«МО ХАТОИ КАЛОН КАРДА, БА СӮИ КИШВАРАМОН САНГ ПАРТОФТЕМ»,

– мегӯяд яке аз муттаҳамшавандагони воқеаҳои Нуқус

Дар Бухоро мурофиаи кушоди парвандаи ҳодисаҳои 1-2 июли соли равон дар Нуқус оғоз ёфтааст 
Дар ин бора дафтари матбуоти Додгоҳи Олӣ хабар медиҳад. Бино ба ин манбаъ айбдоршавандагон 22 нафар мебошанд, ки бар асоси 11 модда – аз авбошӣ то суиқасд ба сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Ин мурофиа таҳти раёсати судяи Коллегияи корҳои ҷиноии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Элубай Абибуллоев шурӯъ шудааст. Он ба забони қароқалпоқӣ сурат мегирад.
Гуфта мешавад, барои намояндагони воситаҳои ахбор, расонаҳои мустақил ва блогерҳо имкон фароҳам оварда шудааст, ки аз тариқи видеоконфронс раванди ин мурофиаро дар толори бинои мазкур мушоҳида кунанд. Ин толор бо ҷиҳози зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардидааст. 
Дар ин хабарнома омадааст, ки нахуст 20 нафар муттаҳам дар боздоштгоҳ, 1 нафар дар ҳабси хонагӣ ва 1 нафар бо кафолати давлатӣ озод карда шуданд. Дар ин мурофиа ба сифати айбдоршавандагони асосии парвандаи ҷиноӣ дар ҳодисаҳои Нуқус инҳо мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтаанд: Давлетмурод Тоҷимуратов, ҳуқуқшиноси бюрои рӯзномаи «Эл хизметинде» ва собиқ сармуҳаррири ин рӯзнома. Айбдоршаванда аз рӯйи Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон тибқи якчанд банди моддаҳо айбдор дониста мешавад. Аз ҷумла, дар шарик шудан ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ё зиёда шахс, қасди ғасби ҳокимият ё сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дуздӣ бо роҳи ба тасарруф даровардан ё азхудкунии амвол дар ҳаҷми хеле зиёд, қонунигардонии даромадҳои аз роҳи ҷиноят бадастовардашуда, ташкили бетартибиҳо бо роҳи зӯроварӣ нисбати шахс, куштор, оташ задан, вайрон ё нобуд кардани амвол, муқовимат ба намояндаи ҳокимият бо таҳдиди истифодаи силоҳ ё дигар ашёи ба сифати силоҳ истифодашаванда, инчунин иштироки фаъолона дар бетартибиҳои оммавӣ, истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан ё намоиш додани маводе, ки бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳе содир шудааст ва ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекунад; истифода аз мақоми хидматӣ; истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, инчунин интернет гумонбар шудааст. 
Лолагул Қаллихонова, журналист, муассиси сайти Makan.uz мебошад. Вай дар ҳамкорӣ барои қасдан расонидани зарар ба саломатии ду ва зиёда шахс, ғасби ҳокимият ё сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкили бетартибиҳо аз роҳи зӯроварӣ нисбат ба шахс, куштор, оташ задан, вайрон ё несту нобуд кардани молу мулк, муқовимат ба намояндаи мақомот бо истифода аз силоҳ ё таҳдид бо ашёи ба сифати аслиҳа истифодашаванда, инчунин иштироки фаъолона дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор дониста мешавад. Дар баробари ин, вай дар истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан ё намоиш додани маводи дорои таҳдид ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ; бо истифода аз мақоми хизматӣ; бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои телекоммуникатсия, инчунин интернет муттаҳам мебошад.
Азамат Турданов, директори коллеҷи захираҳои олимпии Нуқус, ӯ низ бо банди «а»-и қисми 3 моддаи 104, қисми 4 моддаи 28, қисми 4 моддаи 159 ва қисми 3 моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон айбдор дониста мешавад. Инчунин писари Президенти нахустин ва ягонаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Давлетбой Шамшетов – сардори Садорати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон Пӯлат Шамшетов низ дар радифи айбдорҳои ин ҳодисаҳо нишастааст. 
Суд ҳамаи аризаҳои айбдоршавандаҳоро бо диққати том дида баромадааст ва аксари онро қонеъ гардонидааст. Масалан, айбдоршаванда Д. Тоҷимуратов якбора якчанд дархост пешниход кардааст. Ба таври мисол, хостааст шаҳрвандони шоҳиди ҷинояти содиршуда низ ба мурофиа даъват карда шаванд. Ин дархост ба инобат гирифта шуда, ҳангоми пурсиши шоҳидони асосӣ бозпурсии шоҳидони иловагӣ низ сурат гирифтааст. 
Ӯ ҳамчунин аз додгустарӣ дархост кардааст, ки ба ӯ имкони суҳбат бо вакили мудофеъашро фароҳам оваранд ва он низ қонеъ гардонида шудааст.  Дар хулосаи айбнома, ки вакили додситонӣ қироат кардааст, айбдоршавандагон дар рӯйдодҳои моҳи июли Нуқус аз гумонбарони асосӣ муаррифӣ шудаанд.
Тавре ки котиби матбуоти Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Обидов мегӯяд, Давлетмурод Тоҷимуратов бо мақсади сарнагун кардани ҳукумати феълии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ишғоли мақоми раиси Ҷӯқорғи Кенес (парламент) рӯзҳои 1–2 июл як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ созмон додааст, ки дар беназмиҳо ширкат кардаанд. Лолагул Қаллихонова ба ин гурӯҳи муташаккил пайваста, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи пур аз ғояҳои сепаратизм ё ҷудоихоҳиро паҳн карда, мардумро ба ошӯб даъват намудааст. Азамат Турданов дар бетартибиҳо иштироки гурӯҳи калони варзишгаронро таъмин намуда, ҳатто Тоҷимуратовро болои китф то Ҷуқорғи Кенес бурдааст, то ки мақоми раисии онро ғасб намояд.
– Якчанд айбдоршаванда бо ҷалби одамон дар пойтахт ва ташкили беназмиҳои оммавӣ дар ноҳияҳо машғул шудаанд ва барои ишғоли бинои Ҷӯқорғи Кенес, фурудгоҳи Нуқус корҳои даъваткуниро анҷом додаанд.  Баъзеҳо ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ халал расонида, ба онҳо ҳамла кардаанд ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои тахрибкорона пиёда намудаанд. Ҳувайдост, ки Лолагул Қаллихонова ва Азамат Турданов ба гуноҳи худ пурра иқрор шуданд. Давлетмурод Тоҷимуратов қисман гуноҳашро эътироф намуд, – мегӯяд Азиз Обидов.
Яке аз айбдоршавандагони асосӣ Лолагул Қаллихонова изҳор намудааст, ки хатои хеле калон содир кард ва ба мамлакати худ санг партофт. “Марги ҳар як нафар дар ҷараёни ошӯбҳо ба виҷдони ман ҳавола аст ва ҳеҷ гуна ҳукми зиндон наметавонад ин амалҳоямро сафед кунад”, гуфтааст ӯ
Тибқи айбнома, дар натиҷаи бетартибиҳои шаҳри Нуқус 6 миллиарду 681 миллиону 247 ҳазору 508 сӯм зарари моддӣ ворид шудааст. Ҳоло дар Бухоро айбдоршавандагон бо навбат аз рӯи кирдори худ ба саволҳои вакили додрасонӣ ҷавоб медиҳанд.
Дарвоқеъ, ҳомиёни ҳуқуқи башар аз шаффофияте, ки мурофиаҳои судӣ баргузор мешаванд, дар ҳайрат мондаанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳатто чунин мурофиаҳои кушоди васеъмиқёс дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал баргузор мешаванд ва аллакай рӯзҳои аввали баргузории он нишон дод, ки ислоҳот дар низоми додрасонӣ воқеан натиҷаҳои мусбати худро додааст. 
«Қаблан дар Ӯзбекистон ҳолатҳои норозигӣ аз раванди мурофиаҳо ва ҳаракатҳои вакилони додрасонӣ зиёд ба мушоҳида мерасид. Бисёр одамон, аз ҷумла ман ва иттиҳодияи пуштибонӣ аз ҳуқуқи одамон, аз низоми суд чандон қаноатманд набудем. Дар бисёр мавридҳо ҳатто мурофиаҳои ошкоро тақрибан паси дарҳои баста сурат мегирифтанд”, гуфтааст раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Таъминоти ҳуқуқӣ» Аъзам Фармонов.
Ба гуфтаи Азиз Обидов дар ҷараёни мурофиа узви комиссияи порлумонӣ оид ба таҳқиқи ҳодисаҳои аввали моҳи июл муовини раиси Палатаи қонунгузории Ӯзбекистон, роҳбари ҳизби «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров ба ҳайси нозир ширкат дорад. Вай эътироф намудааст, ки муносибат нисбати айбдоршавандагон чунон инсондӯстона аст, ки ҳамаи дархостҳои адвокат ва айбдоршавандаҳо аз ҷониби вакили додрасонӣ қабул карда шуданд. Қодиров чунин иброз намудааст: “Ҳамаи айбдоршавандагон айбномаро пурра ё қисман эътироф намуданд. Мо мурофиаи воқеиро ин ҷо мушоҳида мекунем. Ҳамин тавр бояд бошад».
Дар Бухоро мурофиа давом дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: