«МО ХУШБАХТЕМ, КИ ДУ ВАТАН ДОРЕМ»

Дар толори Иттиҳоди ҷавонони шаҳри Тошканд бо ҳамкории Маркази милливу мадании корейсҳо ва иттиҳоди ҷавонон форум ва консерти ҷавонон баргузор шуд.

Дар он донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсуси шаҳри Тошканд, фаъолони Маркази милливу мадании корейсҳо ва узви иттиҳоди ҷавонон иштирок карданд.
Анҷуман бо сарсухани раиси маркази миллии мазкур, депутати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Виктор Пак оғоз ёфт. 
– Дар мамлакатамон таъмин гардидани баробарҳуқуқии миллатҳо боиси гул-гулшукуфии ҳаёти иҷтимоии халқамон мегардад, – гуфт Виктор Пак. – Марказамон бо ҳамкории иттифоқи ҷавонон барои дастгирии ҷавонони пуриқтидор корҳои зиёдеро амалӣ мегардонад. Масалан, озмуни «Беҳтарин ғояи соҳибкорӣ», ки ҳар сол баргузор мешавад, аз ҷумлаи онҳост. Саёҳати ҷавонон ба Ҷумҳурии Куриё, ки дар озмун соҳиби ҷойи 1, 2, 3 мешаванд, ташкил гардида, дастгирии ҳаматарафаи ғояи соҳибкории онҳо таъмин мегардад.
Дар анҷуман филми кӯтоҳметражае, ки аз қисмати ҳазорон нафар корейсҳои қурбони сиёсати нодурусти ҳукумати шӯравии соли 1937 аз тарафи халқи Ӯзбекистон бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, бо хӯрокворию манзили зиндагӣ таъмин гардидани онҳо, соли гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ васеъ ҷашн гирифта шудани 80-солагии он ҳикоя мекунад, намоиш дода шуд. 
– Ҳоло ба ҳеҷ кас сир нест, ки баъзе халқҳои ҷаҳон Ватан надоранд, мо аз ин ҷиҳат хеле хушбахтем, ки дуто Ватан дорем,– гуфт нависанда, Журналисти хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Наумович Ким. –Мо аз сарвари давлатамон, ки шароити зиёдеро барои миллатҳо фароҳам овардааст, миннатдорем, бахусус, дар ноҳияи Яшнободи пойтахт сохтани бинои боҳашамат барои маркази миллиамон ба роҳ монда шуд, ки боиси хурсандиамон гардид.
Анҷуман бо консерти намояндагони Маркази милливу мадании корейсҳо, ки ба чандин забон садо дод, ба охир расид.

Маҳтоб АСАДОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи Инхаи Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: