МО ҶОНИБДОРИ БО КАФОЛАТ ТАЪМИН ШУДАНИ ЭҲТИЁҶОТИ ҲАЁТИИ ҲАР ЯК ИНСОН ҲАСТЕМ!

ЭҲТИЁҶ БА МАНЗИЛ БА ЭЪТИБОР ГИРИФТА ШАВАД ....

ЭҲТИЁҶ БА МАНЗИЛ БА ЭЪТИБОР ГИРИФТА ШАВАД ....

Дар мамлакати мо барои сохтмони манзил аз ҷониби давлат ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба бинокорон имтиёзҳои калон дода мешавад. Аз ҷумла, имсол қарзҳо ба миқдори на зиёд аз ҳадди ниҳоии қарзи ипотека ва пешпардохт на кам аз арзиши 15 фоизи сохтмони манзили инфиродӣ, бо даври 6 моҳаи имтиёзнок ба муҳлати 20 сол ҷудо карда шуданд. Инчунин метавонед аз бонкҳо барои хариди квартираҳои тайёр ба мӯҳлати 20 сол воми 17-18-фоиза гиред. Ба он хонаҳои навбунёд ва хонаҳое, ки барои бозори дуввум пешбинӣ шудаанд, дохил мешаванд.
Минбаъд аз буҷети давлатӣ барои шаҳрвандони камдаромад ва онҳое, ки ба беҳтар кардани манзил ниёз доранд, оид ба вомҳои ипотекии барои манзилҳои инфиродӣ ҷудошуда, дар тӯли 5 соли аввал барои пӯшонидани қисми аз банди ставкаи фоизии 10-фоиза зиёд  аз Буҷети давлатӣ субсидия ҷудо карда мешавад.
Ин маънои онро дорад, ки ҷомаи амал пӯшондани нияти неки одамоне, ки орзуи соҳиби хонаи шахсӣ шуданро доранд, имкониятҳои оилаҳое, ки барои гирифтани манзил талош доранд, боз ҳам васеътар мегардад. Рости гап, оилаҳое ҳастанд, ки бо ташвиши доштани ватани кӯчак умр ба сар мебаранд ва тамоми умрашонро ба сохтани хона сарф мекунанд. Бо мақсади сохтани хона ва ҷамъ кардани маблағ барои паноҳгоҳ онҳо маҷбур мешаванд, ки дур аз оила ва фарзандонашон заҳмат кашанд.
Аз ин рӯ, Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки сохтмони манзилҳои арзонро барои табақаҳои осебпазир, аз ҷумла маъюбон, волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд, занони вазъи иҷтимоиашон душвор идома диҳад. 
Ҳизби халқӣ-демократӣ мушкилоти ҳамватанони моро, ки ба манзил ниёз доранд, хуб дарк мекунад ва дар ин масъала дар мамлакатамон аз имкониятҳои низоми комилан нав истифода бурда, ташаббуси ҳимоя намудани манфиатҳои шахсони имконияти  иҷтимоиву иқтисодиашон маҳдудро пеш мегузорад.
Дар қисми ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ бахшидашудаи  барномаи пешазинтихоботӣ номзад ба мақоми президентӣ Мақсуда Ворисова вазифаи «бо манзилҳои иҷтимоӣ таъмин кардани оилаҳои дар шароити вазнини иҷтимоӣ қарордошта» муайян шудааст.
Пас, агар оилаи камбизоат хонаи тайёр гирифта натавонад, аз имтиёзҳо истифода бурда натавонад, ба ҷои онҳо ба туфайли шиносбозӣ, фасод  шаҳрвандони таъминоташон хуб ҳуқуқи соҳибиро ба даст оранд, пас барои ҳалли мушкилот  чӣ гуна бояд муносибат зоҳир кард? Аз ин рӯ,  дар барномаи номзадамон ба масъалаи бо хонаву ҷой таъмин кардани оилаҳои дар вазъи мураккаби иҷтимоӣ қарордошта таваҷҷӯҳи махсус дода шудааст. 
Мо оид ба ҳалли мушкилоти манзил таклифҳои худро дорем. Якум, дар як қатор кишварҳои пешрафта «андози ҳашамат» мавҷуд аст. Ин маблағҳо ба фондҳои махсус равона карда шуда, барои сохтмони манзилҳои арзон барои табақаҳои осебпазир, аз ҷумла занони бехонумон, камбизоат, шахсоне, ки дар Хонаҳои меҳрубонӣ тарбия мегиранд, сарф карда мешаванд.
Дуюм, ба оилаҳое, ки даромади муайяни ҳармоҳа доранд, аммо имкони пардохти бадали аввалияро барои хариди манзили мавриди сохтмони қарзи ипотекӣ надоранд, барои ҷавонон имконияти бидуни пардохти бадали аввалия харидани манзил фароҳам оварда шавад.
Сеюм, аксари оилаҳо ва ҷавононе, ки дар иҷора зиндагӣ мекунанд, имкони харидани хона надоранд. Бештари даромади худро барои иҷораи хона сарф мекунанд. Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки сохтмони манзилҳои мунисипиалӣ  барои иҷора ба хотири ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки имкони харидории манзили арзонро надоранд, дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, талаботи имрӯза аст.
Мо чунин мешуморем, ки мушкилоти дардноки аҳолиро, ки ба масъалаҳои манзил алоқаманданд, бояд ҳал кард.

МО БА ОДАМОНИ МАЪЮБ ҒАМХОРӢ МЕКУНЕМ

Тибқи маълумот, ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 1 миллиард нафар маъюбон ба сар мебаранд. Дар кишвари мо 780 000 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд. 350 ҳазор нафари онҳо қобилияти корӣ надоранд. Аммо дар ҷомеаи мо масъалаҳои зиёде ҳастанд, ки бояд бо таваҷҷӯҳ ба ниёзҳо ва мушкилоти онҳо ҳал шаванд.

ҲУҚУҚИ ТАЪЛИМИ ИНКЛЮЗИВ

Вақтҳои охир мафҳуми таълими инклюзивӣ зуд-зуд зикр мешавад. Таҳсилоти фарогир чист? Ин як раванди тағйир додани таҳсилоти томактабӣ, миёна ва олист, ки ҳамаи фарзандони ногироӣ доштаи мо метавонанд аз он истифода баранд, ба ниёзҳои гуногуни онҳо мутобиқ кардани ин таълимро ба назар мегирад. Таҳсилоти фарогир ба мафкурае асос ёфтааст, ки ҳама гуна табъизро нисбати кӯдакони маъюб истисно мекунад, барои ҳама баробар муносибат мекунад, аммо барои кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад. Дар ҳақиқат, кӯдакони имконияташон маҳдуд бояд бо як хел эътибор бо кӯдакони солим таҳсил гиранд. Тибқи таҳлил, агар мактабҳо барои таълими фарогир шароит фароҳам оранд, беш аз 80 дарсади кӯдакони маъюби то 16-сола метавонанд ба осонӣ ба мактаб раванд. Он ба дили бисёр кӯдакон равшанӣ мебахшад, онҳо, инчунин, худро узви баробарҳуқуқи ҷомеа меҳисобанд, бинобарин назари онҳо ба ҳаёт тайғир меёбад, эътимоди онҳо қавӣ мегардад. Ба қарибӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ перомуни ин масъала фикрҳои докторанти Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти рушди Донишгоҳи Сассекси Британияи Кабир Дилмурод Юсупов эълон шуда буд. Дар он муаллиф ба зарурати такмили заминаи меъёрии рушди таҳсилоти фарогир дар Ӯзбекистон эътибор додааст. Аз ҷумла, дар таҳрири нави Қонун «Дар бораи маориф» бори аввал мафҳуми таълими инклюзивӣ ворид карда шуда, қайд карда шуд, ки бо вуҷуди таъсиси механизми ташкили он, чунин тартиб то ҳол таҳия нашудааст.

ОЁ БАРОИ ШАХСОНИ НОГИРО ДАР ТАЪЛИМИ ОЛӢ ШАРОИТ ВУҶУД ДОРАД?

Тибқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон, таъмин накардани шароити муносиб барои маъюбон табъиз ҳисобида мешавад. Сарқонуни мо инчунин ҳуқуқи таҳсилро барои ҳама кафолат медиҳад. Қонунгузории миллии мо инчунин ҳуқуқи баробарро барои маъюбон дар амалисозии потенсиали худ пешбинӣ мекунад. Ҳарчанд давлат ба таълими хонагии кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки наметавонанд ба мактаб раванд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад, аммо бинобар хунукназарии мансабдорони маҳаллӣ, раванди таълим дар ин шакл хуб ба роҳ монда нашудааст. Агар дар муассисаи ибтидоӣ таълими хуб дода нашавад, он дар марҳилаи баъдӣ ба сифати таълим низ таъсир мерасонад. Маълум аст, ки барои ба мактабҳои олӣ дохил шудани шахсони ногиро квотаи 2 фоиза ҷудо шудааст. Ин имтиёз барои бисёр ҷавононе, ки мехостанд дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанд, як фурсати хубе буд, ки бешубҳа дар ҳаёти онҳо тағйироти куллӣ ба амал овард. Аммо, оё мактабҳои олӣ барои онҳо шароити зарурӣ доранд? Оё ҷавонони маъюб, ки аз имтиёзи дохил шудан ба донишкада истифода кардаанд, ҳангоми иштирок дар дарсҳо бо мушкилот дучор намешаванд? Оё мавҷудияти даромадгоҳҳои бидуни остона, зинапояҳо, пандусҳо, лифтҳо ва дигар шароити мусоид ба назар гирифта шудааст? Бинобар қонун “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии ногироҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” тамоми муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ дар аз инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва ахбор истифода бурдани шахсони ногиро имкониятҳои баробарро таъмин кунанд. Ҳатто, дар ҳолатҳои иҷро нашудани ин талабҳо дар қонун кашидан ба ҷавобгарии маъмурӣ ба назар гирифта шудааст. Боз як масъала барои донишҷӯёни қобилияти шунавоиашон маҳдуд дар рафти маърӯзаҳо барои бо забони имову ишора бо тарҷума таъмин кардан қулайиҳо фароҳам оварда нашудааст. Тасаввур намоед, талабаҳои кар ва шунавоиашон суст дарсҳоро бидуни сурдотарҷума чӣ хел азхуд мекунанд? Талабаи қобилияти бинишаш маҳдуд дар тахта чӣ навишта шуданашро набинад, чиро меомӯзад? Кӣ кафолат дода метавонад, ки ин ба руҳияти онҳо таъсир намерасонад. Ҳамин тариқ, мутобиқсозии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари мо ба маъюбон кори таъхирнопазир аст.

«МО ҒАМИ ШУМОРО МЕХӮРЕМ!»

Номзад ба мақоми президентӣ Мақсуда Ворисова ҷонибдори ашаддии ҳимояи қонунии ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон мебошад. Номзади мо пешниҳод мекунад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбон бояд ҳифз карда шаванд. – Мо чунин мешуморем, ки қонунгузории миллӣ бояд бо принсипҳо ва меъёрҳои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ҳамоҳанг карда шавад. Мо инчунин пешниҳодҳоро оид ба ҷудо кардани субсидияҳои давлатӣ ба ҷомеаҳои маъюбон пешбарӣ хоҳем кард. Илова бар ин, ба фикрам, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдудро боз ҳам густариш додан, ба онҳо имкониятҳои баробар дар соҳаи маънавӣ ва маърифатӣ фароҳам овардан лозим аст. Адабиёти махсус, аз ҷумла дар асоси Брайлро нашр ва харидан лозим аст, ки таҳсилоти фарогир фароҳам оварда шавад, ба омӯзгорони ин соҳа имтиёзҳо дода шавад, — гуфт номзад. Пас чӣ гуна метавон шароити воқеии фарогирро фароҳам кард, то бачаҳои ногиро ва дар инкишоф ноқисӣ дошта таҳсилоти босифат гиранд ва сипас кори муносиб пайдо кунанд? — Ба назари мо, дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо бояд барои ҳаракат дар аробачаҳои маъюбӣ, барои кӯдаконе, ки хуб дида наметавонанд ва намешунаванд, қулайиҳо фароҳам оварда шаванд, сохтмони пандусҳо, лифтҳо, насби аломатҳои огоҳкунанда бояд тибқи меъёрҳои муқарраргардида сурат гирад. Ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ба таҳсилоти инклюзивӣ мутобиқгардонидашуда, афзоиш додани иловапулиҳо таваҷҷӯҳ дода шавад. Вазифаи дигари муҳим ин иҷтимоикунонии ҷомеа, яъне дуруст ташаккул додани муносибати ҷомеа ба кӯдакони ногиро ва умуман маъюбон мебошад, — гуфт номзад Мақсуда Ворисова.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: