МО ШИРИ ХОМХӮРДАЕМ

Барои инсони ҳақиқӣ шудан қавииродагӣ, ростқавлӣ, ташаббускорӣ, накӯкорӣ, хоксорӣ, хайрхоҳӣ барин хислатҳои нек заруранд.

Барои инсони ҳақиқӣ шудан қавииродагӣ, ростқавлӣ, ташаббускорӣ, накӯкорӣ, хоксорӣ, хайрхоҳӣ барин хислатҳои нек заруранд.
Вале оё мо соҳиби ин гуна хислатҳои хуб ҳастем? Инро ҳаёт нишон медиҳад. 
Дар ин навишта ман воқеаҳои бо чашми худ дидаро нақл мекунам. 
Мансабдореро медонам, ки борҳо аз мансаб сабукдӯш шуда, бо ҳар гуна роҳҳо ба роҳбарони нави ноҳия писанд меояду боз соҳиби мансаб мегардад. Чун аз мансаб фарояду бекор монад, ба ҳамсинфону ҳамсолон ва ҳаммаҳаллаҳояш наздик мешавад. Соҳибмансаб, ки шуд, боз аз онҳо дур мешавад, ҳатто ба маъракаҳои шодиву маросимҳои таъзияашон ҳам намеравад. Саҳар ба кор мешитобаду шом бармегардад... 
Нафареро медонам, ки солҳои дароз бо хоҳарону хоҳарзодаҳои худ қаҳрӣ буд, ҳатто дар лаҳзаҳои вопасини умри хоҳаронаш ҳам, аз онҳо хабар нагирифт. Ҳоло пири барҷомонда бошад ҳам, бо ҷиянҳояш қаҳрист. Аммо бо хешони зан рафтуомади хуб дорад...
Бинобар фарзи мусулмонӣ намози бомдодро то қадри имкон дар масҷид бо ҷамоа мехонам, баъзан пешин ҳам дар он ҷо бо ҷамоа ибодат мекунам, дар давоми якчанд сол ҳаминро мушоҳида кардам, ки ба масҷид се навъ одамон мерафтаанд: аввалан, тақводорони мӯъмину худотарс, ки аз таҳти дил тоату ибодат мекунанд. Дуюм, одамоне, ки дар ҷавонӣ, миёнсолӣ ба ҳар хел кору амалҳо машғул буданду имрӯз барои шустани гуноҳҳои худ ибодат менамоянд. Сеюм, намоишкороне, ки барои обрӯву эътибор гирифтан, сарвати худро намоиш додан ба масҷид мераванд.
Дигар қазоват аз шумо, рӯзномахонони азиз.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст,
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: