Вақте ки як гурӯҳ ҳаммаҳаллаҳо маро ба номзадии раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла пешбарӣ карданд, хеле хурсанд шудам.
Зеро донистам, ки мӯъҷиби эътимоду боварии онҳо гаштаам. Аз тарафи дигар, маро он фикр беқарор карда буд, ки оё ин боварии онҳоро сазовор шуда метавонам ё не.
Интихобот ҳам гузашт ва бо бартарияти овозҳо банда раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулистон интихоб шудам. Дуруст аст, ки ман чанд муддат ба ҳайси посбони ҳамин маҳалла адои вазифа кардаам. Гузашта аз ин, падари шодравонам Асқаралӣ Кабиров солҳои зиёд маҳалларо сарварӣ карда буданд. Бародаронам Собитҷону Ҳокимҷон (равони онҳо низ шод бод!) дар ин ҷода пайравони падарам буданд. Барои ҳамин устуворона ба иҷрои вазифа пардохтам.
Дар қаламрави маҳалла се ҳазору бист нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дар айни ҳол талош ба харҷ дода истодаем, ки роҳҳоямон ҳамвор шаванд ва равуои одамону ҳаракати нақлиёт дар чаҳор фасли сол осон гардад.
Дар қаламрави маҳалла коллеҷи касбу ҳунари кишоварзӣ фаъолият мекунад, ки дар он аз чаҳор гӯшаи ноҳия ҷавонон омада, касбу ҳунар меомӯзанд. Дар мактаби он беш аз панҷсаду шаст нафар фарзандони деҳа таҳсил мекунанд. Ба онҳо чилу панҷ нафар омӯзгорони тоифаҳои гуногун дарс медиҳанд. Ҳамчунин, маҳалла дорои як муассисаи томактабӣ мебошад ва нӯҳ нуқтаи савдо барои мардуми маҳалла хизмат мекунад.
Рости гап, то интихобшавӣ ба мақоми раиси маҳалла муаммоҳоеро медонистам, ки ҳаллашон ногузир буд. Барои ҳамин кӯшиш кардам, ки муаммоҳо оҳиста-оҳиста ҳаллу фасл гарданд. Муаммои мардуми маҳаллаи мо, пеш аз ҳама, камбудии оби нӯшокӣ ва обёрӣ буд. Мо бо тифоқӣ дасту остин барзадем ва маблағ ҷамъоварӣ карда, тавассути насоси барқӣ аз зери замин об кашида баровардем. Он ҳам эҳтиёҷи мардумро нисбати оби ошомиданӣ таъмин мекунад, ҳам одамон ба воситаи он киштзорҳои худро обёрӣ менамоянд.
Масъалаи дигари ҳаллаш ногузир ба тартиб даровардани маросиму маъракаҳои мардум буд. Дар солҳои охир баргузор кардани тӯйҳои боҳашам низ мӯд шудааст. Албатта, онҳое, ки сарватманд ҳастанд, ё маоши хуб мегиранд, мушкилоти молӣ надоранд. Аммо барои онҳое, ки шуғли доимӣ надоранд ва бо роҳҳои гуногун маблағ ба даст оварда, эҳтиёҷи оилавиашонро базӯр таъмин мекунанд, баргузор кардани маросимҳо кори осон нест. Мо аз ин кор ҷилавгирӣ кардем. Маросимҳои дигари маҳалла низ ба тартиб дароварда шуданд.
Метавонам ин ҷо қайд намоям, ки дар ин самт ба пешрафтҳои зиёд ноил гардидем, ки дар он нақши роҳбарони ноҳия хеле назаррас мебошад.
Фаъолони маҳалла Эркинҷон Мирзоев, Обидҷон Аҳмадов, Уғулхон Додобоева, Фаттоҳхон Каримов, Абду Самиев, Қаҳҳорҷон Икромов, Мирзоғанӣ Юсупов ва чанде дигар ҳамеша ёвару мададгор ва маслиҳатгӯйи мо мебошанд. Маҳз, ба туфайли кӯмакҳои бевоситаи онҳо ҳоло маҳаллаи Гулистон дар ноҳия ба яке аз маҳаллаҳои пешқадам табдил ёфтааст.
Мо аз аҳволи аъзои шаш оилаи камбизоати маҳалла ҳамеша хабар мегирем. Бо ҳар роҳу восита дасти кӯмак дароз мекунем. Бо нафақахӯрони ҷамоат ҳамеша алоқа дорем. Саъй мекунем, ки ҳар як дархости онҳо сари вақт ба ҷо оварда шавад.
Мушовири раиси ҷамоат дар масъалаҳои занон ва маърифати динӣ Очақурбон Маллаева як гурӯҳ занони фаъоли ҷамоатро дар атрофи худ муттаҳид намудааст. Онҳо дар вақтҳои муқарраршуда гирди ҳам меоянд ва муаммоҳои ба миён омадаро муҳокима намуда, роҳҳои бартараф сохтани онҳоро меҷӯянд.
Ҳоло дар ноҳияи мо обуна ба нашрияҳои марказиву маҳаллӣ барои соли 2019 идома дорад. Мо низ ҳаргиз аз ин маъракаи муҳим дар канор намемонем ва дастҷамъона ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна мешавем. Аз дигарон низ даъват мекунем, ки ин рӯзномаи тоҷикиро дастгирӣ кунанд ва ба он обуна шаванд. Чунки «Овози тоҷик» шаъну шараф ва ифтихори тоҷикони ҷумҳурӣ мебошад.
Исоҷон КАБИРОВ,
раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулистони ноҳияи Сӯх.