шудани мактабҳои тоҷикӣ ё табдил гаштани онҳо мебошад. Ин мавзӯъ доманфарох ва баҳсталаб аст ва перомуни он фикрҳои мухталиф мавҷуданд.
Табдилдиҳандагони мактабҳои тоҷикӣ даставвал худи падару модарони тоҷик мебошанд. Ба тоҷикони Ӯзбекистон аслан ҳеч лозим нест, ки забони таълимро табдил диҳанд. 
Мутаассифона, ағлаб тоҷикони мо хабар надоранд, ки забони модарии онҳо забони ғаниву беназир ва ширинтарини дунё ба ҳисоб меравад.
Бузургони олам орзу доштаанд достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсию ғазалиёти Саъдиву Ҳофиз, «Маснавии маънавӣ»-ро на бо тарҷума, балки ба забони аслаш бихонанд. Тоҷик будан барои ҳамзабонони мо дар кишварҳои гуногун мояи ифтихор будааст. Форсизабонон дар Чину Покистону Ҳиндустон миллати худро бо сарбаландию ифтихор тоҷик меҳисобанд.
Бармегардем ба мавзӯи аслӣ. Барои чӣ яҳудиёну лӯлиён, ки замоне ба ин сарзамин ҳиҷрат намудаанд, барои мулоқот ва радду бадали афкор маҳз забони форсии тоҷикиро интихоб кардаанд? Чунки форсии тоҷикӣ забони сарватманди мардуми бумӣ буд ва ҳаст. Яҳудиёни закию тамаддунофар арзишу аҳамияти онро дарёфтанд ва кӯшиш карданд, ки фарҳанги худро ба ҳамин забон рушд диҳанд ва аз ин роҳ ба пешрафти фарҳанги мо низ ҳисса гузоштаанд.  
Бояд ифтихор кунем, ки онҳо маҳз ҳамин забонро баргузиданд ва ин бори дигар ба қадимӣ ва таҳҷоӣ будани мардуми тоҷик ишорат мекунад. 
Хуллас, роҷеъ ба ғурури миллӣ ва пос доштани забони модарӣ, яҳудиёни бухорӣ ва лӯлиёни маҳаллӣ ба аксарияти мо намунаи ибрат буда метавонанд. 

Салим ИНЪОМЗОДА,
ш. ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: