«МО САЪЮ КӮШИШИ РОҲБАРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОНРО ОИД БА ТАЪМИН КАРДАНИ СУЛҲУ РИЗОИЯТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ»

Дар ин рӯзҳо аз хориҷ ба нишонии халқи мо аз номи дӯстони Ӯзбекистон муборакбодиҳои сершумори солинавӣ мерасанд.

Яке аз онҳоро директори генералии нашри «Diplomatic World» Барбара Дитрих ирсол намудааст.
– Ман ба қарибӣ аз Ӯзбекистон, ки дар он ҷо ба сифати нозири байналхалқӣ дар интихоботи парлумонӣ иштирок кардам, баргаштам, – гуфт ӯ. – Мо аз некбинии интихобкунандагон ва умеди калони онҳо дар интихобот ба ваҷд омадем. Мушоҳида намудани ин ҷараён бароям ниҳоят гуворо буд.
Таъкид кардан мехостам, ки интихоботи парлумонӣ дар Ӯзбекистон дар сатҳи баланд гузашт. Ба фикри ман, барои аз ҷониби нозирон беғаразона амалӣ намудани мониторинги мустақил тамоми шароит фароҳам оварда шуданд.
Мо саъю кӯшиши роҳбарияти Ӯзбекистонро оид ба таъмин кардани сулҳу ризоият дар Осиёи Марказӣ, ки сиёсати он ҳамчун мувозинати байни давлатҳои бузург хидмат мекунад, дастгирӣ менамоем. 
Кас ҳар дафъаи ба Ӯзбекистон ташриф овардан шоҳиди раванди навсозӣ ва пешрафт мегардад. Ин дафъа низ ман биноҳои зиёди замонавии нав, марказҳои тиҷоратӣ, мавзеъҳои истиқоматиро дидам. Аз он боварӣ дорам, ки бо чунин суръати тараққиёт Тошканд дар солҳои наздик аз рӯихати шаҳрҳои инфрасохтораш зебову ҷолиб ҷойи фахриро соҳиб хоҳад шуд.
Дар рафти сафар мо бо Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, инчунин, факултаи табъу нашри Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон дар соҳаи масъулияти ВАО дар таъмин кардани олами глобалӣ ва рушди устувор муоҳида имзо кардем.
Мо ғояву арзишҳое, мисли некбинии иҷтимоӣ, омодагӣ ба бунёди ояндаи беҳтарин барои авлоди имрӯза ва оянда, меҳрубониву сулҳхоҳии дохилӣ, робитаи самимии илҳомбахшанда ва мубодилаи таҷриба, дарк намудани зарурати рушди маданӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои муштарак дорем.
Ба халқи Ӯзбекистон Соли нави осуда, ки аз комёбиҳо, эҷод,  сиҳатии мустаҳкам ва рӯҳи олиҳимматӣ ғанӣ бошанд, таманно дорам. Бигузор, соли оянда аз воқеаву чорабиниҳои шавқовар ғанӣ бошад. Ба ҳар як оилаи мамлакат фаровонӣ, сиҳатии мустаҳкам ва беҳбудӣ таманно дорам.

АА «Дунё»
БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: