МО – МАДАДГОРИ ТАДБИРКОР

Дар мамлакати мо дар натиҷаи ислоҳоти пай дар пай мазмун ва мундариҷаи корҳо, бо назардошти манфиатҳои давлат ва халқ, куллан тағйир меёбанд.

Дар мамлакати мо дар натиҷаи ислоҳоти пай дар пай мазмун ва мундариҷаи корҳо, бо назардошти манфиатҳои давлат ва халқ, куллан тағйир меёбанд. Аз ҷумла, соҳаи андози давлатӣ низ ҳоло ба ёрирасон ва мададгори беминнати субъектҳои соҳибкорӣ табдил меёбад. Бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 октябри соли 2020 (ФП 6098) «Дар бораи чораҳои ташкилии маҳдуд намудани иқтисодиёти пинҳонӣ ва зиёдтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз» дар таркиби «Шӯъбаи хидматрасонӣ ба шахсҳои юридикӣ» созмон ёфтани бахши «Дастгирии соҳибкорӣ» дар ин бора аҳамияти ҷудогона дорад. Аз ҷумла, мо кормандони ин бахш  баҳри дароз кардани дасти ёрӣ ба соҳибкорон чораю тадбирҳои зарурӣ меандешем. Лозим омад, ки дар давоми шаш моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ бобати интихоб намудани тартиби андозсупорӣ вобаста  ба намуди фаъолияти субъектҳои соҳибкории навташкил, омӯхтани омодасозии ҳисоботу ҳисоботсупорӣ ва пардохти андоз, хабардоркунӣ аз имтиёзҳои дар амалбуда ва тартиби истифодабарӣ аз онҳо, инчунин, кӯмакрасонӣ ба пайдо кардани ҳамкорони тиҷоратӣ ва ғайра кӯмак расонем. Дар ин давра аз тарафи кормандони инспексияи давлатии андози ноҳияамон фаъолияти 1134-то субъектҳои соҳибкорӣ омӯхта шуд ва маълум гардид, ки дар 1126-тои онҳо масъалаҳо ҷой доранд.891-то мушкилоти бо органҳои андоз дахлдор дар ҷояш ҳаллу фасл гардид. Ҳамин тариқа, ба бартарафсозии дигар масъалаҳо, аз қабили пешбурди кори бухгалтерӣ,тарзи пардохти қарзи андоз, интихоби тартиби андозсупорӣ, тартиби истифодабарӣ аз имтиёзҳо ва ғайра кӯмак расонда шуд. Аз ҷумла, бобати гирифтани 7972,1 сӯм кредити имтиёзнок аз бонкҳои тиҷоратӣ ба 45-то субъектҳои хоҷагидорӣ мададгор гардидем. 
Хулоса, дастгирии соҳибкорони эҳтиёҷманд, ҳал намудани масъалаҳои онҳо, дар натиҷаи ин ҳосил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ноилшавӣ ба зиёдтар гардондани пардохти андоз мақсади асосии мост.
 
Мақсуд ИМОМОВ, 
сардори шуъбаи дастгирии соҳибкории Инспексияи давлатии андози ноҳияи Шофиркон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: