МО ФОЗИЛИ НОМДОР БУДЕМ

Аз нашри нахустин мақолаи банда бо номи «Бухорои шариф» чӣ гуна рӯзнома буд?»

Аз нашри нахустин мақолаи банда бо номи «Бухорои шариф» чӣ гуна рӯзнома буд?» («Ҷавонони Тоҷикистон», № 96, 15 августи соли 1990) беш аз сӣ сол сипарӣ шуд. Камина «Бухорои шариф»-ро на ҳамчун рӯзномаи иртиҷоӣ, балки дар таърихи афкори ҷамъиятию сиёсии ибтидои асри ХХ-и тоҷик чун ҷаридаи маорифпарвар муаррифӣ намудаам. Пас аз он беш аз 15 навиштаам оид ба ҷабҳаҳои гуногуни рӯзнома, аз ҷумла «Сабаб ва омилҳои пайдоиши рӯзнома дар Бухоро», «Бухорои шариф» – рӯзномаи маорифпарвар», «Забон аз нигоҳи «Бухорои шариф», «Инъикоси масоили рушди иқтисод дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ва чанди дигар дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» нашр гардидаанд. Камина собит намудам, ки кормандони рӯзнома ба ҷараёни иртиҷоии пантуркизми ибтидои асри ХХ иртиботе надоштаанд. Олими шинохта Валӣ Самад ишорае дорад: Академик С. Брагинский як мулоҳизаи тамоман хаторо ба миён гузошта бо ҳамин дили онҳоеро, ки ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи рӯзномаи мазкур камар бастанӣ буданд, сард намуд: «Бухорои шариф» характери пантуркистӣ дорад». 
Нахустин мақолаи муаллифи ин сатрҳо низ аз назари Валӣ Самад дар канор намонда, ӯ изҳор доштааст: «Беҳтарин ҷиҳати мақолаи мазкур он аст, ки муаллиф рӯҳияи зидди ҷараёни пантуркизм доштаи рӯзномаро махсус таъкид ва таҳқиқ намудааст». (Валӣ Самад. «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал». (Душанбе, «Маориф», 1991, саҳ. 164).
Ҳамин тариқ, таҳлилу тадқиқи ҷабҳаҳои гуногуни рӯзномаи «Бухорои шариф» аз ҷониби олимони тоҷик оғоз ёфт. Мақолаю рисолаҳои зиёд дар матбуот ва китобҳои алоҳида табъу нашр гардиданд. Валӣ Самад, Қироншоҳ Шарифзода, Пайванди Гулмурод ва чанд нафари дигар дар таҳлилу тадқиқи рӯзнома саҳм гирифтанд. Алҳол рӯзи нашри нахустшумораи «Бухорои шариф» 11 март дар Тоҷикистон ҳамасола чун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Дар кишвари мо ба эҳёи мероси пурғановати маънавии ниёгон эътибор зоҳир мегардад. Натиҷагирӣ аз мероси маънавии равшанфикрони ибтидои садаи ХХ боз ҳам назаррас аст. Сарвари кишвар Шавкат Мирзиёев борҳо ин нуктаро таъкид намудааст. Ҳар боре ин таъкидотро тавассути «оинаи нилгун» мебинаму мешунавам ва ё аз рӯзномаҳо мехонам, ҳамеша симои нурбори дастбакорони рӯзномаи «Бухорои шариф» пеши назарам меояд. Мирзо Ҷалол Юсуфзодаю Мирҳайдар Мирбадалов, Мирзо Сироҷу Абдурауф Фитрат, Бақохоҷа бинни Ҳодихоҷаи Самарқандию Садриддин Айнӣ ва чанд нафари дигар гӯё ҳамзамону ҳамнафаси мо бошанд, ҳарчанд онҳо қариб 110 сол қабл ба нашри нахустин рӯзномаи Бухоро сару кор доштанд. Таъкиди як нуктаро зарур медонам: вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии аморати Бухоро аз вазъияти имрӯзаи мо куллан тафовут дошт. Он вақт дар он ҷо аз демократия ва ошкорбаёнӣ нишоне ҳам набуд. Дар ҳамон вазъи ногувор онҳо талабу дархостҳои хешро, ки асоси онро ислоҳоти мактабу маориф ва саводнокгардонии аҳолӣ ташкил медод, аз тариқи рӯзнома баён доштаанд, дарк намудаанд, ки маърифат нурест ба дилҳои торик. Калиди наҷотро аз он зулмоти аморат дар «мактаб, мактаб ва боз мактаб» дидаанд. Борҳо таъкид намудаанд: «мӯҳтоҷ ба илм ҳастем, бояд аз пайи илм шуд» («Бухорои шариф», № 5, 16 марти соли 1912). Дар рӯзнома вазъи таҳсил дар мадориси Бухоро мавриди муҳокима қарор мегирифт. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» менависад: «Талабагони мадрасаҳои Бухоро модом, ки 19 сол дар болои як программаи маҳдуд кор мекардаанд, бояд дар илмҳои дар он программа зикрёфта мутахассиси замони худ шуда мебаромаданд. Афсӯс, ки ин гуна гумон кардан нодуруст ва пиндори хушк аст». (С. Айнӣ. «Ёддоштҳо», қисми 1-2, Душанбе, 1992, саҳ. 181). Кормандони рӯзнома ислоҳи усули таҳсил ва кушодани мактабҳои гуногунпешаро пешниҳод намудаанд. Амалӣ гардидани он орзую дархостҳо дар вазъи яккаҳокимӣ ва исломгароии ҷоҳилона амре буд муҳол.
Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис зикр намудааст: «Вазифаи афзалиятноки мо бояд фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон гардад, то ки онҳо дар назди худ ҳадафҳои азим гузоранд ва ба он муваффақ гарданд. Танҳо дар он сурат фарзандони мо нерӯи воқеӣ хоҳанд шуд, ки орзуҳои деринаи мардуми моро амалӣ карда метавонанд.
Бо ин мақсад ба ғояи «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз системаи таълиму тарбия шурӯъ мешавад» амал карда, ислоҳоти васеъмиқёсро амалӣ хоҳем кард».
Оре, имрӯз орзую омоли равшанфикрони ибтидои асри XX Бухоро дар кишвари озоду осоиштаву ободи мо амалӣ мегарданд. Дар ҳақиқат ислоҳоти васеъмиқёс ҷабҳаҳои таълиму тарбия – аз муассисаҳои таълими томактабӣ то таълими олиро фаро гирифтааст ва аллакай самараи худро медиҳад. Ҷавононамон ба ҷаҳон баромаданд. Имрӯз онҳо собит месозанд, ки дар олам аз касе кам нестанд ва кам нахоҳанд буд. Дар кишвари азиз баҳри амали мақсад ҳама гуна шароит ва имконот муҳайёст, танҳо саъю ҳаракат мебояд.
Вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ибтидои асри ХХ Бухоро дар рӯзнома возеҳу равшан зери тозиёнаи танқид гирифта мешуд. «Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо — мусулмонҳо ба шумор меравем. Мо ба ҳама чиз муҳтоҷ шудаем. Ба илм ва адаб ва тиҷорат ва саноеъ ва ҷамъи лавозими башарият». («Бухорои шариф», № 3, 14 марти соли 1912). Равшанфикрони Бухоро кӯшиш доштанд, сабабҳои инқирози иқтисоди кишвар ва нодориву ночории мардумро муайян намуда, мардуми ғафлатзадаро ба бедорӣ талқин намоянд. «Фарёд» ном шеъри Абдурауфи Фитрат, ки дар шумораҳои 94, 29 июн ва рақами 96, 3 июл соли 1912 дар рӯзнома дарҷ ёфтааст, натиҷаи барҷастаи ақоиди фавқ аст.
Фарёд, ки зору 
нотавонем,
Берӯҳтарини 
мардумонем…
Эй панҷаи беамони 
ғафлат,
Моро зи чӣ рӯ хароб 
кардӣ? 
Дар мақолаҳои рӯзнома доир ба пешаҳои гуногуни кишоварзию обёрӣ, санъату тиҷорат ва чорводорию саноат маълумотҳо дода шудаанд. Равшанфикрон аз рушду такомули илму техника ва тиҷорат дар мамолики хориҷӣ огоҳӣ доштанд. Дар «Дигарон чӣ карданд» ном мақола таъкид шудааст: «Аз баҳри ҳар коре мадрасаи махсус гузашта, авлод ва атфоли худро ба таҳсили илм ва касб машғул созанд. Ихтироот ва саноатро омӯзанд. Илми киштукор, бофандагӣ ва ғайра дар мадрасаи алоҳида омӯхта шавад». («Бухорои шариф», шумораи 4, 15 марти соли 1912). Пешниҳод доштанд, ки обёрӣ ва илми зироат ба роҳ монда шавад. Эҳсос мешавад, онҳо таълимгоҳҳои касбию ҳунариеро чун коллеҷу донишкадаву донишгоҳҳои имрӯза хостгор будаанд. 
«Алҳол дар кори мо норасоии аз ҳама асосӣ ин нарасидани дониш мебошад, эътироф шудааст дар Муроҷиати Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис, ки мутаассифона, дар тамоми соҳаҳо мушоҳида мегардад. Воқеан, бидуни донишҳои замонавӣ ягон ноҳия ва ягон соҳаро наметавон инкишоф дод. Аз ин хусус он санад шаҳодат медиҳад, ки дар кишварҳои мутараққӣ беш аз 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби «иқтисодиёти дониш», яъне инноватсия ва кадрҳои баландихтисос ба даст меояд». 
Он пешниҳодоту орзуҳои равшанфикрони ибтидои асри XX имрӯз дар кишвар амалӣ мегарданд.
Омили дигари тараққии ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии кишварро рӯзнома дар кори тиҷорат дидааст. «Тиҷорат бояд бо ҳамбастагии илму саноат ривоҷ меёфт. Ҳоло агар мо бихоҳем, ки тараққӣ бикунем, бояд дар тараққии ҳар дуи ин, яъне илм ва тиҷорату саноат саъйи зиёд намоем». («Бухорои шариф», шумораи 21, 4 апрели соли 1912). 
Донистани забони хориҷиро ба тараққии саноат ва тиҷорат муҳим ва зарур медонистанд. Мақолаи «Лузуми донистан» дар рӯзномаи «Бухорои шариф» (№ 28, 12 апрели соли 1912), ки бо имзои мустаори «Мим» «Ре» чоп шудааст, боиси таваҷҷӯҳ аст. Муаллиф менависад: «Донистани забони хориҷӣ барои тараққии тиҷорат ва саноат бар мо фарз аст». Пешниҳод буд, то дар мадрасаҳо омӯзиши забони хориҷӣ ҷорӣ карда шавад. Ин ҳақиқатро имрӯз таърих собит кард.
Ба андешаи кормандони рӯзнома истифодаи самараноки вақт низ ба камолоти инсон ва рушди иқтисоду иҷтимоъ кӯмак мекунад. Инсон дар вақт зинда аст. Пас барои «инсон» шудан чӣ бояд кард? «Ғайрат, меҳнат ва роҳат» ҷавоб мегирем аз мақолаи «Вақт азиз аст» («Бухорои шариф», шумораҳои 42 ва 43, 29 ва 30 апрели соли 1912). Муаллиф моҳияти зиндагии осоиштаю фаровон ва ободу бароҳатро бо як мисоли оддӣ чунон эзоҳ додааст, ки ҳар хонандаро ба ғайрату меҳнат ҳидоят менамояд.
Дар ҳар гуна ҷомеа ҷаҳонбинӣ, худшиносию худогоҳӣ ва озодандешии шаҳрвандон дар такомул ва рушди кишвар мақоми ҳалкунанда дорад. Ба ин ҷабҳаи ҳаёт низ кормандони рӯзнома бетараф набуданд. Ба мақсади такомули ҷаҳонбинии хонанда, то ки «ҳамаи мардумро аз зулмати ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда ба рӯшноии илм ва ирфон раҳнамун созад», зери унвони ахбори маҳаллӣ ва Туркистон, ахбори дохила, ахбори хориҷа, бахши адабиёт, эълонҳо, бахши ғояи омол, яъне мақсади амал хабару мақолот ва ҳикояву намунаҳои назмӣ дарҷ гардидаанд.
Озодандешону муборизони роҳи ислоҳ нисбати ғафлатзадагон бетараф набуданд. Онҳоро ба бедорию худшиносӣ даъват менамуданд. Чунончи, аз шеъри «Ҷавоби адиби бухороӣ», ки бо имзои мустаори «М» «С», яъне Мирзо Сироҷ дарҷ шудааст, мехонем:
Насиҳати мани мискин ба 
гӯшу ҳуш шунав, 
Барор пунбаи ғафлат зи 
гӯшу шав бедор.
Ту ҳам бирав ба ҳамон 
раҳ, ки раҳравон рафтанд,
Ки то зи илму тамаддун 
бишавӣ бархурдор.
Кормандони рӯзнома низ бо гузаштагони мутамаддини худ ифтихор доштанд, вале мегуфтанд: мутамаддимини мо олим ва доно буданд. Бисёр аз улуми ҳозираро асос аз эшон аст». («Бухорои шариф», шумораи 62, 15 марти соли 1912). Ва таъкид низ доранд:
Гирам, падари ту буд 
фозил,
Аз фазли падар туро 
чӣ ҳосил?
Албатта, ифтихор аз гузаштагон хуш аст. Вале пеши ободии Ватан ва таъмини амалии мақсуд кӯшишоту ҳаракат зарур бувад. Дар ин роҳ «сари манзили мақсудро бояд дуруст таъйин намуда фаҳмид, баъд аз он роҳи муносибат ва наздике пайдо намуд. Зеро то ҳол роҳе, ки доштему мерафтем, мебинем, ки моро аз дари ҳавлии худ дур набурда». («Бухорои шариф», шумораи 4, 26 майи соли 1912). 
Кормандони рӯзномаи «Бухорои шариф» ба тараққии адабиёти тоҷик низ заҳмати зиёде сарф кардаанд. Дар рӯзнома на танҳо шеъру ҳикояҳои адибони тоҷик, балки ҳикояҳои адибони халқҳои дигар дар тарҷумаи тоҷикӣ нашр гардидаанд. Ҷолиби диққат аст, ки аз ҷумла 13 ҳикояи нависандаи маъруфи рус Л. Толстой аз қабили «Бандии қафқозӣ», «Инсонро замини зироатӣ бисёр лозим аст», «Муҳаббат кунед ҳамдигарро», «Муздур Емелян ва табли тиҳӣ», «Илёс» ва ғайра чоп шудаанд. 
Ходимони рӯзнома ободии Ватанро фарз дониста, адои онро қарзи аҳли ҷомеа пиндоштаанд. Aлбатта, дар вазъияти аморати Бухоро иҷрои он фарзҳо имконнопазир буд. Сохтори давлатӣ ба иҷрои он орзую омол имконият намедод. Хушбахтона, он ҳама орзуву омол алъон баҳри озодию ободии кишвар татбиқ мешавад ва дар зиндагии мардум таҷассум меёбад. Мардуми сарбаланди Ӯзбекистон сӯйи ояндаи дурахшони кишвар собитқадамона пеш меравад.Дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор аст ва ин омили асосии рушду нумӯи кишвар мебошад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: