«МО НИЗ ПАХТАКОРЕМ!»,

мегӯянд як гурӯҳ занони фаъоли вилояти Фарғона

Гулбаҳор синчакорона шумораи навбатии рӯзномаро аз назар гузаронд ва ба чопи он  имзо гузошт. Дар шумораи навбатии «Ферганская правда» ӯ бештар мавзӯи ҷамъоварии ҳосили пахтаро баррасӣ менамуд. Ҳадаҳа аз ҷой хесту коғазҳои рӯи мизашро ғундошт ва аз коргоҳ берун баромад. 
Торикии шаб аллакай ҳама ҷоро фаро гирифтаву дар шаҳр равуои одамону нақлиёт низ хеле кам шуда буд.  Вай ба ронанда амр кард, ки мошинро ба сӯи қаҳвахонаи назди кинотеатри Алишери Навоӣ ронад. Дар қаҳвахонаи барҳаво ҳанӯз мизоҷони зиёд  хӯроки шом тановул мекарданд.
Дар он ҷо ӯро сардорони садоратҳои агентии хизматҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълими томактабии вилоят Раъно Бойқӯзиева ва Юлдуз Хоҷаева, ҳамчунин сармуҳаррири ширкати вилоятии садову симо Дилором Раҳимова мунтазир буданд.
– Барои ман ҳам ягон хӯрок фармойиш додед ё шумо аллакай нӯши ҷон кардед? –  пурсид Гулбаҳор аз ҳамроҳонаш.
– Аз куҷо? Магар бе шумо таом аз гулӯ мегузарад? Аммо агар боз камаке дер мекардед, мунтазир намешудем, – гуфт бо як лутфи хос Раъно Бойқӯзиева.
  Баъди хӯроки шом Гулбаҳор Саидғаниева ба ҳамроҳонаш муддаояшро баён кард:
– Гап ҳамин, ки ману шумо дар пеш ду рӯзи истироҳат дорем ва онро пурмаҳсул сипарӣ хоҳем кард. Ҳамаамон ба яке аз хоҷагиҳои фермерӣ барои пахтачинӣ меравем. Баъди солҳои дароз дубора ҷавониамонро ба хотир меоварем ва ба пайколи пахтазор даромада, мусобиқакунон пахта мечинем.
– Фикри хуб, ман розӣ ҳастам. Гумон мекунам, ки  Дилорому  Юлдуз низ ин ташаббусро дастгирӣ мекунанд, – нигоҳашро ба сӯи он ду ҳамроҳони дигараш партофт Раъно Бойқӯзиева.
– Ҳамаи мо саворони як киштӣ ҳастем ва он киштӣ ин Ватани азизи мост. Магар дар чунин шабу рӯз мо дар канор буда метавонем? – ба саволи ӯ изҳор намуд Дилором Раҳимова. – Хоҷагиҳои фермерӣ яке аз паси дигар нақшаҳои пахтасупориро иҷро мекунанд ва мо онро дар телевизион пайваста нишон медиҳем. Дар ин кор саҳми аъзоёни гурӯҳҳои ихтиёрӣ низ хеле калон мебошад, – илова кард сармуҳаррири ширкати садову симои вилоят.
Ҳамин тавр, субҳи барвақт ронанда ҳар яки онҳоро аз хонаҳояшон гирифт. Мошин шаҳри Фарғонаро пас гузошта, тавассути роҳи калону ҳамвор ба самти саҳроҳои нопайдоканори ноҳияи Олтиариқ пеш мерафт. 
– Ба наздикӣ ба хоҷагии фермерии «Исмоил  Нозимобод»-и ноҳияи Олтиариқ Президент ташриф оварда буд. Дар ҷараёни ин ташриф сарвари давлат: «Фермер бояд ба ҳар як ниҳоли пахта «шумо» гуфта муроҷиат кунад ва онро хуб парвариш намояд. Ҳамаи тадбирҳои агротехникиро дар вақташ гузаронад» гуфта масъулияти роҳбарони хоҷагиҳои фермериро дучанд намуд, – ёдовар шуд Дилором Раҳимова.
Вай боз илова намуд, ки ин хоҷагии фермерӣ дар вилоят яке аз пешқадамон маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи сармуҳаррири садову симо сардори «Исмоил Нозимобод» Козимҷон Мадраҳимов шахси бомасъулият аст ва ҳамеша аз ӯҳдаи ваъдаҳояш мебарояд.
– Биёед, барои чидани пахта майдонҳои ҳамин хоҷагии фермериро интихоб мекунем – ба ҳамроҳонаш рӯй оварда гуфт Гулбаҳор Саидғаниева.
– Ғояи беҳтаринро пешниҳод кардед, Гулбаҳор. Бубинем канӣ, ин хоҷагӣ оё нақшаи имсолаи супурдани пахтаро дар сафи пешоҳангон иҷро мекарда бошад ё не, – суханони ҳамроҳашро тақвият дод Дилором Раҳимова.
Дар сари марзаи майдони ёздаҳгектараи пахта онҳоро яке аз деҳқонони хоҷагии фермерӣ  истиқбол гирифт ва баъди шунидани матлабашон нишон дод, ки аз куҷо бояд чидани пахтаро шурӯъ кунанд. Баъд илова кард, ки дар ҳамин лаҳзаҳо трактори тележкадор омада ин ҷо қарор мегирад ва ҳашарчиён метавонанд пахтаҳои чидаашонро дар тарозуи он баркашанд.
Чаҳор дугона пешдоманҳоро баста, яке аз паси дигар ба ҷӯякҳои пахта даромаданд ва якзайл машғули пахтачинӣ шуданд. Дастҳо пешу қафо чолокона ҳаракат мекарданд ва домани онҳо  оҳиста аз пахта пур мешуд.
Дарвоқеъ, пахта дар саросари майдонҳои ин хоҷагӣ саросар шукуфта буд. Маълум шуд, ки хоҷагӣ аллакай аз чинаки якум ба фатҳи марра наздик мерасад. Чунин менамуд, ки ба ҳар як кӯсаки ниҳоли ғӯза пахтаҳоро ҳамел карда часпонида бошанд. Не, ҳосили пахтаи имсола чунин пурбору бобаракат буд! Албатта, ҷои шубҳа низ набуд, ки бо чунин ҳосили пурбор хоҷагии фермерии «Исмоил Нозимобод» нақшаву ӯҳдадориҳои солонаро дар муддати кӯтоҳтарин иҷро хоҳад кард.
Дар шафати қаҳрамонони ин лавҳаи мо  як гурӯҳ занону духтарони дигар низ машғули ғунучини пахта буданд. Баъди гузаштани дақиқаҳо дар ҳар ҷо-ҳар ҷои ҷӯякҳои пахта ғарамчаҳои хурди пахта ҳосил мешуд. Ҳар сари  вақт чинакчиён пахтаҳои чидаашонро сари шона бардошта, ба назди тележка барои баркашидан меоварданд.  
Ин чаҳор нафар ба гурӯҳи занону духтарони  ихтиёрие пайваста буданд, ки таҳти роҳбарии раиси кумитаи занони вилоят Сайёра Алимова аз шаҳрҳои Фарғонаву Марғелон ва деҳаҳои атроф барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба ин хоҷагии фермерӣ ба сифати ҳашарчӣ омадаанд.
– Хоҷагии фермерии мо шаст гектар замин дорад. Дар сӣ гектари он ғалла киштем ва ҳосили баланд рӯёнида, онро ба хирмани давлат интиқол додем. Дар ёздаҳ гектар пахтаи навъи «Намангон-77»-ро киштаву парвариш намудем. Он тараф зироатҳои дигар низ коштаву парвариш мекунем. Дар айни ҳол ҳосилнокии ҳар гектар майдони пахта аз сиву се-сиву панҷ сентнерӣ мегузарад, – мегӯяд Козимҷон Мадраҳимов.
Ба таъкиди сарвари «Исмоил Нозиробод» боз каме талош варзанд, ба фатҳи марра мерасанд. Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки дар ҳамин шабонарӯз наздики наваду панҷ дарсади нақшаи шартномаи давлатиро иҷро кардаанд.
Ба назди чинакчиёни ихтиёрӣ бо тӯҳфаҳои гуногун омадани як гурӯҳ адибон ин фазоро завқи тоза ато намуд. Дар байни пахтазорон байни адибону чинакчиён мушоираи шеър низ авҷ гирифт ва он чинакчиёнро хеле рӯҳбаланд сохт.
– Ҳокими вилоят барои тақдири як гурӯҳ занону духтарон, ки аз зумраи чинакчиёни моҳир  мебошанд, мукофотҳои хоси худро таъсис додааст. Маблағи мукофотҳое, ки барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муқаррар шудааст, аз се то даҳ миллион сӯмиро ташкил менамояд. Чунин қадрдонӣ аз тадбирҳои хуби ҳокимияти вилоят буда, чинакчиёнро ба меҳнати фидокорона ҳидоят менамояд, – мегӯяд раиси кумитаи занҳои вилоят. 
Дар мусобиқаи ҳафтаи гузашта гурӯҳи чинакчиёни ихтиёрии ноҳияи Олтиариқ ғолибиятро ба даст даровард ва соҳиби даҳ миллион сӯм мукофот гардид. Раиси кумитаи занҳо афзуд, ки чинакчиёни алоҳида низ се-панҷ миллион сӯмӣ мукофотпулиро аз дасти узви Сенати Олий Маҷлис, ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев гирифтанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: